Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони Душанбе як одати наве пайдо кардаанд, ки шабонгоҳ гуруҳ-гуруҳ дар кӯчаҳои шаҳр мегарданд ва умдатан ин “сайругаштҳои шабона” бо моҷаро ва бадрафториҳо анҷом меёбанд.

Сокинони Душанбе аз зуҳуроти нав изҳори нигаронӣ мекунанд ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақомоти шаҳр хост, назорат бар марказҳои фароғату дилхушии ҷавонон тақвият ёбад. Гуфта мешавад, асосан ҷавононе оромии шабро халалдор мекунанд, ки соатҳои дарозро дар марказҳои дилхушӣ паси сар мекунанд ва сипас ба кӯчаҳо мерезанд. Дар масири роҳи онҳо ҳодисаҳои ногувор ва кирдорҳои ношоиста иттифоқ меафтад.

Фархунда, сокини шаҳри Душанбе бори чандум аст шоҳиди ҷанҷолу хархашаи шабонгоҳии ҷавонон мешавад, аммо мегӯяд, ин ҷавонон чи мақсад доранд ё аз куҷо омадаанду ба куҷо мераванд, касе намедонад. Ин ҳамсуҳбати мо, ки чанд рӯз қалб низ дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз чунин як ҳодисаи занозанӣ миёни ҷавонон навишта буд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин рафтори ҷавононро дар шабонгоҳ ғайриахлоқӣ медонад ва сабаби онро ба бепарвогии волидонашон рабт медиҳад: «Чунин ҳодисаҳо кам нестанд. Тақрибан моҳи қабл низ ҳатто дар маркази пойтахт чунин ҳодисаро шоҳид шудам. Рӯзона буд. Ду гуруҳи ҷавонон бо ҳам даргир шуданд, аммо касе ба онҳо наздик намешуд. Онҳо зоҳиран мактаббача буданд. Баъд аз оне, ки кор аз кор мегузарад, баъд мебинӣ, кӯчаҳо пур аз милиса мешавад. Ё ҷавонон дар кӯча ҷангу ҷанҷол доранд, аммо як нозири минтақавӣ онҷо ба чашм намерасад.»

Амриддин Каримов, як ҷавони тоҷик нигаронии мақомотро вобаста ба бадахлоқии ҷавонон, бо як ҷумла ифода карда гуфт, «аз мост ки бар мост». Вай афзуд, новобаста ба он, ки бештари ҷавонон ба филмҳо тақлид мекунанд ва бо ҳамин мақсад низ гуруҳҳои алоҳидаро ташкил карда, дар олами тахайюлӣ ба доми ҷиноят меафтанд, дар ин росто наметавон аз фаъолияти камранги кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ чашм пӯшид. Вай гуфт, дар баъзе ҳолатҳо мебинад, ки фарзандони афроди мансабдор низ ба ин корҳо даст мезананд ва албатта ин пӯшида нест, ки онҳо ба ягон хел ҷавобгарӣ низ кашонда намешаванд: «Инҷо нақши мақомот низ бояд муассир будашд. Вале онҳо ба камбудиҳо роҳ медиҳанд ва шаҳрро пурра зери назорати худ гирифта наметавонанд, ки ин яке аз сабабҳои занозаниву афзоиши ҷинояткори миёни ҷавонону ноболиғон, ҳам ҳамин аст.».

Нигаронии мақомот низ аз рафтори номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷомеашиносон мегӯянд, агар аз як сӯ фориғболии волидайн сабаби ин ҳол гашта бошад, тамошои филмҳои шаҳвонӣ ва сӯиистифода аз фанновариҳои нав, назири Интернет низ дар ин маврид таъсири рӯзафзун пайдо мекунад ва тақлид ба оинҳои ғарбӣ ва пайвастан ба фарҳанги онҳо ҳам ба ахлоқи ҷавонон бетаъсир нест.

Руслан, ҷавонест, ки 8 сол боз дар яке аз марказҳои дилхушии пойтахт кор мекунад. Ин ҳамсуҳбати мо нақши коргоҳи худро дар рафторҳои номатлуби ҷавонон рад намекунад. Вай мегӯяд, ҳарчанд марказҳои дилхушии ҷавонон ба хотири занозанию ҷиноят роҳандозӣ намешаванд, аммо бечуну чаро мушоҳида мешавад, ки аксарияти ҷиноятҳои ҷавонон дар чунин ҷойҳо ва хусусан дар шаб руй медиҳанд. Руслан ба ин бовар аст, ки аксарияти онҳое ки ба чунин марказҳо меоянд, ҷавонони босавод ва хушахлоқ нестанд. Вай гаштугузори баъзе гуруҳҳои ҷавонро ба хотири дилхушии як лаҳзаинаи онҳо унвон кард ва гуфт: «Дар ҳақиқат ҳама ҷиноят дар шаб рух медиҳад. Дуздӣ, авбошӣ, даст задан ба истеъмоли маводи нашаъовару одамкушӣ. Бубинед, дар шаб мо киҳоро дар кӯча мебинем, ронандаҳо, танфурӯшон, нафароне, ки бо маводи мухаддир сару кор доранд, баъд онҳое, ки дар ҳақиқат мехоҳанд ҷиноятеро анҷом диҳанд. Дар ҳақиқат марказҳои дилхушӣ ҷое ҳаст, ки ҳама ҷиноятро дидан мумкин.»

Нигаронии сокинону мақомот аз бадрафтории ҷавонону ноболиғон бисёриҳоро ба ёди наворҳои фаҳши мактаббачаҳо ва ҷавонон дар торнамоҳо ва телефонҳои мобил андохтааст. Он вақт аксарият дар робита ба навори мактаббачаҳо вазорати маорифро танқид карда буданд. Абдусамад Муллоев, сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ин вазорат мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷавонон ва ноболиғон вазорати маориф дар ҳамкори бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даст ба кор задааст, аммо ӯ масъулияти бештарро бар дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегузорад: «Дар ҷойҳое ки мардум зиёд ҳастанд, дар ҷойҳое ки марказҳои дилхушӣ ҳастанд ва ҷавононе, ки бояд онҷо мераванд, бояд дар он ҷойҳо рейдҳо гузаронида шавад, назорат кунанд ва ба ин амалҳо бояд бетараф набошанд».

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, он ҷавонону ноболиғоне ки қаблан ҷиноят содир кардаанд ва борҳо "меҳмон"-и шуъбаҳои корҳои дохилӣ шудаанд, зери назорат қатъӣ мегиранд. Ва танҳо дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 90 ноболиғ ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Тибқи иттиллои мақомот, аз аввали сол то имрӯз аз ҷониби ҷавонону ноболиғон 1050 ҷиноят содир шудааст, ки миёни онҳо дар баробари ҷиноёте, чун дуздиву авбошӣ, ҳамчунин якчанд парвандае бо ҷурми одамкушӣ низ боз шудааст.

Нигарониҳои зиёди мақомоти кишвар аз вазъи ҷинояткориву бадрафтории ҷавонону наврасон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2011 Қонуни «Масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд» амал мекунад ва ҷазо барои тарбияи носолими фарзанд барои волидайнро шадид кардааст. Аммо, зоҳиран, он бештар ҳолати интихобӣ пайдо кардааст ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷавононро фаро нагирифтааст. Бино бар асоси омори расмӣ, дар чаҳор моҳи гузашта 3100 падару модар барои қонуншикании фарзандони ноболиғашон ҷазои маъмурӣ гирифтаанд.

Зебунисо Холдорбекова , муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд ин парвандаҳоро намешавад ба шабонаву рӯзона ҷудо кард, вале ҳамеша рейдҳои махсуси ин мақомот барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои ноболиғон дар кӯчаҳову маҳалҳо сурат мегирад. Вай мегӯяд, ҳудуди 80 дарсади ҷинояти ҷавонону ноболиғонро «дуздӣ» ташкил дода, аксаран бо ҳамин ҷурм муттаҳам мешаванд. «Он корҳое барои ҷавонону ноболиғон муқаррар нашудааст ва вақте, ки онҳо ба он даст мезананд ва ягон конунвайронкунӣ содир мешавад, мо парванда боз мекунем. Рейдҳои мо зиёданд, масалан зимистон пас аз соати 20 дар кӯча гаштугузори онҳо манъ аст, онҳоро назорат мекунем. Ҳангоми дарсҳо ҳам рейд мегузаронем, ки онҳо дар воқеъ дар дарс ҳастанд ё ҷои дигар.»

Ҳарчанд мақомот омори дақиқи гуруҳи ҷавонони шабгардро дар пойтахт надоранд, аммо Руслан - мусоҳиби мо мегӯяд, чунин гуруҳҳо зиёд нестанд. Аммо ба бовари ӯ, ҳамин гуруҳҳои кӯчак низ метавонанд ба оромии ҷомеа таъсири манфӣ гузоранд.

Бино бар иттилои Баҳодур Саидов, корманди Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз аввали соли равон 174 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст, ки миёни онҳо 40 нафарашон хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ буданд. Ба гуфтаи ӯ, ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор маврид бештар буда, имсол 9 духтар низ даст ба ҷиноят задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG