Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги беш аз 100 000 нафар бар асари олудагӣ ба коронавирус дар ҷаҳон


Шумори қурбониёни бемории ҳамагири КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 100 ҳазор нафар бештар шуд.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, рӯзи 11-уми апрел теъдоди фавтидагон аз марзи 102 ҳазор нафар фаротар рафт.

Беш аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин беморӣ мубталоянд. Зиёда аз 370 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Итолиё беш аз 18 800, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 18 700 ва Испания беш аз 16 ҳазор қурбонӣ додаанд.

Дар Амрико сирояти беш аз ним миллион нафар ба коронавирус тасдиқ шуд.

Бовар меравад, рақами воқеии гирифторон ва фавтидагон аз метавонад аз оморҳои расмӣ бештар бошад. Фарқ дар тарзи шумориш, санҷишҳои маҳдуд ва пинҳонкории баъзе аз кишварҳо ба ин сабаб шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирусро ошкор накардаанд, аммо аз аввали феврал то ин дам беш аз 7 ҳазор нафарро таҳти карантин гирифтанд. Аксари ин афрод аз хориҷа омадаанд.

XS
SM
MD
LG