Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон як занеро барои ҷалби танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар боздошт кардаанд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки "кормандони фаврии раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми парвози ҳавопаймо ба самти шаҳри Дубай Сарвара Ҷӯраеваи 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт кардаанд".

Ба иттилои ин манбаъ "Сарвара ду духтари ҷавон - Фирӯза ва Гуландом, сокинони шаҳри Хуҷандро бо ваъдаҳои кор дар Дубай ва ба даст овардани пули калон ба он ҷо бурданӣ будааст, ки аз суи ниҳодҳои интизомӣ боздошт гардид".

Ҳамакнун нисбати Сарвара Ҷӯраева бо моддаи 132, яъне ҷалби одамон барои истисмор парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва худи вай дар ҳабс қарор дорад.

Манобеи дафтари матуботи вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, таҳқиқи муқаддамотии парвандаи Сарвара собит кардааст, ки вай муваққат дар Дубай ба сар мебарад ва бо маслиҳати пешакӣ бо маслаконаш дар ин шаҳр ҷавондухтаронро ба он ҷо мефиристад ва дар марказҳои дилхӯшӣ ба танфурӯшӣ истифода мешаванд.

Як зани ҷабрдида, ки нахост номаш инҷо ифшо шавад гуфт, "Сарвара ба ман гуфт, ки 3-4 зан ёфта диҳед, духтаратона мебарам, ҳамроҳи ман дар Дубай кор мекунад. Баъди он ки шиносномаи хориҷиамро омода кард, гуфт, шумо равед, дар он ҷо шуморо пешвоз мегиранд, номаш Манижа. Ҳар кадоматон ба ман 15 ҳазор долларӣ кор карда медиҳед."

Худи Сарвара Ҷӯравеа, низ ба ин аъмолаш иқрор шуда ва изҳори пушаймонӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик аз зиёд шудани шумораи занҳои фоҳиша изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз миёни 436 ҷинояти харидуфурӯши одамон давоми ҳафт моҳи соли 2013, ки ошкор шудааст як ҳолати ба фоҳишагӣ ҷалб намудан ва 129 ҳолати ташкил ва нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобиро мақомоти тоҷик ба қайд гирифтаанд. Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад 188 ҷиноят, сохтакорӣ ба хотири харидуфурӯши одамон 2 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ба истисмор шудани ҳуқуқи инсон рабт дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG