Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз танфурӯшӣ дар кишвар синни балоғати духтарон бояд аз 16 ба 18 боло бурда шавад.

Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6-уми июн дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, ин метавонист дар ҷилавгирӣ аз афзоиши танфурӯшӣ дар кишвар кумак кунад. Оқои Назаров гуфт, дар қонун гсинни ба балоғат расидани духтарон 18 муайян шудааст, аммо бар асоси моддаи махсуси кодекси ҷиноятӣ, алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 расидааст, ҷиноят эътироф намешавад.

Ӯ пешниҳод кард, ки бо таҳрири моддаи 141 кодекси ҷиноӣ синни ҷиноят эътироф шудани алоқаи ҷинсӣ 18 таъйин шавад. Назаров афзуд: «Агар шахс 16- солаву якрӯза бошад, агар розигии тарафҳо бошад, ҷиноят ҳисоб намешавад. Дар ҳоле ки ӯ барои 18- сола расидан 2 соли дигар дорад. Ва яке аз сабабҳои зиёдшавии фоҳишагӣ ҳамин аст. Ҳол онки дар ин синну сол ӯро касе ба ҳамсарӣ гирад, он ҷиноят ҳисобида мешавад.»

Ба бовари мақомот ва ҷомеъашиносон, омили аслии ба танфурӯшӣ даст задани духтарон мушкилоти иқтисодӣ, аз қабили камбизоатӣ ва ба муҳоҷират рафтани сарпарастони хонаводаҳост.

Баҳром Абдулҳақов, муовини раҳбари идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои ислоҳии вазорати адлия ҳудуди 60 ноболиғ нигоҳдорӣ мешаванд: «Пеш ҳукмҳо нисбати ноболиғон зиёд буд. Дар 6 соли охир нисбат ба ноболиғон ҷазои махкумият аз озодӣ хеле коҳиш ёфтааст. Сабаб асосии тамоми чиноятҳои ноболиғон ин набудани маҳфилҳои чун октябриву пионерӣ дар кишвар аст. Новобаста ба ҷинояти содиршуда аз ҷониби ноболиғон ҳукми махкумият аз озодӣ барои онҳо аз 12 сол зиёд нест.»

Саида Камолова, ҷомеъашиноси тоҷик мегӯяд, новобаста аз синну сол алоқаи ҷинсӣ, ки бе розигии тарафайн ба амал меояд, ҷиноят дониста мешавад. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, то 18 боло бурдани синни балоғати духтарон шояд мавридҳои танфурӯширо коҳиш диҳад, вале давлат низ бояд барномаҳои ҳимоя аз ҳуқуқҳои ноболиғонро бештар кунад. Аз ҷумла барои онҳое, ки ба бадрафториҳои ҷинсӣ рӯбарӯ шуда, дар синни ҷавонӣ бадном мешаванд ва бархеаш ҳатто даст ба ҷони худ мезананд: «Дар ҳақиқат ин мушкили доғи рӯз аст, вақте як ноболиғ дар синни 16 ё 18 таҷовуз шудаасту тамоми орзуҳояш мемиранд. Ва вақте касе ӯро ба занӣ намегирад, чорае ба ҷуз аз танфурӯшӣ барояш боқӣ намемонад.»

Мақомот дар ҳоле боло бурдани синни бараъло ба балоғат расидани духтарон аз 16 ба 18-ро пешниҳод мекунанд, ки тибқи омори расмӣ, дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ 28 мавриди фоҳишагии ноболиғон ошкор ва дар қиболи ин мавридҳо парванда боз шудааст.

Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд омори дақиқеро дар мавриди маҳз ба иллати баномии ҷинсӣ даст ба ҷони худ задани ноболиғонро дар даст надоранд, вале, ба гуфтаи ӯ, дар бисёр маворид, духтарон маҳз пас аз мавриди таҷовуз ё бадрафтории ҷинсӣ қарор гирифтан ва ба номашон часпидани доғи «сабукпоӣ» худкушӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG