Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин созмони ҳимоят аз танфурӯшон дар Тоҷикистон


Ин созмон мегӯяд фоҳишаҳо дар Тоҷикистон қишри мавриди маломат буда, дар 6 моҳи соли равон 700 танфурӯш барои кӯмак ба ин созмон муроҷиат кардаанд.

Созмони ҳимоят аз танфурӯшон талош дорад, ки рӯспигии марду зан дар Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунии маъмурӣ муаррифӣ нашавад. Ин ташкилот, ки соле пеш бо ҳимояти молии созмонҳои ҳолландӣ дар пойтахти Тоҷикистон созмон ёфт, ба дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои танфурӯшон дар ин кишвар бархостааст.

Елена Иброҳимова, раҳбари ин созмон аз бими мавриди маломат қарор нагирифтан хост номи ташкилоти онҳо гирифта нашавад. Хонум Иброҳимова мегӯяд, аксари танфурӯшон дар ҷомеа пазируфта намешаванд ва чун афроди бекасу куй мемонад, ки созмони онҳо тавонистааст ин табақаро дар як марказ гирд орад ва аз онҳо ҳимоят кунад. Ин аст, ки марказ аз 10 корманд ва 8 нафар волонтёр ё ихтиёриён иборат аст, ки ҳамагӣ аз кӯчаи фоҳишагӣ гузаштаанд.

Елена гуфт, «аслан ҳадафи мо пешгирӣ аз густариши маризии ВИЧ/СПИД миёни ин шахсон ва наздикони онҳо мебошад. Аз ин хотир мо ба онҳо ба таври ройгон рифола тақсим мекунем, ҳамчуни барои ин тойфа заноне, ки дар кӯча мондаанд, барои муддате сарпаноҳ медиҳем. Аслан вақте пайвандон ва ё ҳамсояҳои ин занҳо дар мавриди кори онҳо огаҳ мешаванд, ба онҳо фишорҳо меоранд, аз хона пеш мекунанд, аз ин хотир ин занҳо ба мо муроҷиат мекунанд.»

Ба гуфтаи Елена Иброҳимова, онҳо бо нафароне ҳамкорӣ мекунанд, ки аллакай ба балоғат расидаанд. Ӯ мегӯяд, дар 6 моҳи соли равон ба созмони онҳо наздики 700 тан аз танфурӯшон муроҷиат кардаанд. Аз рӯи нақли ин мусоҳиби мо онҳое, ки ба фаҳшо даст мезананд, аксаран аз ноилоҷӣ ва вазъи бади иқтисодӣ ба ин роҳ мераванд. Яъне маъмулан духтаронро дар синни барвақтӣ, ки ҳанӯз ҳатто саводи кофӣ надоранд, хонадор мекунанд ва онҳо соҳиби 3-4 фарзанд мешаванд, шавҳаронашон ба муҳоҷират мераванд ва ҳамин тариқ оилаҳои худро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд.

Лолаи 28 сола, сокини ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ба танфурӯшӣ аз синнӣ 18 солагӣ шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи Лола, ӯ дар синни барвақтӣ аз модар ятим мондааст ва падар барои таҳсил дар мактаб барояш монеъ шудааст. Ӯро дар 16 солагӣ ба шавҳар медиҳанд ва баъд аз ним соли оиладорӣ шавҳараш бо гуноҳи қочоқи маводди мухаддир зиндонӣ мешавад ва ӯ бо мусоидати зани далла ба кӯчаи танфурӯшӣ меафтад.

Лола гуфт, «то ҳанӯз касе аз пайвандон ва ҳатто падарам намедонад, ки ман ба чӣ кор машғулам. Ман гоҳ-гоҳе ба аёдаташон меравам ва мегӯям, ки ҳамчун пешхидмат кор мекунам. Ман медонам, ки ҳеҷ кас намехоҳад, ки духтараш ба ҳамин кор машғул шавад, аммо тақдири ман чунин будааст. Ман хеле мехоҳам, ки соҳиби оила ва фарзанд бошам, аммо ба касе дигар бовар надорам, дилам аллакай мондагӣ аст. Маро қариб дар ҳама шӯъбаҳои милиса мешиносанд ва вақте баъд аз рейдҳо ба қабулгоҳҳо мебаранд, пул дода бе мушкил аз он ҷо мебароям ва боз ба корам идома медиҳам. »

Аммо Лола мегӯяд, тайи чор моҳе, ки дар созмони мазкур ба сар мебарад, ба танфурӯшӣ машғул нест ва мехоҳад зиндагияшро аз сар бигирад.

Вале ба фарқ аз Лола, Мирзои 27-сола яке аз дигар афроде, ки 8 сол ба танфурушӣ машғул аст, мегӯяд, барояш аз ин роҳ баргаштан дар шароите, ки саводи кофӣ ва ҷои кор надорад, мушкилтар аст. Вале ӯ кӯшиш дорад, ҷавонони раҳгумро аз ин иштибоҳ огаҳ кунад. Мирзо афзуд, «ман ба ин кор нофаҳмӣ ва дасткутаҳӣ машғул шудам. Ман падару модар надоштам, дар тарбияи бибиям ба воя расидам, зиндагии хеле сахтро пушти сар кардам. Дар кӯчаҳо шабро рӯз мекардам, билохира гумроҳ шудаму тавассути ҳамин машғулият нони худро пайдо мекардам. Бибиям вақте аз ин кори ман огоҳ шуд, сахт дар қаҳр буд, чанд моҳ бо ман гап намезад, аммо баъдан бо насиҳат гуфт, ки аз ин роҳам баргардам. Ман ҳам вақте бо чунин ҷавонон сӯҳбат мекунам, ба онҳо мефаҳмонам, ки ин роҳи хуб нест. »

Мирзо гуфт, дар ин созмон, дарси барномасозии компютерӣ меомӯзад ва ҳамин ки дониши худро мустаҳкам кард, касби дигареро пеш мегирад.

Дар ҳамин зимн Елена Иброҳимова, раҳбари нахустин созмони ҷамъиятии ақаллиятҳои ҷинсӣ дар мавриди ҳадафи бадрафторӣ, таҷовуз, ва тавтеъа қарор гирифтани танфурӯшон аз сӯи мақомоти милиса изҳори нигаронӣ кард. Ӯ мегӯяд, чун созмони онҳо аъзои Эътилофи мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошад, дархости худро дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи руспигарон ба Кумитаи СММ ироа карда буд .

Хонум Ибороҳимова афзуд, «мо аллакай тавсияҳои ин кумитаро дарёфт кардем ва ҳоло дар пайи таҳияи дурнамои фаъолият барои соли оянда ҳастем. То он даме, ки танфурушӣ ҳамчун қонунвайронкунӣ дониста мешавад, аксаран занону духтарон ба таври пиноҳонӣ ба ин кор машғул мешаванд, зеро дар ин замина рейдҳои зиёд гузаронида мешавад. Аз ин хотир муайян кардани ин афрод ва гузаронидани корҳо фаҳмондадиҳӣ миёни онҳо ва ҷилавгирӣ аз ВИЧ/СПИД хеле мушкил аст. Дар натиҷаи рейдҳо ин афрод ба қабулгоҳҳои махсус оварда мешаванд ва ба таври иҷборӣ ташхиси хуни онҳо гузаронида мешавад. Сипас натиҷаи ин ташхис дар пеши ҳама эълон мегардад, дар ҳоле ки чунин бархӯрд аллакай нақзи ҳуқуқ аст. Ҳамчунин кормандони милиса онҳоро тавтеъа мекунанд ва аз онҳо пул меситонанд. Кормандони ҷинсӣ бошад, аз тарси фишори мақомоти милиса барои шикоят ва навиштани аризаи даъвогӣ, худдорӣ мекунанд. »

Зимнан, тибқи оморӣ расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ теъдоди занҳое, ки даст ба фоҳишагӣ задаанд, дар кишвар қариб ба 20 дар сад афзуда, ин рақам ба 1 ҳазору 597 нафар баробар шудааст.Масъулони кумтаи кор бо занон мегӯянд, теъдоди занҳое, ки ба фоҳишагӣ машғуланд, дар муқоиса ба соли гузашта 248 нафар зиёдтар шуда, теъдоди духтарони ноболиғ миёни фоҳишаҳо расман 47 нафар арзёбӣ мешавад, ки синнашон ба 18 нарасидаанд.

Аммо дар мавриди ҷавонписароне, ки даст ба танфурушӣ мезананд, иттилои расмӣ вуҷуд надорад. Созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ низ омореро дар ин бора ироа намекунанд.
XS
SM
MD
LG