Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаштумин пуле, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад. ВИДЕО


Пул миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳаммарз бо вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон.

Тоҷикистон ва Афғонистонро як пули нав ва бозори наздимарзӣ ба ҳам пайваст хоҳад кард. Ин ҳаштумин пуле хоҳад буд, ки байни ду кишвари ҳаммарз бунёд мешавад. Иттиҳодияи Аврупо ахиран дар мувофиқа бо ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон, тарҳи бунёди пули наверо дар ноҳияи Фархор рӯи даст гирифт.

Тарҳи бунёди пул байни минтақаи Кокули Фархори Тоҷикистон бо Ойхоними вилояти Таҳори Афғонистон, аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Будҷаи ин тарҳ 16 миллион евроро ташкил хоҳад кард ва созишнома дар ин бора рӯзи 12-уми июл, зимни сафари як ҳайати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагии Хазинаи Оғохон, дар минтақаи наздимарзии Шоҳони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин имзо шуд. Тибқи ин лоиҳа, 18 километр роҳ дар Фархор таъмир ва пуле бо дарозии 180 метр бунёд хоҳад шуд. Ин пул тавони бардошти 60 тонна борро дорад. Тарҳи бунёди пул байни минтақаи Кокули Фархори Тоҷикистон бо Ойхоними вилояти Таҳори Афғонистон, аз сӯи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Мудири кулли Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмиллалӣ Стефано Мансервиси рӯзи 12-уми июл баъд аз боздидаш аз пули аллакай бунёдшуда ва бозори байнимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд таҷрибаи кишварҳои Аврупо, ки барои равуои мардумаш марзу маҳдудияте мавҷуд нест, дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шавад.

Ӯ гуфт, зарур аст, то мардуми ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистону Афғонистон бо ҳам наздик шавад: “Мо ният дорем, ки дар оянда сармоягузорӣ дар чунин тарҳҳоро бештар кунем, ки ин барои иртиботи миёни мардум ва коҳиш додани шиддати раликализм ва экстремизм мусоидат мекунад. Аз ҳама муҳим, таъмини амният ва беҳтар кардани зиндагии мардуми ду ҷониби марз аст”.

Стефани Мансервисӣ гуфт, зимни мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷрибаи кишварҳои Аврупо сӯҳбат хоҳад кард.

Дар шафати пули байнимарзӣ дар Фархор, бозори наздимарзии умдафурушӣ ҳам бунёд хоҳад шуд. Дар ин бозор молу маводи чакана аз Афғонистон пешниҳоди харидорон мешавад. Оғози тарҳи ҷадиди пул барои пайвастани мардумони ду кишвар дар ҳолест, ки пул ва бозори дигари наздимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон аллакай 2 сол боз омода аст.

Қарор аст ин пул ва ҳам бозори наздимарзӣ моҳи август расман ифтитоҳ шавад, аммо мардуми шаҳристони Хоҳони Афғонистон, ки аз минтақаҳои дурдасту дар муҳосира қарордоштаи Афғонистон аст, мегӯянд, дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин пул истифода мекунанд ва он бисёре аз мушкилоти зиндагии онҳоро осон кардааст.

Муҳаммадғуфрони Закӣ, раҳбари вулусволи Хоҳони Афғонистон гуфт, ки онҳо аз ин пул ба вижа барои интиқоли беморон махсусан занони ҳомила барои ҷарроҳӣ ба беморхонаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин интиқоли молу маҳсулот ба ин минтақа истифода мекунанд.

"Хоҳон дар ҳудуди 26 ҳазор ҷамъият дорад. Сохтмони ин пул аз ҷониби кишвари Олмон на танҳо мушкилоти ҷониби Тоҷикистон, балки тамоми ниёзҳои ибтидоӣ ва аввалияи марбут ба шаҳристони Хоҳонро тавониста ҳал букунад ва ин як гоми мусбат дар рафъи чолишҳои кӯтоҳмуддати минтақа аст. Аз ҳама муҳим, ин пул барои васли миллатҳову мардумони ду кишвар метавонад нақши муҳиме дошта бошад",-гуфт Муҳаммадғуфрони Закӣ.

Сокинон ва тоҷирони наздимарзии ҷониби Тоҷикистон ҳам аз ин пул дар деҳаи Шоҳон умеди зиёд доранд. Онҳо мехоҳанд дар ин бозори наздимарзӣ молу маҳсулоти кишоварзӣ ва омодакардаи худро пешниҳод кунанд. Самандар, тоҷире дар деҳаи Шоҳони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯяд, онҳо бо таваҷҷӯҳ ба маводи мавриди ниёзи сокинони Афғонистон ба бозор молу маҳсулот ворид хоҳанд кард. Ӯ гуфт, “барои мисол дар баробари маҳсулоти ниёзи аввал, онҳо ҳамчунин ба масолеҳи сохтмонӣ ҳам зарурат доранд ва мо метавонем чунин маҳсулотро ба бозор ворид кунем.”

Дар бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қарор аст, кори дасти занон ҳам пешниҳоди харидорон шавад. Қирғизмоҳ Самадова, сокини минтақаи наздимарзии Шоҳон, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯяд, занон дар ин минтақа, корхонаҳои дӯзандагӣ ва консервасозӣ доранд ва метавонанд маҳсулоти консервашуда ё сару либосро ба фурӯш гузоранду бо ин зиндагии худро дар ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон беҳбуд бахшанд.

“Дар ҷамоати мо корхонаи хурди коркарди меваву сабзавот нав ба истифода дода шуд, ки дар он 16 нафар занони деҳот кор мекунанд, 3 нафар ба кори доимӣ ва 13 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб шудаанд. Аз ин баъд меваву сабзавоте ки солҳои гузашта талаф мешуд, ҳоло онҳоро консерваву афшурда карда, ба савдо барорем:”

Аммо намояндагони ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар ин мулоқот дар назди пули байнимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба мардум ва масъулини ду кишвар таъкид карданд, ки пул на танҳо бояд бо ҳадафи тиҷорӣ истифода шавад, балки мардум бояд аз ин имконият барои соҳибмаълумот кардани фарзандони худ ва беҳдошт ҳам хуб истифода баранд. Сокинони минтақаи Хоҳони Афғонистон, ки роҳи хубу бевоситае ба шаҳрҳои калонтари кишварашон чун Кобулу Қундуз надоранд, мегӯянд, дар воқеъ дар масъалаи фарогирии наврасону ҷавонон ба мактабу донишгоҳ, ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Пул рӯи рудхонаи Панҷ ва бозори наздимарзӣ дар Шоҳони Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки рушди Олмон ва Бунёди Оғохон бунёд шудааст. Бунёди пули дигар дар минтақаи Кокули Фархор бо маблағгузории Иттиҳодияи Аврупо, 8-умин пул рӯи рудхонаи Панҷ хоҳад буд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистонро пайванд хоҳад кард. Бузургтарин пули байнимарзӣ дар Панҷи Поён аст, ки бо маблағгузории Амрико бунёд шудааст.

Ҳоло аксар сокинони минтақаҳои назди марзӣ махсусан ҷониби Афғонистон орзу дорад, ки рӯзе барои гузаштан аз марзи ин ду кишвар маҳдудиятҳо, аз ҷумла пурсидани гузарнома аз байн бардошта шавад ва равуои мардуми ду минтақа мисли кишварҳои Аврупо озод гардад.

Намунаи муваффақи фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ ва ҳам убури шаҳрвандони Афғонистон бо ҳадафи тиҷорат аз марзи муштарак дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз қабл амал мекунад. Дар Бадахшон дар давоми солҳои 2000-ум бо сохта шудани пулҳои иртиботии миёни ду кишвар, се бозори марзӣ ҳам фаъол шуд.

Маъмулан шанбеи ҳар ҳафта 300 то 400 тоҷири афғон бо иҷозатномаву гузарномаи махсус ва саҷиши молашон аз ин пулҳо убур карда, вориди бозори Тоҷикистон мешаванд ва дар бозори муштарак моли худро ба фурӯш мегузоранд. Фаъолияти бозорро ниҳодҳои ҳифзи қонун назорат мекунанд.

Бо сабаби ноамниҳо ва ишғоли қаламравҳои марзии Афғонистон аз ҷониби Толибон дар соли 2016, муддате кори бозори муштарак ҳам камранг шуд. Вале ҷонибдорони бунёди бозорҳои наздимарзӣ бовар доранд, ки бо афзоиши имкони тиҷорату кор барои сокинони ҳарду ду ҷониби марз, эҳтимолан шиддати ноамнӣ ҳам поин меравад ва имкони кору даромади мардум, ки аксаран бекор мебошанд, дар ташвиқи кору даромад, мусоидат мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG