Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Абдуҷабборзода карантин шудаанд, вале мактабҳо бозанд. САДО


Маҳаллае, ки хонаи Ҷалолиддин Абдуҷабборзода дар онҷо воқеъст
Маҳаллае, ки хонаи Ҷалолиддин Абдуҷабборзода дар онҷо воқеъст

Наздикони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода (Пиров), сардори шуъбаи назорати милиса дар Додситонии шаҳри Душанбе, ки ба гуфтаи мақомот аз илтиҳоби шуш ва зуком фавтид, ба карантин гирифта шудаанд.

Фавти ногаҳонии додситони ҷавон, ки ба гуфтаи дӯстону наздиконаш "сиҳату хуб" буд ва дафни шитобкоронаи ӯ дар рӯзи 19-уми апрел боис ба шубҳаву гумонҳо дар бораи эҳтимоли сирояти коронавирус шуд.

Маҳаллаи "ДОК"-и пойтахт, ки хонаи Ҷалолиддин Абдуҷабборзода (Пиров) дар ҷо воқеъ аст, рӯзи 20-уми апрел ба назар ором менамуд. Дар атроф шахсоне, ки ниқобҳои тиббӣ доранд, чандон зиёд набуданд. Ду мактаби миёна дар наздикии он низ ба таври маъмулӣ фаъолият доштанд.

Наздикони додситони фавтидаро ба карантин гирифтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
Линки мустақим

Дарвозаи манзили Ҷалолиддин Абдуҷабборзода баста буд. Ҳамсояаш ба пешвози мо баромада, барои хондани дуо ба назди масҷиди маҳалла даъват кард. Ҳамаи онҳое, ки барои гиромидошти шахси фавтида меомаданд, ба ин ҷо даъват мешуданд, на ба манзили хонаводагии ӯ.

Абдуҷабборзода субҳи 19-уми апрел фавтид. Зуҳри 20-уми апрел сарусадо паҳн шуд, ки ду мактаби миёна дар ин маҳалла карантин шуда, мақомоти ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар мулоқот бо сокинони маҳалла машварат додаанд, як муддат бе зарурат аз хонаҳояшон ба берун набароянд.

Қутбиддин Муҳиддинов, сардори раёсати мактабҳои миёна дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ягон мактаб дар кишвар ба ҳолати карантин оварда нашудааст. "Ин кор танҳо бо дархости Ситоди пешгирӣ аз бемории коронавирус дар Тоҷикистон имконпазир мешавад", - афзуд ӯ.

Дар маҳаллаи "ДОК"-и шаҳри Душанбе мактабҳои миёнаи рақами 31 ва 36 воқеъ аст ва мушоҳида шуд, ки дар ҳарду муассисаи омӯзишӣ дарсҳо ҷараён доранд ва хонандаҳо машғули таҳсил буданд.

Акс аз 20-уми апрели 2020
Акс аз 20-уми апрели 2020

Дар суҳбат бо сокинони маҳалла пурсидем, ки наздикони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода (Пиров), корманди Додситонии шаҳри Душанбе дар чӣ ҳоланд. Ба гуфтаи сокинон, хешовандони марҳум дар яке аз бемористонҳо ба карантин гирифта шудаанд ва саломатии ҳамсари Ҷалолиддин Абдуҷабборзода "хуб аст".

Вале, ба гуфтаи онҳо, вазъи саломатии яке аз додарони корманди фавтидаи додситонӣ, ки ахиран аз хориҷи кишвар баргаштааст, "вазнин будааст". Мақомот ҳанӯз ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, "ба хотири чораҳои эҳтиётӣ айни замон тамоми пайвандони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода (Пиров) ба карантин фаро гирифта шуда, вазъи саломатии онҳо хуб мебошад."

Дар ҳамин ҳол, бархе аз манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё сару садоҳо аз сафари Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ба хориҷ аз кишвар воқеият дорад, посухи рад доданд.

Ба қавли онҳо, сафари хориҷии кормандони додситонӣ дар Тоҷикистон танҳо бо иҷозаи мақомоти баландпоя имконпазир аст.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи онҳо, тақрибан дар як моҳи ахир Тоҷикистон марзҳояшро бастааст ва ҳеч кас наметавонад ба хориҷа сафар кунад ё аз он ҷо баргардад.

Фавти ногаҳонии яке аз кормандони ҷавони додситонии шаҳри Душанбе, ки ҳафтае пеш бемори бистарӣ шудааст, хешовандон ва дӯстони ӯро ҳайратзада кард.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки дар маросими ҷаноза ширкат доштааст, гуфт: "Аз эҳтиёт касе рӯи тобутро накушод. Тобутро бо мошини Ёрии таъҷилӣ ба хона оварданд ва бо ҳамон то гӯристон бурданд".

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел дар баёяние гуфт: “Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар ӯ ҳеч нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд".

Вазорат мегӯяд, беморро пеш аз ҳама барои маълум кардани коронавируси нав ташхис карданд, вале натиҷаҳои озмоиш нишон додааст, ки ӯ ба бемории КОВИД-19 мубтало нест. Cардори шӯъбаи назорати милиса дар додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми апрел бемор шудааст ва дар ин муддат ӯро аз як шифохона ба шифохонаи дигар бурдаанд.

Мақомот мегӯянд, дар кишвар ягон мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтааст, пизишкон дар Тоҷикистон беш аз 2300 дафъа ташхиси коронавирус гирифтанд, аммо ягон мавриди гирифтории сокинон ба ин беморӣ тасдиқ нашуд.

Ин дар ҳолест, ки марги пайиҳами чанд нафар аз бемории илтиҳоби шуш дар ҳафтаҳои ахир шубҳаву гумонҳоро дар бораи баёнияҳои мақомоти расмӣ афзудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар суханронии ахири худ дар ҳузури аъзои Маҷлиси миллӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ карда, машварат дод, ки афроди бузургтар аз 65-сола бе зарурат ба кӯча набароянд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG