Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини пешини раиси порлумони Тоҷикистон бистарӣ шудааст


Хайриннисо Юсуфӣ дар гузашта дар мансаби раиси Кумитаи занон ва муовини раиси вилояти Суғд ҳам кор кардааст
Хайриннисо Юсуфӣ дар гузашта дар мансаби раиси Кумитаи занон ва муовини раиси вилояти Суғд ҳам кор кардааст

Хайриннисо Юсуфӣ, муовини пешини раиси порлумон ва ҳоло муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва духтараш дар бемористони сироятии Душанбе бистарӣ карда шудаанд.

Пизишкон мегӯянд, Хайриннисо Юсуфӣ баъди баланд шудани ҳарорати духтараш ба бемористон интиқол ёфт.

Хуршед Ҳабибов, сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми апрел гуфт, Юсуфиро барои эҳтиёт бистарӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии муовини раиси ҲХДТ муътадил аст ва ӯ бо духтараш зери назорати табибон қарор доранд.

Феълан тамоси мустақим бо Хайриннисо Юсуфӣ имконпазир нест ва масъулони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ низ дар бораи вазъи саломати ӯ намехоҳанд суҳбат кунанд.

Бистарӣ шудани хонум Юсуфӣ, ки то моҳи март муовини раиси Маҷлиси намояндагон буд, вокунишҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархеҳо ба робитаи хешутабории Хайриннисо Юсуфӣ бо шоир Озарахш ишора мекунанд, ки ахиран бо нишони илтиҳоби роҳҳои нафас бистарӣ шуд.

Мақомот ба ин нигарониҳо посух намедиҳанд ва танҳо мегӯянд, "вазъи саломатии Хайриннисо Юсуфӣ хуб аст”.

Ба хабарнигори Радиои Озодӣ муяссар нашуд бо худи ӯ ё пайвандонаш суҳбат кунад. Як нафари бохабар аз ҳоли хонуми Юсуфӣ гуфт, "на танҳо ӯ, балки аҳли хонадонаш феълан дар карантинанд".

Аз чеҳраҳои саршинос ба ҷуз аз Хайриннисо Юсуфӣ ва шоир Озарахш инчунин адиб Муҳиддин Хоҷаев бо нишонаҳои пневмония ё илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст.

Фавти чанд нафар, аз ҷумла физики машҳур Абдуалӣ Тоиров, додситон Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ва устоди Литсейи рақами 1-и пойтахт Хуршед Каримов аз ҳамин беморӣ миёни мардум шубҳаи пайдо шудани коронавирусро дар кишвар ба бор овардаанд, аммо Вазорати тандурустӣ инро ҳамвора рад мекунад.

XS
SM
MD
LG