Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо наврас хушунат мебинад, аммо танҳо баъзеи онҳо лаб во мекунанд


Созмони иҷтимоии «Наҷоти кӯдакон» дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, хушунат зидди кӯдакону наврасон дар хонаводаҳои тоҷик ҳамоно рӯ ба афзоиш дорад.

Умедаи 16-сола мегӯяд, на танҳо аз навозиш, балки умуман аз дидори падару модари худ маҳрум аст. Онҳо ӯро чашми дидан надоранд. Падараш пайваста ӯро айбдор мекунад ва таъна мезанад. Сабаб ин аст, ки Умеда як сол пеш аз сӯи писари 23-солаи ҳамсояашон таҷовуз шуд.

Он вақт падару модараш дар Русия муҳоҷир буданд ва ӯ ҳамроҳ бо хоҳару додараш зери сарпарастии бибияш мезист. Умеда намедонад, он ҳодисаи нангин чӣ гуна иттифоқ афтод ва ҳар дафъа ёд овардани рафтори писари ҳамсоя ӯро шармсору афсурда мекунад. Падару модараш фикр мекунанд, Умеда худ ба ин роҳ рафтааст. Онҳо баъз аз бозгашт аз Русия аз Умеда рӯй тофтанд ва нахостанд, ӯро ба хона роҳ диҳанд. Ҳоло ба шарти бе иҷозат аз хона берун набаромандан дар манзили яке аз наздикони модараш ба сар мебарад.

Умеда мегӯяд: “Ҳарчанд ин коре, ки шуд, бо хоҳиши ман набуд, вале баъд аз бозгашт падарам маро пайваста таъна мекард. Ман маҷбур шудам, ки аз хона гурезам. Ҳар куҷо хоб мекардам, баъд ин хешамон маро ба хонааш овард.”

Ин духтари наврас яке аз даҳҳо қурбонии таҷовуз аст, ки то охирин лаҳзаҳо ба хотири аз даст надодани шаъну шарафи худ дар бораи бадрафторие, ки нисбаташ анҷом шудааст, даҳон намекушод. Аммо вақте, ҷои рафтан надошт, аз ноилоҷӣ, пушти дари созмони иҷтимоии “Наҷоти кӯдакон” омад ва муддате дар паноҳгоҳи ин созмон маслиҳати ҳуқуқиву равонӣ гирифт.

Ба гуфтаи кормандони маркази “Наҷоти кӯдакон”, танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ, ба ин муассиса дар минтақаи Кӯлоб беш аз 100 духтари ноболиғи аз 10 то 18-сола муроҷиат карданд, ки бештари онҳо бо шаклҳои гуногуни хушунат, ба мисли латукӯб, фишори равонӣ, издивоҷи бармаҳал ва таҷовуз ба номус рӯбарӯ шудаанд.

Қурбонгул Қосимова, раҳбари созмони иҷтимоии «Наҷоти кӯдакон» дар минтақаи Кӯлоб рӯзи панҷшанбеи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари ин ноболиғон аз оилаҳои “носолим” ҳастанд ва ин рақам як сол пеш камтар, яъне 85 адад буд.

Қурбонгул Қосимова, раҳбари созмони иҷтимоии «Наҷоти кӯдакон» дар минтақаи Кӯлоб

Қурбонгул Қосимова, раҳбари созмони иҷтимоии «Наҷоти кӯдакон» дар минтақаи Кӯлоб

Хонум Қосимова, бо нигаронӣ аз афзоиши хушунат нисбат ба кӯдакон дар ин минтақаи Тоҷикистон афзуд, 25 дарсади духтарони ноболиғе, ки ба созмони онҳо муроҷиат кардаанд, хушунати ҷисмониро аз сар гузаронида, 3 дарсад мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд. Аксаран чунин ҳодисаҳо аз ҷониби нафарони наздик ба қурбониён, ки аз бовар ва эътимоди онҳо бархӯрдоранд, сурат гирифтааст.

Қурбонгул Қосимова дар идома афзуд, ки созмони “Наҷоти кӯдакон” дар минтақаи Кӯлоб барои ҷабрдидаҳои хушунат, ба хусус духтарони ноболиғ 3 паноҳгоҳ ё хонаи махсус барои зиндагии муввақатӣ омода кардааст, кидар онҳо мешавад аз 3 то 10 рӯз истиқомат кард.

Раҳбари созмони иҷтимоии «Наҷоти кӯдакон» мегӯяд, хушунат ва нақзи ҳуқуқи атфол аз ноогоҳӣ ва пойин будани дониши волидон сурат мегирад ва аз ин хотир бар асоси таҳлилҳо дар Тоҷикистон ҳама намуди хушунат нисбати ноболиғон дида мешавад.

Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин афзуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2014 аз 650 нафар ҷабрдидаи хушунат, ки аз созмони “Наҷоти кӯдакон” дархости кӯмак кардаанд, 101 духтари аз 10 то 18-сола ва панҷ писари ноболиғи аз 10 то 14-солаа бо сабабҳои нофаҳмӣ дар оила мавриди хушунат қарор гирифтаанд ва аз сӯи падарон латукуб шудаанд: “Аксари онҳое, ки ба ташкилоти мо муроҷиат кардаанд, аз маркази шаҳр ҳастанд, зеро онҳо барои муроҷиат ба мо имконияти бештар доранд, ҳарчанд хушунат алайҳи духтарони то 18-сола дар минтақаҳои дурдаст низ кам нест. Ҳоло созмони «Наҷоти кӯдакон» тасмим дорад, дар минтаҳаҳои дурдасти Шӯрободу Ҳамадонӣ ва Фархор ҳам марказҳои махсус боз кунад."

Дар маҷмӯъ на танҳо хушунату зуроварӣ нисбати кӯдакон, аз ҷумла духтарони ноболиғ дар минтақаи Кӯлоб, балки дар навоҳии дигари кишвар ҳам ба мушоҳида мерасад. Ба хусус, охирин чунин хабаре, ки расонаӣ шуд, ин мавриди озори шаҳвонӣ қарори гирифтани як наврас дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як омӯзгор дар Истаравшан бо иттиҳоми “ҳаракатҳои бадахлоқона” нисбат ба як хонандаи синфи 8 хабар дод, ки беш аз як сол инҷониб дидаю дониста, нисбати ноболиғ зӯроварии ҷинсиро раво дидааст.

Созмони иҷтимоии “Наҷоти кӯдакон" аз ҷумлаи ташкилотҳои байналмилалист, ки давоми 20 сол аст дар минтақаи Кулоб фаъолият дорад. Ба иттилои масъулон, аз соли 1993 то ин дам, даҳҳо ҳазор кӯдаки камбизоату хушунатдида аз ин созмон ёриҳои ҳуқуқию равонӣ, ғизо ва дорувор гирифтаанд. Ба гуфтаи Қурбонгул Қосимова, созмони иҷтимоии “Наҷоти кӯдакон” дар соли 1993 дар пайи шикояти панҷ зане, ки ҳамсарони худро дар ҷанги шаҳрвандӣ гум карда буданд, таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG