Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биё, ки зулфи каҷу кокули дароз инҷост. Чиниҳо аз мӯйи сар чӣ месозанд?


Дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ширкати чиние фаъол шудааст, ки аз мардум мӯйи сар мехарад. Афроди алоҳида, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ё бархе аз лӯлиҳо (ҷӯгиҳо) дар ин навъи тиҷорат ба чиниҳо кӯмак мекунанд.

Мақсадой Муродова, сокини Шаҳринав, ки 30 сол боз мӯйи рехтаи худро ҷамъ кардаву ба ҳар ҷо партофтани онро раво намедонист, ҳеҷ фикр намекард, ки рӯзе ба ин муйҳои кӯҳнаву ҷӯлидааш рӯзе харидор пайдо мешавад. Ба қавли холаи Мақсадой, рӯзе ду зани лӯлӣ ба дари хонааш омада, аз ӯ муйи сар пурсиданд. Вай низ бар ивази табақчае мӯйи сари худро, ки солҳо боз ҷамъоварӣ мекард, додааст.

Холаи Мақсадой мегӯяд, "ҳоло ҳам омада мӯй мепурсанд. Касе дорад, мефурӯшад ва харидорон гирифта рафтан мегиранд." Мусоҳиби мо дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ҳарчанд ин тиҷорати "тоза" он қадар манфиатовар нест, вале таваҷҷӯҳи ҳамдеҳагонашро ҷалб намудааст. Ба қавли ӯ, ҳатто сокинони ин деҳа кӯшиш мекунанд, на танҳо мӯйҳои худ, балки аз хешу наздикон ва шиносҳояшонро низ ҷамъоварӣ карда, бифурӯшанд. Аммо ба таъкиди холаи Мақсадой дар куҷо ва бо чӣ мақсад истифода шудани мӯйҳояшон барои аҳли деҳ сирри нокушода боқӣ мемонад.

Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки феълан ин тиҷорат на танҳо дар ноҳияи Шаҳринав, балки тақрибан дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доман паҳн мекунад. Чунон ки маълумамон гардид, харидорони асосии мӯйҳои занони тоҷик шаҳрвандони Чин будаанд.

Халтаҳои пур аз мӯйи сари одамон
Халтаҳои пур аз мӯйи сари одамон
Дилафрӯз, сокини Душанбе, ки дар ҳамсоягӣ бо нуқтаи қабули мӯй, воқеъ дар кӯчаи Сурхоб зиндагӣ мекунад, гуфт, ҳамарӯза одамони зиёд ба инҷо халтаҳои мӯйро меоранд ва ба чиниҳо мефурӯшанд. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ҷамъ шудани мӯйи зиёд, мошинхои борбар, ин молро ба Чин интиқол медиҳанд. Дилафрӯз дар ин бора мегӯяд, "хитоиҳо мӯйҳоро ба навъҳо ҷудо мекунанд. Мӯйҳои рехтагиро бисёртар қабул менамоянд, мӯйҳои кӯтоҳи буридагиро бошад, не. Дарозии мӯй бояд аз як ваҷаб кам набошад."

Бо ҳадафи аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо ин тиҷорати нави ҳамсоягони чинӣ ба нуқтаи қабули мӯйҳо дар шаҳри Душанбе рафтем. Ҳангоме вориди хонаи чиниҳо шудем, онҳо аз ду нафар лӯлитабор мӯй қабул мекарданд. Он ду нафар лӯлӣ, ки ба чиниҳо се халта мӯй оварда ва мизоҷи доимии онҳо будаанд, худро сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон муаррифӣ карданд. Аммо аз изҳори назари бештаре худдорӣ намуданд.

Ши Хун Кия, яке аз соҳибкорони чинӣ, ки ин тиҷоратро дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст, гуфт, онҳо тобеи як корхонаи чинии "парик"-созӣ ҳастанд ва ин бизнесро дар аксари давлатҳо, назири Узбакистону Тоҷикистон ва ғайра густариш додаанд ва аз ин фоидаи хуб ҳам мегиранд. Ши Хун Кия гуфт, "мо аз моҳи июли соли 2011-ум дар Тоҷикистон фаъолият дорем. Дар Тоҷикистон ду нуктаи қабули мӯйро ташкил кардаем. Якеи он дар Хуҷанд ва дигаре дар Душанбе фаъол аст. Мо мӯйҳоро ҷамъ карда, ба Хитой равон мекунем ва дар онҷо коркард карда, "парик" месозему ба дигар кишварҳо, аз ҷумла худи Тоҷикистон мефурӯшем."

Чиниҳо мӯйи сари тоҷиконро мехаранд...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим


Мувофиқи гуфтаҳои ин шаҳрвандони Чин онҳо як кило мӯйро вобаста ба дарозӣ ва сифаташон аз 30 то 300 сомонӣ ва аз он ҳам зиёд аз тоҷирон харидорӣ мекунанд. Ҳоло ба таъкиди онҳо ин тиҷораташон дар Тоҷикистон рушд мекунад ва дар сурати хуб идома ёфтан, онҳо муддати зиёдтаре дар Тоҷикистон хоҳанд монд.

Ин дар ҳолест, ки Истамой Азизова, як тан сокини кишвар мухолифи рушди ин навъи тиҷорат дар кишвар аст. Зеро ба бовари ӯ, мӯй - давлати сар аст ва онро набояд ба як чизҳои камбаҳое иваз намуд. Бибии Истамой афзуд: "Омаданд назди мо гуфтанд мӯйи саратонро фурӯшед, мо розӣ нашудем. Беҳтараш зери хок кунем, онҷо тоза меистад. Бе огоҳӣ аз он ки ин мӯйҳо дар куҷо истифода мешаванд, мӯйи сарро фурӯхт. Мумкин онҳо зери по мекунанд ё дар ҷойи ҳаром мегузоранд, баъд сар дардманд мешавад."

Давлатмурод Ҷумъаев
Давлатмурод Ҷумъаев
Дар зимн, мушоҳидаҳо ҳокист, ки имрӯз баъзе занҳо мӯйҳои дарози худро қайчӣ мезананд ва ба чунин харидорон бар ивази маблағи хуб ҳам мефурӯшанд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба "дандоншикан" будани нархи мӯйҳои сунъӣ ё парикҳо дар Тоҷикистон коршиносон, бар ин назаранд, ки агар чунин тиҷорат аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ба роҳ монда шавад, даромади хубе хам ба буҷаи кишвар ба даст хоҳад омад. Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси тоҷик, гуфт, "чинӣ сар кардааст ин корро, тоҷик мебинаду таҷриба мегирад ва баъд идома медиҳад. Албатта, дар байни тоҷикҳо ашхосе ҳам пайдо хоҳанд шуд, ки ин корро омӯзанд ва тибқи талаботи байналмилалӣ парик истеҳсол намоянд..."

Тиҷорати мӯй тавассути бархе аз соҳибкорони чинӣ дар ҳоле густариш меёбад, ки муддати чанд соли ахир, ҳукумат аз тариқи созмон додани озмуну ҷашнвораҳо мӯйи зан ва ороиши онро таблиғ мекунад. "Чакомаи гесӯ" аз ҷумлаи ин гуна ҷашнвораҳост, ки дар сатҳи кишвар ва бо ҳузури раисиҷумҳур дар толори "Кохи Борбад" сурат гирифт. Занону духтарони тоҷик анъанаи ороиши мӯй ва дарозу шинам будани онро барои бонуи тоҷикро ба маърази тамошо гузоштанд.

Аммо ҳамакнун, ин суол посухи худро мехоҳад, ки дар ҳоле тиҷорати мӯй тавассути соҳибкорони чинӣ дар Тоҷикистон авҷ мегирад, оё зани тоҷик ороиши мӯйи дарози чилкокулро болотар мегузорад ё манфиати молиро?
XS
SM
MD
LG