Пайвандҳои дастрасӣ

Синни танфурӯшҳо дар Тоҷикистон торафт ҷавонтар мешавад (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши шумори занҳои танфурӯш ва бавижа танфурӯшони ноболиғ изҳори нигаронӣ мекунанд. Соли гузашта дар кишвар 41 мавриди танфурӯшии танҳо духтарони наврас сабт шудааст.

Як иттифоқи бад дар роҳ ва иштибоҳи волидайн Ситораро дар 14-солагӣ ба кӯи танфурӯшӣ бурд. Вай мегӯяд, соле пеш баъд аз ҷанҷол бо волидон қаҳр карда, аз хона баромад, то ба назди холааш, ба як ноҳияи дигар равад .

Ситора ваҳшати он рӯзро ҳаргиз фаромӯш карда наметавонад. Дар роҳ ба хонаи холааш ронандаи таксӣ ба номуси ӯ таҷовуз кард. Баъди ин дари дили падару модар ба рӯяш баста гашт. Агар онҳо он вақт ӯро мебахшиданд, шояд Ситора ба ин ҳоле, ки ҳоло дорад, намеафтид. Дар чашмони ӯ андӯҳи амиқе аз худ паём медиҳад ва ҳангоми суҳбат чанд бор гиря гулӯгираш кард.

Ӯ мегӯяд, ҷои рафтан надошт, вале дар хона ҳам монда наметавонист: «Баъд аз ин ҳодиса падарам маро пайваста таъна мекард. Маҷбур шудам, ки аз хона фирор кунам ва ба шаҳр биёям. Аксаран шабҳоро дар хиёбон рӯз мекардам ва ночор ба ҳамин роҳ рафтам. Вақте модарам хост, маро ба хона баргардонад, падарам гуфт, ки чунин духтар ба ӯ лозим нест.»

Ситора гоҳе иқрор мекунад, ки таҷовуз шояд як баҳона шуд, ки ба фоҳишагӣ рӯ орад, аммо меафзояд, илоҷи дигаре ҳам надошт. Вай мегӯяд, дилаш аз зиндагӣ сард шудааст, аммо чизе ӯро нигоҳ медорад: “Азобе ки мо кашидем, Худо ба душмани кас нишон надиҳад. Ҳоло ман фақат дар фикри ояндаам, ки чӣ мешуда бошад?»

Тазоҳуроти занони танфурӯш дар Фаронса

Тазоҳуроти занони танфурӯш дар Фаронса

Ситора танҳо нафаре нест, ки дар синни наврасӣ аз кӯчаи танфурӯшӣ гузар кардааст. Мақомоти Тоҷикистон аз боз ҳам ҷавонтар шудани синни фоҳишагӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила рӯзи 4 феврал дар нишасти хабарии ин ниҳоди давлатӣ эълон карданд, ки дар соли 2013 41 мавриди танфурӯшии танҳо духтарони наврас сабт шудааст.

Марҳабо Олимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон, рӯзи сешанбе , 4-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе бо нигаронӣ аз афзоиши танфурӯшон ва фоҳишахонаҳо дар кишвар гуфт, «мо дар ин самт пайваста рейдҳо мегузаронем ва мутаассифона, болоравии мизони фоҳишагӣ дар кишвар ба назар мерасад. Барои мисол, дар соли 2013 1641 занону духтарони фоҳиша кашф шудааст, ки 338 зану духтар нисбат ба соли 2012 бештар аст. 41 нафари онҳо духтарони ноболиғанд. Дар маҷмӯъ соли гузашта 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд аст


Хонум Олимова фоҳиша шудани чунин шумори зиёди занону духтаронро ба сатҳи пасти маърифат ва ноогоҳии онҳо бастагӣ медиҳад. Вале соҳибназорон бар инанд, ки ин мушкил решаҳои амиқтар дорад. Онҳо мегӯянд, аксари чунин духтарони ноболиғ аз оилаҳои носолим ва хонаводаҳои модарони танҳову камбизоат баромадаанд. Онҳо дар натиҷаи бемеҳрӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон дар зиндагӣ роҳгум задаву бархе ба доми миёнаравҳо афтода, ҷисм ва рӯҳи худро ба фаҳшо омехтаанд.


Ҷомишиносон мегӯянд, духтароне мисли Ситораро ҳанӯз мумкин буд, аз ин роҳ нигоҳ дошт, аммо тақрибан ҳамаи падару модарон хатову ғалати фарзандони худро пазируфта наметавонанд ва осонтарин роҳро пеш мегиранд, яъне дур кардани чунин фарзанд ва буридани ҳамаи риштаҳо бо ӯ. Ва ин ҷо шарму ҳаё, азияти рӯҳӣ аз таънаи ҳамсояҳову хешу табор нақши ангезанда доранд.

Намоз Бобоев, раҳбари мактаби махсуси кӯдакони душвортарбия мегӯяд, дар ин ҳолат бори сарнавишти ин ноболиғон, ки маъмулан волидайн дар нахустин марҳилаи душворӣ аз онҳо шона холӣ мекунанд, комилан ба дӯши давлат меафтад. Аммо давлат тарбияи онҳоро танҳо то хатми мактаби махсус бар дӯш мегирад ва баъди он, яьне аз 17-солагӣ, онҳо дубора дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо ва бемуттако, бе ҷойи кор, бе таълиму тадрис ва бе сарпаноҳ мемонанд. Ва ягона роҳе, ки бақои зиндагии ин гуна духтарҳоро таъмин мекунад, бозгаштан ба бозори фаҳш аст.

Вай афзуд, «ба ростӣ, ман ин масъаларо аллакай чандин бор дар назди вазири корҳои дохилӣ ва ҳам вазири илму маорифи Тоҷикистон гузоштам, ки агар ин раванд пешгирӣ нашавад, он торафт густариш меёбад. Чунки бе ин ҳам аз рӯи шикояти волидайн метавон мушоҳида кард, ки алакай теъдоди наврасони танфурӯш афзудааст. Масалан, ман як хонаводаеро медонам, ки се духтари онҳо, ки аз 11 то 14 сол доранд, шабҳо аз хона мераванд ва то як ҳафта ба хона барнагашта, бо ҳамин кор машғул мешаванд. Ҳоло мо ҳамаи санадҳо ва ойинномаро барои таъсиси мактаб барои духтарони душвортарбияро тайёр кардем. Ҳоло танҳо пайдо кардани бино барои ин мактаб боқӣ мондааст. Аз рӯи ин нақшаҳои мо, ин мактаб то синфи 11 хоҳад буд ва дар ин баробар ба духтарон касбҳои мухталиф омӯхта мешаванд. Ва дар ин ҳолат ҳатто баъди хатми мактаби мазкур агар ин духтарон соҳиби касби муайян бошанд, аз ин роҳ баргашта, бо меҳнати ҳалол метавонанд рӯз гузаронанд.»

Ҳарчанд дар Тоҷикистон теъдоди фоҳишаҳои ноболиғ кам нест ва робитаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ аз 5 то 8 соли зиндонро дар назар дорад, чунин парвандаҳо зиёд нест. Аз сӯе ҳам фасоди молӣ ва маънавӣ, беэҳтиромӣ ба қонун ва вартаи афзояндаи байни қишрҳои иҷтимоӣ сабаб гаштаанд, ки ягон механизми ҷиддии мубориза бо фоҳишагарӣ то ҳол натиҷаи амалӣ надодааст. Биноан, гумон намеравад, бонги изтироби мақомот аз афзоиши танфурӯшии ноболиғон дар оянда боз баландтар садо надиҳад. То замоне ки ин бонги изтироб пардаи бефарқии ҳамаро бурида, ба гӯши ҳам ҷомеа, ҳам оила ва ҳам давлат бирасад.

Гузориш аз ҷараёни нишасти Кумитаи занон

Нишасти хабарии кумитаи занон

Нишасти хабарии кумитаи занон

Ба иттилои масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар соли 2013 1641 занону духтарони фоҳиша кашф шудааст, ки 338 зану духтар нисбат ба соли 2012 бештар будааст. Рӯзи 4 феврал дар нишасти хабарии ин кумита гуфта шуд, ки ҳатто 41 нафари онҳо духтарони ноболиғ будаанд. Дар маҷмӯъ дар соли гузашта 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд будааст.

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон сабаби ба фоҳишагӣ даст задани занону духтаронро ба сатҳи пасти маърифатӣ ва огоҳии худи занону духтароне, ки ба ин кор даст мезананд, марбут медонанд.

Ба гуфтаи мақомот, мизони ҷиноят аз сӯи занон ба сурати умум дар муқоиса ба як соли пеш ҳудуди 300 маврид бештар шудааст. Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "дар соли 2013 2357 ҷиноят тавассути занону ноболиғон содир шудааст. Аммо тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2013 дар қаламрави кишвар аз ҷониби занону духтарон1089 ҷиноят содир шудааст, ки нисбати ба як соли пеш 288 ҳолат зиёд аст."

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, занону духтарон бештар бо ҷиноятҳои дуздӣ, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Ҳамзамон ба таъкиди хонум Хидирова, мавориди талоқ миёни хонаводаҳо афзуда ва дар соли 2013 ин рақам 8194 мавридро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соле пеш 586 ҳолат зиёдтар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта дар қаламрави кишвар ҳудуди 7,5 ҳазор никоҳ сабт шудааст, ки дар нисбати соли 2012, 352 адад кам аст. Ба гуфтаи масъулони Кумитаи кор бо занон соли гузашта 11 мавриди талоқ тариқи телефони мобилӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аммо ба гуфтаи Махфират Хидирова, муроҷиати занону духтарон ва ҳатто мардон ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон афзуда ва дар соли гузашта 255 аризаи хаттӣ ва 584 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба кумита ворид шудааст. Ҳатто ба таъкиди хонум Хидирова, дар миёни муроҷиаткунандагон 53 нафари онҳо мардон будаанд.

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон ҳамчунин аз мавориди хушунат нисбати занон, ҳолатҳои худкушӣ ва худсӯзӣ тавассути занону духтарон изҳори нигаронӣ кард. Махфират Хидирова гуфт, ки "ин омилҳо мояи ташвиши мақомот ва ҷомеа аст ва иқдоме ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳои номатлуб рӯи даст гирифта мешавад."

Дар ин замина хонум Хидирова таъкид кард, ки "барномаи давлатии ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ таҳия шуда ва дар баррасии ҳукумат қарор дорад."
Ба гуфтаи хонум Хидирова, тасвиби ин барнома имкон медиҳад, то мушкилоти занон, хушунати хонаводагӣ ва дигар масоили марбут ба ҳаёти онҳо то андозае рафъ гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG