Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркия тарҳи ҷанҷолиро пас гирифт


Ҳукумати Туркия дар пайи эътирозҳо ба тарҳи тағйиру иловаҳо ба "Қонуни таҷовузи духтарҳои ноболиғ", ин лоиҳаи баҳсбарангезро пас гирифт. Агар ин қонун қабул шавад, бар асоси он, мардоне, ки бо духтарҳои зери сини издивоҷи қонунӣ робитаи ҷинсӣ барқарор мекунанд, дар сурате, ки бо ҷабрдидаи ноболиғ издивоҷ кунанд, муҷрим ҳисоб намешаванд.

Биналӣ Йилдрам, нахуствазири Туркия рӯзи сешанбеи 22 ноябр зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки бо дархости президенти он кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон ин лоиҳа аз комиссияи вобастаи парлумон пас гардонида шуд, то дар мавриди он тавофуқ сурат бигирад ва аҳзоби мухолиф низ битавонанд пешниҳодҳои худро матраҳ кунанд. Нахуствазири Туркия гуфтааст, ки комиссияи зидахл ҳамаи нуқтаназарҳоро арзёбӣ мекунад ва ба роҳи ҳалли муносибе хоҳад расид.

Ҳазорон зану мард рӯзи 19 ноябр дар шаҳри Истанбул дар эътироз ба ворид кардани ислоҳот ба ин қонун, раҳпаймоӣ карданд. Мухолифон мегӯянд, ки ин тарҳи қонун ба таҷовузи ҷинсӣ машруият мебахшад. Дар ниҳоят Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия низ шаби душанбе хостори мусолиҳа дар бораи ин лоиҳа ва иттифоқи назар дар бораи он шуд.

Ин тарҳ рӯзи панҷшанбеи 17 ноябр дар марҳилаи аввал ба тасвиб расид, аммо қарор буд барои қабули ниҳоӣ, имрӯз сешанбеи 22 ноябр дубора дар парлумони Туркия баррасӣ шавад, аммо дар пайи эътирозҳои густурда, ҳукумат онро пас гирифт.

Дар эътирозҳои Истанбул, ки рӯзи шанбеи гузашта доир шуд, эътирозгарон бо сар додани шиорҳое чун "Мо хомӯш намемонем" ва "Таҷовуз наметавонад қонунӣ шавад", хостори бекор кардани ин қонун шуданд. Дар тазоҳуроти Истанбул ҳудуди 3 ҳазор нафар иштирок доштаанд. Чунин раҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи ин тарҳи қонун, дар шаҳрҳои дигари Туркия, аз ҷумла Анкара, Измир ва Трабзон низ доир шудааст.

Вакилон мегӯянд, ин «сабукӣ» танҳо ҳамон вақт дода хоҳад шуд, ки мардон «аз нерӯ ва таҳдид» истифода накарда, «бо ҷабрдидаи ноболиғ» издивоҷ кунанд. Мунтақидони тарҳ гуфтанд, дар сурати тасвиби ин қонун таҷовуз ба номус ва издивоҷи ноболиғон қонунӣ хоҳад шуд."

Бар асоси ин тарҳ, агар собит шавад, ки як мард бо як духтари зери сини издивоҷи қонунӣ, яъне 18-сола бидуни зӯроварӣ ва ё тарс додан ва ё бо розигии тарафи муқобил робитаи ҷинсӣ барқарор кардааст ва баъдан бо ӯ издивоҷ кардааст, аз ҳар гуна ҷазо озод мебошад. Синни издивоҷи қонунӣ дар Туркия 18 сол аст, аммо издивоҷи ноболиғон бавижа дар ҷанубушарқи ин кишвар роиҷ мебошад.

Эътирозгарон ҳамчунин овезаҳое дар даст доштанд, ки "Таҷовузи ҷинсӣ наметавонад қонунӣ шавад" ва ҳамчунин ин шиорро сар медоданд, ки "AKP дастатро аз бадани ман пас бикаш" ва ишорае буд ба ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёти Туркия бо раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки ин тарҳро ироа кардааст.

"Таҷовуз наметавонад қонунӣ шавад",- гуфтааст Фадик Темизюрек, яке аз эътирозгар ба хабаргузории ББС. Вай дар идома гуфтааст, ки "то 18 солагӣ кӯдак ҳанӯз кӯдак аст. Бинобар ҳамин, ин тарҳи қонун маҳкум аст. Мо барои ҳамин инҷо ҷамъ омадем то ин қонун қабул нашавад."

Як мард бо номи Қадир Демир ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки "ман ба инҷо бо амри виҷдон омадам. Барои он, ки ман фарзанд дорам, ба хотири фарзандонам омадам". Як зани эътирозгар, ки худро Руъё муаррифӣ кард, ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки "мо ҳизби ҳокими адолат ва тараққиётро иҷозат нахоҳем дод, то таҷовузгаронро дар ин кишвар озод бигузорад". Вай афзуд, ки занон муқовимат хоҳанд кард ва ба кӯчаҳо хоҳанд рехт, то ин қонун ва қонунҳои монанд ба ин, бекор карда шаванд.

Яке дигар аз эътирозгарон, ки худро Угур муаррифӣ кард, ҳамроҳ бо духтари 14-солаи худ ба ин тазоҳурот омада буд. Ва мегӯяд, ки "ман аз ояндаи духтарам нигарон ҳастам. Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёт ҳар қонунеро, ки бихоҳанд, дар парлумон қонунӣ мекунанд."

Ҳукумати Туркия исрор дорад, ки ин тағйирот барои мубориза бо расми издивоҷ бо духтарҳои ҷавон будааст. Аммо мунтиқидон мегӯянд, ки ин қонун иҷозаи таҷовуз ба духтарони синашон хурдро содир мекунад.

Вазири адлияи Туркия Бекир Боздаг рӯзи шанбе ба мунтақидон итминон додааст, ки лоиҳаи ин тарҳи қонун, таҷовузгаронро намебахшад ва онҳо ба панҷаи қонун супурда хоҳанд шуд. Вай аз ҷумла гуфтааст, ки "қонун яқинан таҷовузгаронро нахоҳад бахшид...ин иқдом ба хотири ҳалли мушкил дар бахшҳое аз кишвари мо аст."

Тибқи бархе аз гузоришҳо, нахуствазири Туркия

Биналӣ Йилдрам, нахуствазири Туркия.
Биналӣ Йилдрам, нахуствазири Туркия.

​ба намояндагони ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёт гуфтааст, ки бо мухолифони ин тарҳ бояд сари мизи музокира биншинанд ва гуфтугӯ кунанд.

ЮНИСЕФ -- Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид нигаронии амиқи худро аз қабули ин лоиҳа эълон кардааст. Сухангӯи ЮНИСЕФ дар вокуниш ба ин тарҳ гуфтааст, ки ҳар гуна хушунат алайҳи кӯдакон ҷурм ба шумор меравад ва бояд ба он бархӯрди қонунӣ сурат бигирад.

Дар Туркия дар даҳ соли охир шикояти занон аз хушунати ҷинсӣ 40 дарсад афзудааст. Омор инчунин ҳолатҳои зиёди марги занон аз хушунатро бозгӯ мекунад. Тарҳи нави қонуни баҳсбарангез аз тарафи вакилони Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёт таҳия шудааст.

Ҳизби ҳокими адолат ва тарраққиёт бо раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар парлумони Туркия 317 курсиро дар ихтиёр дорад. Парлумони Туркия дар маҷмӯъ 550 вакил дорад ва аз чанд сол ба ин тараф нахустазири он кишварро ҳизби адолат ва тараққӣ интихоб мекунад.

XS
SM
MD
LG