Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муйи гирди тоқӣ - мӯде, ки эҳё мешавад. ВИДЕО


Ороиши муйи гирди тоқӣ ахиран дар Тоҷикистон маъмул шудааст ва хотираҳоро ба ёди солҳои Душанбеи солҳои ҳаштоди қарни гузашта мебарад, ки ин шеваи ороиши мӯй он замон миёни духтарон муд буд.

"Ман бо духтаре вохӯрдам" -- маҳз ҳамин шоҳкории синамои тоҷик, ҳанӯз дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта миёни духтарони тоҷик бастани гесу дар гирди тоқиро маъмул ва муд кард. Мӯде, ки баъдан чанд даҳсола духтарони Душанбеи қадимиро зеб дода, онҳоро ба як рамзу намоди пойтахти Тоҷикистон табдил дод.

Дубора эҳё шудани рамзи зебоӣ ва яке аз рамзҳои Душанбе -- яъне маъмул шудани ороиши мӯйи гирди тоқӣ, насли миёнсолро ба ёди рӯзҳои ҷавонӣ ва Душанбе замони шӯравӣ мебарад.

Насле, ки ҷавониҳои худро дар солҳои 60-80 сипарӣ кардаанд, мегӯянд, Лола -- қаҳрамони аслии филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” дар миёни ҷавондухтарон аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор буд ва чунин гесубандӣ хеле барояш зеб медод. Дар пайравӣ ба ӯ ҳам дар авоили солҳои 1960 бештар ин мӯди мӯй дар миёни духтарон, махсусан донишҷӯён роиҷ шуд.

Ҳоло қариб ҳар зани зери синни 60 -70 ва таҳсилдидаи тоҷик дар албоми аксҳои ҷавонияш ҳатман аксе бо чунин ороиши мӯй дорад. Мисли Бибишарифа Ҳакимова -- омӯзгори 70-солаи яке аз мактабҳои шаҳр, ки бо ёдоварӣ аз солҳои ҷавонии худ мегӯяд, аз духтарони хушсалиқаи шаҳр буд ва ҳамеша дар чорабиниву идҳо гесуҳоро дар гирди тоқӣ оро медоданд.

“Ин навъи ороишро тоқии гирди сар мегуфтем. Мана ин акс аз як рӯзи дарсии мо аст. Як гурӯҳ духтарон бо маслиҳат куртаҳои атласи якхела пӯшидаву гесуро гирди тоқӣ тоб додем ва аксгирӣ рафтем. Мӯйи ман қариб якуним метр буд ва хеле зебо мешуд. Меҳмонҳое, ки аз дигар кишварҳо ба Душанбе меомаданд, бо ҳавас ба либосҳои мо нигариста, ҳатто бо мо акс мегирифтанд.”

Мӯйи гирди тоқӣ дар Тоҷикистон муд мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Бибишарифа то имрӯз тоқиҳои худ ва куртаҳои атласи чокдорашро ҳифз кардааст. Мегӯяд ҳарчанд синну солаш ба ӯ иҷоза намедиҳад мӯяшро чунин ороиш диҳад, аммо то ҳанӯз ин тарзи ороиши маъруфи мӯй дар замони ҷавониашро хуб дар хотир дорад ва бо майли том ба духтарону шогирдонаш дар ин кор кӯмак мерасонад. “Бо тоқии зард, атласи зард ва бо тоқии сафед атласи сиёҳу сафед мекардем. Тоқиро пӯшида аз ду тараф онро мустаҳкам карда, баъдан мӯйро гирдаш мепечондем. Ҳама мӯйи дароз дошт он вақт ва хеле зебо ба назар мерасид”,-мегӯяд ӯ.

Насле, ки ҷавониҳояшон дар солҳои 60-80 гузаштааст, мегӯянд, бештар ҳунармандон ва овозхонони тоҷик дар даврони Шӯрави чунин шеваи бастани гесуро истифода мекарданд. Аммо муаллимон ва коргарони оддӣ танҳо зимни ширкат дар маросимҳо, аз қабили арӯсӣ ё дигар маросимҳои хонаводаги, тоқӣ ба сар мекарданд. Маъмулан ин навъи ороиши мӯйро занон бо либоси хушдӯхти атласи гиребондор ва ё либосҳои аврупоӣ, истифода мекарданд.

Аммо тайи чанд соли ахир ҳам мушоҳида мешавад, ки дар ҳошияи носталжӣ ба муди Шӯравӣ, бархе аз занону духтарон дар шаҳр ба вижа чеҳраҳои саршинос бо мӯйҳои гирди тоқӣ орододашуда дар саҳна зоҳир мешаванд. Нигина Амонқулова, овозхони тоҷик аз аввалинҳое буд, ки пас аз чанд даҳсола дигарбора ороиши мӯйи духтарони Душанбеи қадимиро зинда кард.

Шоираи Раҳимҷон ҳам, ки дар маҳфилҳои ахири эҷодиаш бештар бо тоқӣ ва мӯйбандии шабеҳ ба замони шӯравӣ рӯйи саҳна меояд, мегӯяд, вақте хурд буд, ҳамеша ҳаваси ороиши мӯйю тарзи либоспӯшии модарашро мехӯрд ва маҳз ёди ҷавониҳои зебои модар ҳам ӯро тоқибасар кард.

Шоираи Раҳимҷон.
Шоираи Раҳимҷон.

“Модари ман, ки дар мактаби миёна муаллима буданд, ҳар рӯз ба дарс бо ана ҳамон тоқӣ ва мӯйи орододашуда ба мактаб мерафтанд. Бо чунин ороиши мӯй ӯ ҳамчунин ҳамеша моро дар рӯзҳои ҷашнҳои гуногун ба тамошои пойтахт меовард ва он рӯзҳо барои мо воқеан ҳам як фараҳ буд, ки мо пойтахтро медидем.”

Мадина -- корманди яке аз ороишгоҳҳои шаҳр мегӯяд, ҳоло аксар духтарон бештар дар ҷашнҳои арӯсӣ ва идҳое мисли Наврӯз ё мулоқоти расмӣ мехоҳанд мӯйҳои худро ба чунин шакл оро диҳанд: “Мо албатта ба шакли ҳозиразамон мӯйҳои онҳоро дар атрофи тоқӣ ороиш медиҳем. Аввал духтарон оддӣ мебофтанду тоб медоданд, мо ҳоло метавонем ин корро беҳтару зеботар кунем. Бисёр арӯсон ҳоло рӯзи аввали тӯй мӯйҳои худро бо тоқӣ ороиш медиҳанд. Ин аллакай барои онҳо ҳатмист.”

Дубора эҳё шудани рамзи зебоӣ ва яке аз рамзҳои Душанбе, яъне маъмул шудани ороиши мӯйи гирди тоқӣ насли миёнсолро ба ёди рӯзҳои ҷавонӣ ва Душанбе замони шӯравӣ мебарад. Бибишарифа Ҳакимова, яке аз ҷавонони хушсалиқаи солҳои 80 ҳам мегӯяд, бо дидани духтароне бо куртаҳои кӯтоҳи атласу тоқӣ ва гесувони орододашуда дар хиёбонҳои пойтахт, Душанбеи зебои солҳои ҷавонии худро ёд меораду хеле хушҳол мешавад.

XS
SM
MD
LG