Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро пул ва бозореро дар марзи Тоҷикистон ҳашт сол боз ба истифода намедиҳанд? ВИДЕО


Пули Шӯрообод-Хоҳон

Мақомоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки бозори наздимарзӣ ва пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ин ноҳия расман кай боз мешавад.

Ин пул 180 метр дарозӣ дорад ва бо кӯмаки молии Олмон бо маблағи 3 миллиону 100 ҳазор доллар 8 соли пеш сохта шудааст. Қарор буд, дар назди ин пул бозори муштараки марзӣ низ фаъол шавад.

Мақомоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз он нигаронанд, ки бозори сохташуда дар деҳаи Шоҳони ноҳия, ки дар рӯ ба рӯи ноҳияи Хоҳони Афғонистон қарор дорад, бинобар истифода нашудан хароб мешавад.

Навор дар бораи сохтани пул ва бозорҳои наздимарзиро ин ҷо бубинед

Ҳаштумин пуле, Тоҷикистонро бо Афғонистон васл мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Почохон Зарифзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар як нишасти хабарӣ рӯзи 27-уми июл гуфт, талоши зиёде барои боз шудани бозори наздимарзӣ ба харҷ додаанд, вале то ҳол натиҷае нест.

Ӯ гуфт, санаи боз шудани бозори наздимарзиро ҳукумати марказӣ дақиқ мекунад.

Ҳарчанд, ҳоло бинобар пешгирӣ аз коронавирус марзҳо баста аст, вале сокинон ва мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин умедворанд, ки пас аз беҳ шудани вазъ бозор фаъол мешавад.

“Пайваста барои оғози кори бозор мо талошамонро карда истодаем. Ҳоло ҳамон бозори сарҳадие, ки вуҷуд дорад, агар ҳамин тариқ рафтан гирад, солҳои оянда аз истифода мебарояд. Ташвиши мо ҳам ҳамин аст”,--гуфт Почохон Зарифзода.

Сохтмони пул ва бозори наздимарзӣ дар деҳаи Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин моҳи ноябри соли 2011 оғоз шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Шоҳкарим Оғохони IV иштирок доштанд. Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон бо маблағгузории Олмон ин пулро сохтааст.

Сохтмони ин пул ва бозор баъди се сол анҷом ёфт. Қарор буд, соли 2014 расман ба истифода дода шавад, аммо бозшавии ин пул ва бозор аз ҳамон сол то ҳол расман ба фаъолият шурӯъ накардааст.

Мақомот ҳанӯз сабаби расман боз нашудани пул ва бозорро шарҳ надодаанд.

Моҳи июли соли 2017 мудири кулли Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Стефано Мансервиси замони боздидаш аз пули аллакай бунёдшуда ва бозори байнимарзӣ гуфт, ки мақомот ба онҳо ваъда доданд, ки моҳи августи ҳамон сол пул ва бозор ба истифода дода мешавад. Вале аз ин ваъда низ се сол сипарӣ шуд.

Бо вуҷуде, ки пул расман ифтитоҳ нашудааст, сокинон Хоҳони Афғонистон, ки аз минтақаҳои дурдасту дар муҳосира қарордоштаи Афғонистон аст, дар ҳолатҳои зарурӣ аз он истифода мекунанд. Бештар аз тариқи ин пул беморонро аз он сӯи марз барои табобат ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин меоранд.

Ин панҷумин пули иртиботӣ дар фарози рӯди Панҷ аст, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи Бадахшон бо ҳам мепайвандад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG