Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шевченко дар бораи COVID-19: Дар миёни муҳоҷирони корӣ эпидемияи воқеӣ ҳаст


Максим Шевченко
Максим Шевченко

Журналисти шинохтаи рус, ки ба қарибӣ аз коронавирус шифо ёфтааст, гуфт, чандин санҷиш вуҷуди вирусро дар бадани ӯ тасдиқ накард. Ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони "Настоящее время" дар бораи роҳҳои муолиҷа, вазъи бемористонҳо ва сабабҳои тасдиқ нашудани COVID-19 дар санҷишҳои тиббиро нақл кард.

НВ: Пештар гуфтед, ки натиҷаи панҷ санҷиш манфӣ баромад...

Максим Шевченко: Вақте рӯзи 30-юми март бемор шудам, ба назарам, духтурони Ёрии таъҷилӣ ва шифохонаҳо дар ташхиси ин беморӣ дониши кофӣ надоштанд. Онҳо кори илмӣ намекунанд, балки ба усулҳое такя мекунанд, ки барояшон аз марказҳои гуногуни илмӣ, Вазорати беҳдошт ва муассисаҳои дигар фиристода мешаванд. Бо ҳамин сабаб духтури Ёрии таъҷилӣ ва намояндаи беморхонаи ноҳиявӣ диагнози маро ОРВИ (Сирояти шадиди роҳҳои нафас) мушаххас карданд. Онҳо чӣ ҳам гуфта метавонистанд? Санҷишҳои тест манфӣ аст, шушҳоро гӯш карда намешавад. Хубиаш ин буд, ки дар рӯзи ҳаштуми беморӣ ба наздашон рафтам ва аз томографияи компютерӣ гузаштам. Баъди ин якбора Ёрии таъҷилӣ омаду маро фавран бо худ бурд.

НВ: Кӣ ба Шумо гуфт, ки томографияро гузаред? Ҳоло шояд ҳама дар ин бора медонанд, ба ҳар ҳол, дар Русия бисёриҳо хабар доранд.

Максим Шевченко: Як шиносам дар Пажӯҳишгоҳи вирусология кор кардааст. Ӯ навишт, ки раҳбари илмияш мегӯяд, коронавирус баъди панҷ рӯз танҳо аз роҳи томографияи компютерӣ маълум карда мешавад. Санҷишҳо чизеро ошкор намекунанд.

НВ: Зимнан, нархаш чанд аст?

Максим Шевченко: Дар ёд надорам, ҳолатам вазнин буд. Се ё сеюним ҳазор рубл буд. Мехоҳам бигӯям, ки бояд бар асоси машварати духтур ба ҳама шаҳрвандон иҷозаи гузаштан аз томографияи компютерӣ дода шавад, то онҳо бо ёрии бима (суғурта)-и тиббӣ битавонанд томографияи компютерии шуши худро анҷом бидиҳанд, ҳадди ақал дар давраи пандемия бояд чунин иҷоза бошад.

НВ: Ҳоло COVID-19 ҳамчун беморӣ аз бадани Шумо берун шудааст?

Максим Шевченко: Ҳеч санҷиш онро ошкор накард, вале духтурон ба ин чиз бовар доштанд ва чунин диагноз гузоштанд. Онҳо гуфтанд, ин навъи пневмония танҳо баъди чунин навъи инфексияи коронавирусӣ пайдо мешавад.

НВ: Осораш мондааст. Мебинем, ки ҳангоми суҳбат бо мо месур(л)фед...

Максим Шевченко: Як моҳи дигар лозим аст, ки шуш барқарор шавад.

НВ: Пизишкон чӣ мегӯянд? Ҳарду шуш пурра барқарор мешавад?

Максим Шевченко: Бояд аз пайи тақвияти масунияти бадан шуд ва варзиши роҳҳои нафасро ба роҳ монд. Ҳатто пуфак дам кардан лозим аст. Яъне, шушҳоро машқ додан зарур. Масалан, бо лабҳои баста ҳаворо ба дарун нафас кашидан лозим аст, то ки ба шушҳо фишор ворид шавад. Вагарна, онҳо "хоб мераванд".

НВ: Бо нафаре, ки бемор мешаваду гумон дорад, ки коронавирус шудааст, чӣ мешавад?

Максим Шевченко: Чанд ҳолат рӯй медиҳад. Вақте сироят мешавӣ, худро хеле хуб ҳис мекунӣ ва инро дарк намекунӣ, ки бемор шудаӣ. Ту инро танҳо рӯзи панҷуму шашум мефаҳмӣ. Баъди ин ҳолати гуногун рӯй медиҳад. Ман то охир дуруст нафаҳмидам. Ҳатто духтурон ҳам, ба назарам, намефаҳманд, ки чаро баъзеҳо мисле ки сармохӯрдагии сабук доранд ва гӯё гриппи сабук шудаанд. Масалан, кӯдакон онро бемушкил пушти сар мекунанд – каме месулфанду мегузарад. Вале баъзеи дигарро таби баланд аз по меафтонад. Мисли ман, ки табам 39,8 дараҷа буд ва ба пневмонияи дутарафа табдил шуд.

НВ: Рафтори духтурҳо чӣ гуна буд? Чиро шоҳид шудед ва хубу бадаш дар чӣ буд?

Максим Шевченко: Ба сӯи ҳеч духтур санг андохтанӣ нестам, чунки бори дигар мегӯям, ҳар духтур мутобиқ ба донишу салоҳиятҳои худ амал мекунад. Бисёр хуб дарк мекунам, ки табибони поликлиникаҳои ноҳиявӣ - ба ҳар ҳол охири март вазъ ингуна буд, ҳоло намедонам - салоҳияти гузоштани чунин диагнозро надоштанд. Гузашта аз ин, ҳатто тимҳои вижаро барои анҷом додани санҷиш даъват карда ҳам наметавонистанд. Ман ҳамон замон фаҳмидам, ки як духтури минтақавӣ (участковый) наметавонад бригадаро барои анҷоми санҷиши тестӣ даъват кунад. Ман инро дурудароз талаб кардам.

НВ: Яъне, ин то баромади Путин буд, ки аввалин бор рӯзҳои истироҳатро ҷорӣ кард?

Максим Шевченко: Ҳамон рӯзҳои аввал буд. Рӯзи 30-юми март бемор шудам ва ин рӯзи якум буд. Санҷишро баъди як ҳафтааш супурдам. Ман ба Ёрии таъҷилӣ гуфтам, ки “бачаҳо, омада, як санҷиши тестӣ бигиред”. Ва танҳо баъди ин дар беморхона як профессор ба ман гуфт, ки тестҳо танҳо дар рӯзи аввал чизе нишон медиҳанд, вале он замон инсон эҳсос намекунад, ки бемор шудааст.

НВ: Яъне тестҳо мушкил надоранд?

Максим Шевченко: Ба назари ман, аввал ин ки тестҳо хато ё мушкил доранд. Ба назари ман, ин як тиҷорат аст ва касе, бисёр мехостам бифаҳмам, ӯ кист, хеле зуд тестҳои санҷиданошударо ҳамчун як даво ба истифода дод ва омор ҳам онро қабул кард. Вале духтурҳо хеле самимона мегӯянд, ки натиҷаи тестҳо 50 ба 50 аст. Бо чунин шева тангаро ҳам ба ҳаво мепартоянд. Ман ҳоло намехоҳам кадом маълумотро ба таври носанҷида паҳн кунам. Тавре фаҳмидам, вирус рӯзҳои аввал дар ин ҷо (рӯву чашму биниро нишон медиҳад) мечархад ва сипас ба поён ба роҳҳои нафас мегузарад. Ба ман гуфтанд, ки вирусро дар он ҷойи бадан танҳо аз роҳи бронхоскопия мешавад ёфт ва ин як амалиёти бисёр сангин аст ва на ҳар кас аз ӯҳдаи он мебарояд. Рӯзҳои панҷуму шашум бо тестҳои маъмулӣ онро дигар тасдиқ карда намешавад. Барои ин як санҷиши бисёр мураккаби хун лозим аст. Духтурон мегӯянд, ки ҳоло аз ду роҳ мешавад онро тасдиқ кард – томографияи компютерӣ ва санҷиши хуни бадан. Гапи зиёд гуфтан намехоҳам, вале нокифоятии кадом як нишондод метавонад баёнгари сироятшавии инсон бошад.

НВ: Духтурон талош мекунанд, ки ба ҷуз танҳо кумак ба зинда мондани инсон кори аз ин бештарро анҷом диҳанд?

Максим Шевченко: Ман дар беморхонаи Люберетс набудам. Фақат як ҳодисаро медонам. Нафареро аз Люберетс мошини Ёрии таъҷилӣ бо сабаби ин ки дар беморхона ҷой набуд, ба Клин бурд. Яъне ӯро бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаи Клин, ки дар 170-километрии Маскав ҷойгир аст, бистарӣ карданд. Ман дар беморхонае будам, ки табибон либоси ҳифозатӣ доштанд. Дар ду беморхона будам. Ба назари ман, дар доираи имкониятҳое, ки доштанд, табибон дониши баландро ба намоиш гузоштанд.

НВ: Рақами беморхонаро бигӯед

Максим Шевченко: Хуб. Беморхонаи рақами 79 ҷоест, ки маро Ёрии таъҷилӣ бурд. Аз он ҷо баъди ду рӯз маро ба собиқ беморхонаи рақами 83 интиқол доданд. Ин як беморхонаи хеле хуб аст ва он тоза тағйир дода шудааст. Чорошёна аст ва ба гурӯҳи “сурх” шомил мешавад, яъне Ёрии таъҷилӣ беморони коронавирусро ба он ҷо интиқол медиҳад. Аввалин касе, ки дидам, муҳоҷири тоҷик ва бе бимаи тиббӣ буд. Ӯ барои санҷиши томографияи компютерӣ рафта буд, ҳолаш бад буд ва ӯро ҳамон замон дар ин беморхона ҷой доданд. Зимнан мегӯям, ки дар миёни муҳоҷирони корӣ як эпидемияи воқеӣ аст. Онҳоро ҳатто ба қайд намегиранд. Агар онҳо муроҷиат накунанд, касе ба наздашон намеояд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG