Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна мепайвандад


Вазири энержии Узбекистон Журабек Мирзомаҳмудов хабар дод, ки Тоҷикистон то охири моҳи майи имсол ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна мепайвандад.

Ба иттилои хабаргузории "Газета.uz", Вазири энержии Узбекистон дар ин бора рӯзи 14 май дар ҷараёни нишасти "Ҳафтаи энергетикӣ" (UEW 2024) дар шаҳри Тошканд хабар додааст.

"Мо ҳамкорӣ ва тиҷорати байниминтақавиро рушд медиҳем. Ҳоло бо ҳамсояҳои худ - Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар масъалаи содирот, воридот ва транзити неруи барқ ҳамкории зич дорем. Интизор меравад, Тоҷикистон ҳам то охири моҳи равон ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна пайвандад", - изҳор доштааст Мирзомаҳмудов.

Мақомоти Тоҷикистон охирҳои соли 2021 баррасии баргашт ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёнаро оғоз карда буданд. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир изҳор дошт, ки кишвар соли 2022 ба низоми ягонаи энергетикӣ бармегардад, аммо ин масъала борҳо ба таъхир афтод.

XS
SM
MD
LG