Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар паёми худ чӣ гуфт ва чӣ нагуфт? ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон аз низоми маориф интиқод кард, вале аз дигар мушкили мардум нагуфт.
Эмомалӣ Раҳмон аз низоми маориф интиқод кард, вале аз дигар мушкили мардум нагуфт.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон дар бораи фаъолиятҳои гузашта ва ояндаи ҳукумат суҳбат кард.

Дар ин паём, ки ду соату 45 дақиқа идома кард ва тариқи ҳама шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ пахш шуд, оқои Раҳмон дар баробари тавсиф аз дастовардҳои 30 соли ахир, аз бахшҳое ба монанди маориф, бонкдорӣ, тандурустӣ ва саноат интиқод кард. Дар пайи танқидҳои ӯ, ба назари коршиносон, камбудҳо на ҳамеша ҳалли худро меёбанд ва мегӯянд, ҳарфҳое, ки зарур буд, бигӯяд, нагуфт.

“Худамонро фиреб мекунем”

Бархе коршиносон мегӯянд, интизори баррасии масъалаҳои мубраме, ба монанди мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ, нақзи ҳуқуқи инсон буданд, ки аз забони раиси ҷумҳур садо надод. Ба қавли Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, раиси ҷумҳур дар паёми солонааш, нишондодҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаро ба 30 соли гузашта муқоиса мекунад, ки ба назари ӯ, ин гуна муқоиса намудан баҳснок ва аз як ҷиҳат намоишӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш аз низоми маорифи кишвар ба шиддат интиқод кард ва гуфт, ки дар маҷмӯъ бахши маорифи кишвар ба дигаргуниҳо ниёз дорад.

"Барномаҳо кӯҳна аст, конспектҳо кӯҳна аст, аксари омӯзгорони мо системаҳои нави кор кардан бо донишомӯзонро намедонанд, мо худамон худамонр фиреб мекунем, фақат диплом, коғаз медиҳем, реформа кардан лозим",--афзуд оқои Раҳмон.

Вай дар ин замина пешниҳод кард, бояд коре кард, ки баъди 10 сол танҳо касоне аъзои ҳукумат ва хизматчии давлатӣ бошанд, ки ду забони хориҷиро мисли забони модариашон медонанд.

Президенти Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханронии худ ба камбуди мутахассисони тиб дар бемористон ишора карда ва гуфт, ки дар 30 соли ахир 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода шудааст, аммо имрӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар мутахассис намерасад.

Вай ҳамчунин аз хизматчиёни давлатӣ интиқод кард, ки барои табобат ба хориҷ мераванд ва ба мутахассисони дохилӣ эътимод надоранд. "Аъзои ҳукумат сараш дард кунад, ба хориҷа мераванд, эътиқод ба мутахассисони худ надорем",--афзуд ӯ.

Видеро инҷо тамошо кунед:

Эмомалӣ Раҳмон: "Аъзои ҳукумат сараш дард кунад, ба хориҷа мераванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Муҳоҷирати табибон ба хориҷ тақрибан баробар бо муҳоҷирати кории шаҳрвандони дигар шурӯъ шуд ва ҳоло низ идома дорад. Коршиносони умури тиб мегӯянд, хуруҷи бахши бузурги табибон соҳаи беҳдоштро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати табибон омори дақиқа надоранд. Аммо гуфта мешавад, ки ҳазорон табиби ҳирфаӣ берун аз кишвар фаъолият доранд.

Рақами баҳсбарангез дар сухани президент кадом буд?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ аз афзоиши ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои гуногун хабар дод. Вай аз ҷумла гуфт, ки сар аз январи соли оянда музди меҳнати низомиёни тоҷик 25 дарсад боло бурда мешавад.

Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз аввали июни соли оянда маоши кормандони бахши маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва будҷавӣ, стипендияи донишҷӯён 20 дарсад боло бурда шавад. Ҳамин тавр андозаи нафақаи ятими кулл 25 дарсад ва музди ҳадди ақал 50 фоиз зиёд карда мешавад. Оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки андозаи ҳаҷми ақали маош дар кишвар 600 сомонӣ муқаррар карда шавад. Айни ҳол дар кишвар маоши ҳадди ақал ҳудуди 400 сомонӣ ва маоши миёна каме бештар аз 1300 сомонӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар музди миёнаи маош 87 баробар афзоиш ёфтааст.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик дар вокуниш ба паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд раисиҷумҳур аз афзоши маош хабар дод, вале дар баробари ин масъалаи таваррум ва болоравии нархҳо гуфта нашуд.

"Дар қисми дастовардҳо рақамҳо асосан байни 30 соли пеш ва ҳолати имрӯз муқоиса мешуд, ки инро як ҷузъи политехнологияҳои имрӯза мегӯянд, ба хотири нишон додани муваффақиятҳои хеле бузург. 87 маротиаб боло рафтани маош ё даромади мардум, ки дар ин паём зикр шуд, рақаме аст, ки каме баҳсбаранез аст, ба гумони ман таҳиякунандагони ин паём бе назардошти сатҳи таваррум ин рақамро оваранд, ки як намуди хеле баланд нишон додани рушди Тоҷикистон дар замони истиқоият мебшад, ин рақам аз арқоми созмонҳои байналмилали хеле фарқ мекунад",--афзуд, Абдумалиук Қодиров.

“Паём хусусияти хос дошт”

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ҳамчунин гуфт, ки дар солҳои истиқлол 75 дарсади тамоми системаи энержии кишвар кишвар бозсозӣ шуд, ҳудуди 287 нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёд шуд. Вай афзуд, ки дар даҳ соли гузашта системаи ягонаи энержӣ ба миён оварда шуд ва 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ба ин соҳа ҷалб гашт. Суҳбати раисиҷумҳур аз рушди соҳаи энержӣ дар ҳолест, ки ин шабу рӯз дар бархе минтақаҳои кишвар қатъи нерӯи барқ идома дорад. Мақомот ҳамвора маҳдудият дар барқрасониро ба корҳои "профилатктикӣ" рабт медиҳанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон солҳои 2022-2026-ро "Солҳои рушди саноат" эълон кард.

"Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад"--гуфт, ӯ.

“Дар бораи Хоруғ чизе нагуфт”

Абдулло Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, паёми имсолаи раиси ҷумҳур дар муқоиса ба паёмҳои гузашта хусусияти хосе дошт. "Дар бахши аввали он 30 соли дастовардҳои давраи истиқлолият ба кулли ҷамъбаст карда шуд. Дар бахшҳои гуногун ва дар нимаи дуввуми паём, ки қисми бештари онро ташкил кард, як назаре ба дурнамои рушди кишвар дода шуд, яъне агар аз назари худи фалсафаи ироаи паём дар ҳамин соли 30 солагии истиқлолият гирем, ин як паёми ҳам ҳисоботӣ, ҳам дурнамо буд, яъне барои ҳамин мегӯем, паёми марҳилавӣ буд",--гуфт, Абдулло Раҳнамо. Ӯ афзуд, ки дар паём як руҳияи интиқодӣ буд, нигоҳҳои интиқодии президент ба кори идораҳои давлатӣ садо дод.

Коршинос Абдумалики Қодир бар ин назар аст, ки баъзе мавзӯҳои муҳиме буд, ки дар ин паём гуфта нашуданд. "Масалан дар пай ҳаводиси Хоруғ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон ё дар пасманзари ҳодисаҳои дар марз бо Қирғизистон, тавре дидем, чӣ гуна ҷангҳои иттилоотӣ буд, чизе гуфта нашуд",--таъкид кард, Абдумалик Қодиров.

Маъмулан, президенти Тоҷикистон дар паёми худ аз муввафақиятҳо суҳбат мекунад ва хеле кам дар бораи камбудии кори ҳукумат изҳори назар мекунад.

Мухолифон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гоҳ дар паёми худ дар бораи мушкили муҳоҷирони тоҷик ва нарх дар бозорҳову маҳдудияти озодии баён ва маҳдудиятҳои динӣ ишора намекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 18 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, маъмулан баъди паём дар сохторҳои давлатӣ баъзе тағйироти кадрӣ сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.​

XS
SM
MD
LG