Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонувони тоҷик аз гаронии нарх дар ороишгоҳҳо шикоят мекунанд, аммо дар миёни онҳо касоне ҳам ҳастанд, ки маҷбуранд, ин қиматиро таҳаммул кунанд.

Меҳрӣ, омӯзгори забони англисист ва даромади хуб дорад. Вале дар байни каме бештар аз як соат дар пардозхонаи «Амина»-и пойтахт маоши якмоҳаашро гузошту берун омад. Вай барои ороиши муй, рӯй ва нохунҳои дасту пойяш 700 сомонӣ дод. Шояд нархи муқаррарии хадамот дар ороишгоҳҳо ин гуна баланд набошад, вале вақте ки ба пардозгарон гуфта мешавад, ки ба бону бояд сару симои арӯсӣ дода шавад, нархномаҳо тағйир меёбанд.

Меҳрӣ гуфт, бори аввал ба кошонаи ҳусн омадааст ва он ҳам дар чаҳорчӯби омодагӣ ба тӯйяш як иқдоми мабурӣ буд. Ба қавли Меҳрӣ, ороишгарон аз ӯ танҳо барои чидани абрӯвонаш 100 сомонӣ хостаанд. Ин дар ҳолест, ки чидани абрӯ, одатан аз 20 то 50 сомонист. Дар посух, пардозгарон мегӯянд, абрӯвони Меҳриро бори аввал чидаанд ва нахустин бор шаклбандӣ кардани абрӯвон заҳмати бештар дошта, харҷро дучанд мекунад.

Аммо Руқия, ки арӯси ояндаро оро медод, сабаби гаронии хидмати ороишгоҳҳоро ба Кодекси нави андоз ва болоравии андоз рабт дод. Ӯ гуфт, қаблан нархномаҳо то ин ҳад баланд набуданд, аммо азбаски андоз боло рафт, мо ҳам маҷбур шудем нархи хизматрасониро боло барем: «Барои мо низ кор кардан дар пардозхона мушкил аст. Аз рӯи нақша мо бояд ҳар рӯз сад сомонӣ пардохт кунем. Хоҳ кор мекунем хоҳ не».

Дар ҳафт ороишгоҳе, ки аз онҳо дидан кардем, нархномаҳо нав шуда буд: чидани абрӯ 40 сомонӣ, барои арӯсон аз 60 то 100 сомонӣ, ороиши мӯй барои муштариёни маъмулӣ аз 50 то 150 сомонӣ, аммо барои арӯсон аз 300 то 500 сомонӣ, ороиши нохунҳо барои муштариёни маъмулӣ аз 20 то 40 ва барои арӯсон аз 60 то 80 сомонӣ арзиш доштанд.

Муштарии дигари ороишгоҳи «Амина», ки Меҳрангез ном дорад, мегӯяд: «Нархҳо фарқ мекунанд. Гарон аст, аммо зебогӣ қурбонӣ мехоҳад. Бинобар ин маҷбур ҳастем гӯем ҳам, хато намекунем».

Ороишгоҳ барои арӯсшавандагон навъҳои махсуси бофт ва ороиши мӯйро пешниҳод мекунанд ва нархи онҳо аз 400 сомонӣ болотар аст. Меҳрӣ мегӯяд, вай чунин маблағ сарф карда натавонист ва бо навъи одитари ороиш қонеъ шуд.

Аммо тӯйи арӯсӣ воқеаи ғайриоддист ва падароне ҳастанд, ки ба ин муносибат саховатпеша шуда, аз мӯйпардозии баробар бо 700 сомонӣ низ худдорӣ намекунанд.

Фарангис, ки дар ороишгоҳе интизори навбат гуфт, баъди 15 рӯз тӯй дорад. Вай донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ, духтари шахси пулдор аст. Падараш барои ороиши нохун ва мӯи ӯ 1000 сомонӣ дода, ба 4000 сомонӣ пироҳани фавқулода зебои арӯсиро иҷора гирифтааст: «Падарам ба ғайр аз пардохти маблағи кошонаи ҳусн ва либоси арӯсӣ боз дар бист ҳазор доллари дигар бароям ҷиҳози арӯсӣ харид. Ду гарданбанди алмосӣ».

Фарангис мегӯяд, қарор буд, 50 дарсади маблағи ороишро домод диҳад, аммо модари Фарангис ба ин розӣ нашудааст. Ороишгарон афсӯс мехӯранд, ки муштариҳое мисли Фарангис зиёд нестанд.
XS
SM
MD
LG