Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад"


Ин кӯдакони ятим бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Душанбе фиристода шуданд
Ин кӯдакони ятим бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Душанбе фиристода шуданд

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав чаҳор тифли бепарастори тоҷикро ба Душанбе фиристод.

Тибқи иттилои раҳбари Хадамоти матбуоти сафорат Муҳаммад Эгамзод, ин чаҳор кӯдак ҳама ноболиғ буда, бо сабабҳои мухталиф модарони онҳо имкони тарбияи фарзандонро надоранд. “Дилнураи яксола, ки модараш Д, бинобар сабабҳои молӣ аз фарзандаш даст кашидааст. Амрия, соли таваллудаш 22.06.2010, модараш шахрванд Р., ки айни ҳол дар маҳбаси занонаи ш. Можайски вилояти Маскав қарор дорад. Ӯ фарзандашро дар маҳбас таваллуд карда, ҳоло масъулияти нигоҳубини духтарак ба тақояш вогузор шудааст”, - хабар дод М.Эгамзод.

“Писарбачаи дигар бо номи Семен, соли таваллудаш 24.07.2012, модараш-Г, бинобар сабабҳои молӣ аз фарзандаш даст кашидааст, аз Хонаи кӯдакони махсусгардонидашудаи н. Фрязинои вилояти Москва ва навзод Артем, соли таваллудаш 03.08.2012, модараш-М., бинобар сабабҳои молӣ аз ӯ даст кашидааст, ба Ватан фиристода шуданд”.



Муҳаммад Эгамзод дар бораи ба Тоҷикистон фиристода шудани атфоли ятим сӯҳбат мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00
Линки мустақим



Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки интиқоли кӯдакон ба ватанашон тибқи муқаррароти Конвенсияи Кишинёв дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба кишвари истиқомати доимиашон, шаҳрвандони бепарастори ноболиғи ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар қаламрави Русия воқеанд, ба ватан баргардонида шуданд.


Дар маросими гусели атфоли тоҷик ба ватан, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав барпо шуд, раҳбари намояндагии дипломатии ин кишвар дар Русия Абдулмаҷид Достиев гуфт: «Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад. Ҳарчанд, ки аз ин тифлони тоҷик модархошон даст кашидаанд, онҳо шаҳрвандони кишвари моянд. Набояд, ки ин тифлони тоҷик дар як муҳити бегона ба воя расанд».


Сафорати Тоҷикистон тоҷикистониёни хурдсолро пеш аз бозгашт бо сару либоси гарм, хӯрок ва меҳмонхона таъмин кардааст.

Дипломатҳои тоҷик мегӯяд, дар солҳои гузашта чунин мушкиле марбут ба вуҷуди атфоли тоҷик дар ятимхонаҳои Русия вуҷуд надошт, вале бо афзоиши шумори занҳои муҳоҷир дар ин кишвар ҳодисаҳои бесарпаноҳ мондани кӯдакон ҳам пайдо мешаванд. Онҳо мегӯянд, ки баробари пайдо шудани чунин атфол, талош мекунанд онҳоро ба ватан баргардонанд. Тибқи муқаррарот, ятимхонаҳои Русия бояд сафорати Тоҷикистонро дар бораи ба тарбияи онҳо гузаштани тифли тоҷик огоҳ кунанд. Тоҷикистон ба фарзандӣ хондани ятимони ин кишварро аз ҷониби оилаҳои хориҷӣ манъ мекунад.

Моҳи декабри соли 2012 чаҳор тифли дигари ятим ҳамингуна ба Тоҷикистон фиристода шуданд, ки масъулияти парастории онҳо ба ятимхонаҳои маҳаллӣ вогузор шуд. Моҳи августи порсол вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи ба Душанбе оварда шудани ҳафт тифли то сесолаи тоҷик хабар дод, ки дар ятимхонаҳои Русия нигаҳдорӣ мешуданд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ятимхонаҳои Тоҷикистон 20 ҳазор тифли бесарпаноҳ нигаҳдорӣ мешавад.

Радио Озодӣ
XS
SM
MD
LG