Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рабуда шудани духтари шонздаҳсола дар Хоруғ


Ин духтар аз ҷониби ашхоси номаълум рабуда шуда, бархеҳо аз афғонҳои иҷоранишин гумонбар шудаанд.

Вале волидони духтари рабудашуда, изҳор доштанд, ки дар маҳаллаи онҳо ягон шаҳрванди афғон будубош надорад.

Кӣ таҳдид карда буд?

Ба гуфтаи Шаҳло Муволасенова, модари духтари рабудашуда, қаблан духтари онҳо аз ҷониби афроди ношиноси маҳаллии савори автомашинаи сиёҳ мавриди таҳдид қарор гирифта буд.

Модар мегӯяд, духтараш дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд ва вақтгузоронии беҳуда ҳам намекард.

Падари духтар Мақсуд Тиборов, ки аз Русия баргаштааст, баён дошт, ки эҳтимол духтараш барои зарурат аз хона берун омада, аз ҷониби афроди ношинос, ки ӯро мепоиданд, рабуда шудааст.

Дар пайи як ҳодисаи дигар дар Хоруғ, се хонандаи мактаб ба муддати ду рӯз ғайб заданд, аммо баъдан аз манзили, ба гуфтаи мақомоти милиса, "шиносҳояшон" пайдо шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти дохилӣ, духтарон таҷовуз нашудаанд ва нисбат ба афроде, ки дар манзилашон қарор доштанд, даъвое надоранд ва ба сабукрафтории духтарони ноболиғ, волидон ва мактабро гунаҳкор меҳисобанд.

"Духтарон таҳти фишоранд"

Аммо роҳбари созмони иҷтимоии "Мадина" дар Хоруғ гуфт, онҳо аз сӯҳбат бо ин ноболиғон эҳсос карданд, ки духтарони ноболиғ зери фишори сахти равонӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд.

Вай афзуд, созмон тасмим гирифтааст, яке аз ин ноболиғонро барои идомаи таҳсил ва тарбият ба мактаби махсус дар маркази ҷумҳурӣ фиристад.

Дар ҳамин ҳол, қиссаи ахири духтари ноболиғи дигар, ки мегӯяд ӯро ҷавонони маҳаллӣ ба зӯр дар манзилашон нигоҳ дошта, кӯшиши кочоқ ба тарафи Афғонистон доштанд, вале дар роҳ аз автомашина худро берун андохта, халос хӯрдааст, ба ҳодисаи пурсару садо дар Хоруғ табдил гардидааст.

Мақомоти дохилии Бадахшон таъйид карданд, ки бо нишондоди ин духтари ноболиғ, онҳо як ҷавони 27-солаи сокини шаҳрро боздошт намуда, ҳангоми кофтукоб аз манзили гумонбар, 45 грамм маводи сахттаъсири ҳероинро пайдо кардаанд.

Вале суханони духтари ноболиғро дар мавриди ба зӯр нигоҳ дошта шуданаш дар манзили афроди ҷавон ва кӯшиши қочоқ намудан ба он тарафи марзро дурӯғ ва бепоя хондаанд.

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони шӯъбаи корҳои дохилӣ Майсара Азизбекова, духтар таҷовуз нашудааст ва бо хоҳиши худ бо ҷавонон робита доштааст. Вай гуфт, "ҷараёни тафтишот собит сохт, ки нишондоди духтари ноболиғ дар мавриди зӯроварӣ нисбат ба ӯ ва кӯшиши қочоқ намуданаш ба ҳақиқат мутобиқат надоранд."

Азизбекова гуфт, ин духтар дар парвандаи боздошт бо ҳероин на чун ҷабрдида, балки ба ҳайси шоҳид ширкат меварзад.

Раҳбари созмони бонувони "Мадина" Набот Додихудоева гуфт, онҳо ҳолати равонии духтари ноболиғро вахим дарёфтанд, зеро вай зери фишори ҳам мақомот, ҳам милиса ва ҳам бархе аз намояндагони ҷомеа қарор дорад, ки мехоҳанд аз аризаи худ дар мавриди зӯроварӣ нисбаташ даст кашад.

Хонум Додихудоева изҳор дошт, ӯро он чиз нигарон сохтааст, ки бархе аз намояндагони мақомот ва мактаб бидуни мурофиаи додгоҳӣ дар ҳодисаи рухдода худи духтарро гунаҳкор кардаанд, ки ин ба ҳолати равонии духтари ноболиғ бетаъсир намемонад.

Кори дасти нашъамандон?

Вале ба гуфтаи Алим Шерзамонов, раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ, дар пайи таҳқиқи қазияи духтари рабудашуде, ки то ба ҳол тақдираш маълум намебошад, онҳо ба натиҷае расиданд, ки гурӯҳи муташаккил аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии мухаддирот машғул буда, бархеи онҳо нашъаманд ҳастанд, дар хушунат алайҳи духтарон ва кӯшиши қочоқи эҳтимолии онҳо даст доранд.

Вай гуфт, ки дар солҳои қаблӣ ду ҳодисаи дигари одамрабоӣ дар шаҳр ба вуқӯъ пайваста, як духтар ва ҷавони ба балоғатрасида бедарак шуданд, ки гумон меравад аз ҷониби афроди маҳаллии қочоқбар бар ивази қарзашон, рабуда ва ба он тарафи марз интиқол шуданд.

Аммо мақомоти умури дохилии Бадахшон гуфтанд, ки ҳеҷ мавриди қочоқи инсон ва хушунат алайҳи ноболиғон сабт нашудааст. Ба гуфтаи мақомоти дохилӣ, дар мавриди ҳодисаи ахири одамрабоӣ ҳам маълум нест, ки ин духтар дар қаламрави кишвари мо ва ё берун аз он будубош дорад.

Вале ба гуфтаи падари ноболиғи рабудашуда Мақсуд Тиборов, вай касеро ба рабудани духтараш муттаҳам карданӣ нест, аммо аз мақомоти тафтишотӣ мехоҳад, ки арзи духтарони ноболиғи дигарро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд, зеро он метавонад, ки барои рӯшанӣ андохтан ба ҳолатҳои дигари хушунат алайҳи занон ва ноболиғон ва одамрабоӣ кӯмак кунад.

Раиси кумитаи кор бо занон дар Хоруғ Гулдаста Орумбекова мегӯяд, ҳамаи духтарони ноболиғе, ки дар ҳаводиси ахир номашон вирди забон шудааст, аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҷавононе, ки бо онҳо муносибат доштаанд атомашина ва пул доранд. Ба фикри вай, душвориҳои иҷтимоии хонаводаҳои духтарони ноболиғ, барои ба дом афтондани онҳо сабаб шудааст.

Бар асоси иттилои расмӣ, дар вилояти Бадахшон 7 ҳазор шахси бекор ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо ҷавононанд. Ҳамчунин, 24 ҳазор нафар ва ё зиёда аз 12 дарсади сокинон роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG