Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи як пажӯҳиш дар Олмон, мардҳо ба хотирӣ ба даст овардани муваффақиятҳои касбӣ кӯшиш мекунанд, то ҳадди аксар ба намуди зоҳирии худ таваҷҷӯҳ кунанд.

Ин назарсанҷӣ нишон додааст, ки аксари мардҳои олмонӣ то ним соати вақти худро ҳамарӯза дар назди ойина сипарӣ мекардаанд. Дар ҳоле ки аксари занҳо барои ороиш ҳамагӣ 26 дақиқаро кофӣ медонанд.

Пажӯҳишгарони амрикоӣ низ муайян кардаанд, ки дар ишғоли ҷойҳои корӣ ва рушди карйера мардҳои хушсурату хушлибос шонси бештар дошта, маоши баландтарро соҳибанд.

Фарқи мардони тоҷик аз мардони олмонӣ

Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Мардҳои тоҷик чӣ қадар вақти худро дар рӯ ба рӯйи оина сарф мекунанд ва то куҷо ба ин андеша розӣ ҳастанд?

Ҳануз пажӯҳише муайян накардааст, ки мардону занон дар Тоҷикистон чӣ қадар вақти худро барои ороиши зоҳирияшон дар назди оинаҳо сарф мекунанд.

Вале ба як пурсиши сарикӯчагии мо иддае аз чавонписарон гуфтанд, ки аксаран ҳар субҳ онҳо ҳудудан то 15 дақиқа вақти худро барои интихоби либосу ороиши рӯю мӯй сарф мекунанд, ки албатта ба фарқ аз мардони олмонӣ ва дар муқосиа ба фурсате, ки занону духтарони мо дар назди оинаҳо «дар ихтиёр доранд», хеле камтар будааст.

Ҳамсӯҳбатҳои мо дар ин маврид назарҳои мухталиф доранд:

  • «Ислом ҳам зебогӣ ва тозагиро мепарастад. Ва бояд ҳар як фарди мусалмон покиза бошад. Давраи донишҷӯӣ ҳар субҳ риш мегирифтем ба худ диққат медодем. Аммо ҳоло ба тозагӣ ҳам риоя кунам, вале аз сабабе, ки корам талаб намекунад, яъне ронанда ҳастам ба сару либос кам таваҷҷуҳ мекунем.»
  • «Аслан дар назди ойина ман хеле вақти ками худро сарф мекунам. Чунки ин баройи ман зарур нест, либосҳоямро мепӯшам ва як ба ойина назар мекунам, ки ҳамма ба тартиб аст ва зуд аз пайи кор мебароям, вале дар интихоби либос каме вақтам сарф мешавад, ман бояд чанд дақиқа интихоб кунам, ки кадом либоси мувофиқ ба он рӯз ва ба боду ҳавои онрӯзаро бипӯшам.»

Бо ин ҳол, аксари хамсӯҳбатони мо, чӣ аз чумлаи чавонписарон ва чӣ аз ҷавондухтарон, бовар доранд, дилкашу сарҷамъ ва зебо будан дар тамоми рӯз ба кори онҳо ва дар маҷмӯъ ба тавсеаи карйераи инсонии онҳо нақши муҳиме дорад.

Манфиати олуфтагӣ

Аҳрор, як ҷавони ҳамсӯҳбатам, дар ин зимн худро мисол овард, ки аксаран ба намуди зоҳириаш чандон таваҷҷӯҳ намекунад ва лаҳзаеро ҳам назди ойина сарф накарда, аз хона берун мешуд, вале имрӯз ғайримаъмулӣ ба сару рӯй ва андоми худ вақт ҷудо карда,ба қавле тозаву озода ба кор омад ва мегӯяд, эҳсос намуд, ки воқеан ба фарқ аз дигар рӯзҳо таваҷҷӯҳ ва муносибати атрофиён нисбати ӯ тағир ёфтааст.

Аҳрор ба ин бовар аст, ки 50 дарсади муваффақияти шахс ба вижа ҳангоми дарёфти ҷои кор ба намуди зоҳирӣ ва дилкаш будани ӯ вобастааст.

Пажӯҳише муайян кардааст, ки дар нахустин сӯҳбату мулоқот 75 дарсади таваҷҷӯҳи инсон ба намуди зоҳирии ҳамсӯҳбаташ, 15 дарсад ба овоз ва баъдан 7 дарсад ба мӯҳтавои суҳбати ӯ равона мешавад. Илми равоншиносӣ ҳам тасдиқ мекунад, ки таассуроти нахустин аз инсон, аз намуди зоҳирии ӯ баргирифта мешавад ва ин таассурот баъдан метавонад дар пешрафт ва ё баръакс дар пасрафти кори шахс нақши муҳим бозад.

Симои шахс - баёнгари ботини ӯст?

Ва аммо равоншиноси тоҷик Ёраҳмад Валиаҳмад мегӯяд, бо равона кардани таваҷҷӯҳи зиёд ва баҳогузорӣ ба андому сурати зебо метавон ба иштибоҳҳои зиёде роҳ дод. Ва ё аслан чаро баҳои аввалро инсонҳо ба намуди зоҳирӣ медиҳанд?

«Чунки аксарияти мардум доираи баланди донишҳои психологиро надоранд, ки бо як дидан ботини ӯро дарк кунанд. Аз ҳамин ҷиҳат метавонанд дар баҳодиҳӣ ба шахсиятҳо иштибоҳ кунанд», -мегӯяд ӯ.

Ва аммо зебоишинос Малика Ҷурабекова мегӯяд, вохӯрӣ ва мулоқот бо одами дилкашу форам ва хушлибосу озода барои кас хеле хуш аст ва метавонад ба ҳамсӯҳбати ӯ ҳам як руҳи тоза бахшад. Аммо ба бовари хонум Ҷурабекова, аксаран мардони тоҷик ҳам аз занон камтар вақти худро назди ойина ё барои ороиши зоҳирии худ сарф намекунанд, вале чун завқи хуби бадеӣ надоранд ва беаҳамиятанд, кӯшишҳои онҳо барои зоҳиран зебову дилкаш шудан кам натиҷа медиҳад.

Намуди зоҳирӣ - васила барои карйера

Ба қавли зебоишинос Малика Ҷурабекова, аз намуди зоҳирии худ барои рушди карйера ва муваффақият дар Тоҷикистон занону мардон кам истифода мекунанд.

Аммо Талабшоҳ Муқимов ситораи телевизион, чеҳраи ошно барои ҳама ҳамсолони тоҷикаш ва қаҳрамони чандин филмҳои тоҷикӣ мегӯяд, барои даст ёфтан ба ин ҳама муваффақиятҳо ва шӯҳратёр шудани ӯ намуди зоҳириаш сабаб шудааст.

Талабшоҳ мегӯяд, ӯ аз қабл аз замоне ҳам, ки як ҷавони оддии донишҷу буд, ба сару либос ва рӯю мӯйи худ таваҷҷӯҳ ва вақт ҷудо мекард. Барои пайдо кардани тарзи ороиши хос ба мӯйи худ ва интихоби либосҳои мувофиқу зебанда ба сурату андом, ӯ аз машварати муттахассисону ороишгарон истифода мекунад.

Вай мегӯяд, «ман аз замоне, ки вориди телевизион шудам, як чеҳраи намоён шудам ва дар филмҳо нақш бозидам, таваҷҷӯҳам ба зоҳир боз ҳам бештар шуд. Ин хусусиятҳо, яъне оро додани рӯю мӯй, интихоби мувофиқи либос ва тоза будан барои кору саҳна бисёр муҳим аст.»

Чӣ гуна метавон хушсурату хушлибос шуд?

Вале Малика Ҷурабекова зебоишиноси тоҷик, мегӯяд, барои дилкашу хушандом будан зарур нест, ки либосҳои гаронбаҳо ба бар кард ё маблағи зиёд сарф намуд, муҳим тозаву озода будан ва завқи баланди интихоб доштан аст. Аммо бо ин ҳама, меафзояд ӯ, бояд то андозае ҳамқадами замона ҳам буд.

Вай меафзояд, «ҳамеша тоҳир будан, яъне тозаву дилкаш будани шахсият муҳим аст. Ҳатман мӯйи сар ба тартиб ва шона карда шуда бошад. Атр зада бошед. Кӯшиш кунед атреро интихоб кунед, ки бӯйи бад надоша бошад. Ҳатман писарон ва ҳам духтарон ҳар рӯз либоси тоза бипӯшед. Кӯшиш кардан даркор ба ин ҳама талаботҳо ҷавобгӯ бошед.»

Равоншиносон ба ин боваранд, ки сурат ва шакли зоҳирии инсон, масалан хушлибосу хушру ва хушсуҳбат будан низ метавонад ба сирати кас таъсири мусбате гузорад. Пас, шумо ҳам зебову дилкаш бошед, то сирататон чун зоҳиратон зебо ва ҷаззоб бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG