Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус калисоҳоро холӣ кард, Трамп аз пешрафт сухан гуфт


Калисои камодаме дар Булғористон.
Калисои камодаме дар Булғористон.

Густариши вируси нав дар ҷаҳон ва маҳдуд кардани равуо барои пешгирӣ аз сирояти он имсол сабаб шуд, насрониён Иди Фусҳоро аксаран дар хона таҷлил кунанд.

Баръакси солҳои пешин, имсол калисоҳо холӣ буданд ва Попи Рум Франсис ниёиши идонаашро, ки 80 ҳазор нафар барои шунидани он дар Ватикан ҷамъ меомаданд, лағв кард. Ибодат ва мавъизаи пешвои католикҳои ҷаҳон дар рӯзи 12-умт апрел аз китобхонаи алоҳидааш дар Ватикан имсол мустақим нашр мешавад.

Мақомот дар бисёре аз кишварҳо аз мардум хостаанд, ки барои таҷлили Иди Фусҳо берун наоянд ва ҳамдигарро ба воситаи иртиботи видеоӣ табрик бигӯянд. Мақомот гуфтаанд, дар сурати риоят накардани муқаррароти карантину нигаҳ надоштани фосила аз ҳамдигар ва ширкат дар маросимҳои динӣ мумкин аст, коронавируси нав ҳарчӣ бештар паҳн шавад. Ин вирус, ки бемории КОВИД-19, як бемории шабеҳи илтиҳоб шуш бармеангезад, ба гуфтаи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико то рӯзи 12-уми апрел бештар аз 20 600 нафарро дар Амрико кушта ва ба тақрибан 530 ҳазор кас сироят кардааст.

Бештар аз 181 ҳазор бемор фақат дар аёлати Ню Йорк сабт шудаанд, ки назар ба ҳар аёлати дигари Амрико зиёдтар аст. КОВИД-19 дар ин аёлат ҷони 8600 нафарро гирифтааст. 6400 нафари онҳо аз шаҳри Ню Йорк ҳастанд. Талафот аз беморӣ дар саросари ҷаҳон ба марзи 110 ҳазор нафар наздик шуд ва теъдоди гирифторон аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар ҳам гузашт. https://coronavirus.jhu.edu/map.html

Рақамҳое, ки воқеиятро нишон намедиҳанд

Айни замон гуфта мешавад, ки омори мазкур миқёси воқеии беморӣ ва талафот дар ҷаҳонро нишон намедиҳад ва мумкин аст, аз ин ҳам зиёд бошад. Шеваҳои гуногуни сабти беморӣ ва талафот, озмоишҳои нокофӣ ва пинҳон кардани маълумот аз тарафи баъзе аз кишварҳоро сабабҳои паст будани омори ҷамъоварда дар бораи беморӣ медонанд. Итолиё, Испониё Фаронса ва Бритониё ҳамчунон аз марги садҳо нафар дар як рӯз гузориш медиҳанд. Дар Итолиё то рӯзи 12-уми апрел 19468, дар Испониё 16 606 ва дар Фаронса 13851 нафар ҷон додаанд. Дар Бритониё фақат дар рӯзи 11-уми апрел 917 нафар ҳалок шудаанд ва то субҳи 12-уми апрел ин кишвар 9892 касро талаф додааст.

Бо кундтар шудани суръати густариш дар баъзе аз кишварҳо, маҳдудиятҳои кор ва ё равуоро сабуктар кардаанд. Дар Эрон рӯзи 11-уми апрел ба қаннодону нонвойхонаҳо иҷоза додаанд, ки дарҳояшонро боз кунанд. Дар пойтахт шаҳри Теҳрон ба гуфтаи мақомот, ин навъи фаъолият аз рӯзи 18-уми апрел иҷоза дода мешавад. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки теъдоди гирифторон то рӯзи 11-уми апрел 70 ҳазор нафарро ташкил медод ва талафот аз КОВИД-19 ба 4357 нафар расидааст. Бисёре аз эрониён ва мутахассисони байналмилалӣ мегӯянд, ки ҳукумат омори воқеиро пинҳон мекунад.

Дар Амрико раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, маргумир аз беморӣ “бисёр ваҳшатнок” аст, вале айни замон дар суст кардани суръати густариш пешрафт ба даст омадааст. Ӯ гуфт, то рӯзи 14-уми апрел гурӯҳи кориеро таъсис медиҳад, ки масъалаи аз сар гирифтани кори корхонаҳоро баррасӣ намояд. Мутахассисон гуфтаанд, ки дар сурати сабук кардани муқаррароти гаштугузор ва шуруи дубораи кор ба наздикӣ мумкин аст, беморӣ дигарбора хуруҷ кунад.

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то кунун ягон мавриди сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG