Пайвандҳои дастрасӣ

Ноболиғон дар низоъ бо қонун. Кӣ ба сари кӯдакон даст мебардорад?


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Мадина 14 сол дорад ва дар яке аз кӯчаҳои пойтахт тухми офтобпараст мефурӯшад . Ӯ мегӯяд пайвасте зери фишори кормандони милиса қарор дорад ва наметавонад аз меҳнати худ ду танга ба даст биёрад.

Мадина мегӯяд, пештар дар кӯчаҳо талбандагӣ мекардааст, ки ҳоло ба «савдо» рӯ оварда, ҳар замон аз ҷониби кормандони милиса дастгир мешавад. Тавре Мадина нақл кард, кормандони милиса ӯро барои савдои ғайриқонунии офтобпарасту ҷуворимакка ҳамарӯза «ҷарима» мекунанд: «Ҳар рӯз чӣ қадар савдое кунам ҳамон пулро милисаҳо мегиранду худамро ҷавоб медиҳанд. 20 сомонӣ савдо кунам 20 сомон мегиранд агар 30 сомон савдо кунам 30 сомон. Агар пулро надиҳам мезанам гуфта ҷанг мекунанд. Як бор сарамро тарошиданду очаамро даъват карданд, ки очам омада маро зада-зада хона бурд.»

Ҳамзамон Мадина таъкид кард, ки ду сол боз бо ҳамин минвол «савдо» карда, гоҳҳо аз пулисҳо пинҳони дар назди дискоклубҳо шабона ба савдо мебарояд. Суҳбати мо бо Мадина дар рӯзе сурат гирифт, ки ЮНИСЕФ гузоришеро бо номи «Кӯдакони дар низоъ бо қонун» нашр кард, ки дар бораии ин ҳолат дар кишварҳои дунё ҳикоят мешавад.

Дар ин гузориши байналмилалӣ низ гуфта мешавад, ки «кӯдакон дар бораи муносибати хашин ва шиканҷа шудани онҳо аз сӯйи кормандони милиса ҳикоят мекунанд. Кӯдакон ба гузоришгарон гуфтаанд, ки бо вуҷуди латукӯб, таҷовуз ба номус ва муносибати бераҳмона имконияти шикоят карданро надоранд. Дар бештари кишварҳо зиндони кардани кӯдакон дар ҳуҷраҳои алоҳида истифода мешавад, ки чунин амал барои ба зиндагии маъмули баргаштани онҳо мушкил эҷод мекунад»

Соли 2012 дар Тоҷикистон низ созмоне бо номи «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар робита ба «шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо кӯдакон дар лаҳзаҳои боздошту бозпурсӣ ва нигаҳдорӣ дар муассисаҳои интизомии Тоҷикистон, пажуҳиш анҷом додаст. Дар ин пажӯҳиш ҳудуди 40 нафар ноболиғони аз 10 то 18 сола дар мантиқи мухталифи кишвар ширкат доштаанд, ки аз миёни онҳо ду нафарашон духтарҳо буданд.

Тоҷиддин Ҷалолов, роҳбари Маркази ҳуқуқи кӯдак дар ин бора мегӯяд, шумораи зиёди риоя нагардидани ҳуқуқи кӯдакро дар марҳилаи дастгир намудан, овардан ба шӯъбаи корҳои дохила ва гузаронидани пурсишро ошкор кардааст. Ба таъкиди Тоҷиддин Ҷалолов, ҳуқуқҳои кӯдак бештар мавриди бозпурсӣ поймол карда мешаванд. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Ҷалолов, 5 нафар кӯдак, ки ду тани онҳо духтар буданд, зери шиканҷа ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. Ӯ ҳамчунин мисол овард, ки се ноболиғи аз 15 то 17 сола дар яке аз шӯъбаи корҳои дохилии пойтахт мавриди латту кӯб қарор гирифта, то замоне, ки гуноҳро ба гардан нагрифтаанд, бозпурсӣ шудаанд.

Гулҷаҳон Умарова, сардори шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки идораи Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, идораи онҳо бар пояи шикояти шаҳрвандон аз мавридҳои шиканҷа шудани кӯдакон ба мақомотҳои дахлдор нома ирсол кардааст. Ба таъкиди Гулҷаҳон Умарова, аз сабаби он, ки то соли 2012 дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи шиканҷа вуҷуд надошт, дар мавриди шиканҷи наврасону ноболиғон омор мавҷуд нест: «Соли гузашта аз ҷониби Маркази ҳуқуқи кӯдак ба мо як муроҷиат шуда буд, ки дар мурофиаи судии собиқ корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ёвон ба гумони истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ширкат намоем. Намояндаи мо дар ин мурофиа ширкат кард ва корманди шӯъбаи корҳои дохила ба мӯҳлати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.»

Ҳамзамон хонум Умарова гуфт, ки пас аз гузаронидани пажуҳиш дар мавриди «шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо кӯдакон дар лаҳзаҳои боздошту бозпурсӣ ва нигаҳдорӣ дар муассисаҳои интизомии Тоҷикистон» нигоҳу бин ва муносибат дар калонияҳои ноболиғон хело беҳтар шудааст.

Дар Тоҷикистон як маҳбас барои ноболиғон вуҷуд дорад ва ҷинояткорони ноболиғ бо ҳукми додгоҳ ба ин зиндони интиқол меёбанд. Бо вуҷуди исрори мо мақомот аз номбар кардани теъдоди маҳбусони хурдсол худдорӣ карданд. Вазорати маорифи Тоҷикистон низ мактаб ва омӯзишгоҳҳое махсусе дорад, ки дар онҳо умдатан бачаҳои душвортарбия таълим мегиранд. Дар назди Вазорати корҳои дохила низ қабулгоҳ-тавҳилгоҳҳо амал мекунанд, ки махсус барои ноболиғон созмон ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG