Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 миллион доллари Бонки Ҷаҳониро ба камбизоатони тоҷик медиҳанд. ВИДЕО


Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон. Акс аз нишасти матбуотии моҳи феврали 2018

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар чаҳорчӯби омодагии кишвар ба муқобила бо вируси ҳамагири КОВИД-19 ба аҳолии камбизоат ва маъюбон се миллион доллар кумак мекунанд.

Насим Олимзода рӯзи 8-уми апрел, баъди иштирок дар ҷаласаи порлумон, гуфт, ин бахше аз кумаки беш аз 11-миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ аст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамагуна ёриҳои байналмилалиро шаффоф ва ба маврид истифода кунанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз мушаххас нест, кумакҳо аз чӣ иборат хоҳад буд ва тарзи дарёфташ чӣ гуна аст. ​

Насим Олимзода танҳо гуфт, "афроде, ки дар мақомоти маҳаллӣ ҳамчун камбизоат номнавис шудаанд, аз ёриҳо баҳравар хоҳанд шуд". Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, таъкид кард, ки ин кумакҳо як дафъа дода мешаванд.

Мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар чанд соли охир поин меравад. Сатҳи фақр аз 35 дарсади соли 2015 то 29 дарсад дар соли 2019 кам шудааст.

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта эълон кард, ки барои мусоидат ба омодагии Тоҷикистон ба муқобила бо коронавирус 11 миллиону 300 ҳазор доллар медиҳад. Порлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе аз ин созишнома ҳимоят кард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Се миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ ба камбизоатони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, ҳангоми муаррифии тарҳ дар Маҷлиси Намояндагон гуфт: "Кумаки Бонки Ҷаҳонӣ барои харидани таҷҳизот, дору, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани тақрибан 100 кати нав ва харидани маводи дигари ниёзи аввал барои муқовимат ба COVID-19 истифода хоҳад шуд."

Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфт, айни ҳол дар кишвар беш аз 500 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вуҷуд дорад ва, қарор аст, бо пули Бонки Ҷаҳонӣ 100 дастгоҳи дигар бигиранд. "Агар ду моҳ пеш нархи як дастгоҳ 10 ҳазор доллар буд, ҳоло беш аз 100 ҳазор доллар арзиш дорад", - афзуд ӯ.

Як рӯз пеш ҳукумати Амрико барои мусоидат ба омодагии Тоҷикистон ҷиҳати муқобила бо коронавирус 866 ҳазор доллар ​ҷудо кард. Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе, рӯзи 7-уми апрел гуфт, "маблағ барои омӯзиш додани пизишкону парасторон ва хариди дастгоҳҳои зарурӣ дар бемористонҳо пешбинӣ шудааст".

То ин дам Олмон ба Тоҷикистон як миллион евро, Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар ва Русия беш аз 20 ҳазор тест ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ додаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳукумат барои дарёфти кумак бо Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Исломии Рушд низ вориди музокирот шудааст. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ин хабарро тасдиқ кард, ки барои гирифтани кумаки молӣ бо созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯ доранд.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, барои кам кардани таъсири буҳрони иқтисодӣ ва муқобила бо вируси нав Тоҷикистон камаш ба 3 миллиард доллар ниёз дорад.

"Интиқоли пули муҳоҷирон имсол бисёр кам хоҳад буд. Шояд ҳатто дар сатҳи 30 дарсади пешина нашавад. Ҳамчунин буҳрон бахшҳои гуногуни бизнес дар кишварро муфлис месозад. Имкон дорад, ҳудуди 60-70 дарсади мардум муҳтоҷи кумак шаванд", - далел пеш овард ӯ.

Таҳлилгар айни замон гуфт, бовар надорад, ироаи се миллион доллар кумак ба камбизоатон шаффоф сурат гирад. Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои тақсими нодуруст ё мавридҳои хешутаборбозӣ дар ҷараёни ироаи кумакҳои байналмилалӣ танқид кардаанд.​ Аммо вазири молияи Тоҷикистон гуфт, шаффофияти харҷи маблағҳоро барои омодагӣ ба муқовимат бо коронавирус таъмин мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (36)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG