Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мегӯянд, ҳар чизи наве, ки меояд, дар асл шакли навшудаи ҳамон чизи ошност. Ҳунари холкӯбӣ бо нақшу шеваи акнун аврупоӣ ва ғарбӣ дубора ба фарҳанги ороишоти мардуми тоҷик бармегардад.

Ва исми он ҳам ба пайравӣ аз фарҳанги хориҷӣ на холкӯбӣ, балки тату аст.

Мастура
Бо Мастураи 22-сола мо дар кошонаи ҳусни эронии ба номи «Гугуш», ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ барои татуаж ва ё рангу бори чашму абрӯи худ омадааст. Мастура мегӯяд, аслан аз сурати абрӯи табии худ шикояте надорад, вале мисли бисёр духтарҳо мехоҳад зеботар шавад:

«Ман муддати шаш моҳ аст, ки аз чашми сунъӣ ё линза ва мижаи сунъӣ истифода мекунам. Абрӯвонамро ҳам болотар мекунам, то зеботар шавам».

Ба гуфти ороишгарони ин мӯд, баъди тавассути тату кашидани абрӯвони нав, Мастура то се сол метавонад ба онҳо муроҷиат накунад, чунки ин навъи ранг хеле пойдор ва ҳамзамон гаронтар будааст.

Тарошидани абрӯ

Агар имрӯз ба симои духтарону занони ҷавон таваҷҷӯҳ кунед, мебинед, ки дигар аз абрӯи ғафсу дароз ва пайвандие, ки суннатан ба духтарҳои тоҷик хос аст, нишони кам мондааст. Ҳоло абрӯи бархе духтару ҷавонзанҳо гӯё шакли ягона дошта, барои ба як шаклу қолаби зебо расидан на чида, балки тарошида мешаванд. Шакли ҳосилшуда баъдан татуаж ё холкӯбӣ мешавад ва имкони то чаҳор-панҷ сол ҳифз шуданро пайдо мекунад.

Мижгона, муассиси яке аз кошонаҳои ҳусни шаҳр ва ороишгари рӯю мӯй аст, ки ҳунари татуажро дар Малайзия аз дарсҳои ороишгарони эронӣ омӯхтааст. Мижгона мегӯяд, «навъи абрӯҳое, ки имрӯз миёни
Мижгона
ҷавондухтарони тоҷик ба қавле мӯд шудааст, хоси фарҳанги ороиши ҳусни занони араб ва кишварҳои ғарбӣ аст”. Ӯ розӣ шуд ба "Ояндасоз" тарзи иҷрои ин корро шарҳ диҳад: нахуст қисми поёнии абрӯ тарошида шуда бо сӯзан ва рангҳои махсус нақши абрӯи нав каме болотар кашида мешавад. Аз ҳисоби ин, ки ин нақшу нигор рӯи пӯст анҷом мешавад, мӯҳлати пойдории он то чанд сол арзёбӣ мешавад. Қимати чунин хизматрасонӣ 50 то 100 долларро ташкил медиҳад.

Ҳангоми сӯҳбат бо хонум Мижгона, ба ӯ духтаре барои гузоштани мижгони сунъӣ муроҷиат кард. Ин ороишгар мегӯяд, имрӯз дар баробари тағйири абрӯ, духтарон аз мижгонҳои дарози сунъӣ ҳам зиёд истифода мекунанд. Ингуна мижаҳо чанд навъ дошта вобаста ба сифаташ арзиши он аз 50 сомонӣ то 50 долларро ташкил медиҳад. Ин навъи мижгон болои мижаҳои табии одам бо як тарзи хос пайваст карда мешавад.

Арзиши зебоӣ

Истифода аз нохуну мӯи сунъӣ чандин сол аст дар Тоҷикистон миёни занҳо роиҷ шудааст. Баробар бо афзоиши ҳунари ороишгарҳо, арзиши ин хидматрасонӣ ҳам афзуда ҳоло аз 80 то 300 сомониро ташкил медиҳад. Пайванди мӯи табии дар ороишгоҳҳои Душанбе то 300 доллар будааст.

«Зебоигароӣ ҳам марз дорад»

Дар шароите, ки бисёриҳо барои ислоҳи ҳунари табиии сураташон ба ороишгоҳҳо рӯ оварда, баробар бо зебоӣ ба қавле эътимод ба нафси худро боло мебаранд, бархе равоншиносон мегӯянд, “зебоигароӣ ҳам марзу ҳудуд дорад”. Дар пурсиши «Ояндасоз» асосан занҳои миёнаву пиронсол, ҷонибдорони ҳусну зебоиҳои суннатӣ мухолифи мӯди татуаж лаб кушода гуфтанд, ки ба духтари худ иҷозаи истифода аз ин навъи ороишро намедоданд. Бобоҷон Қаюмов равоншиноси тоҷик дар ин зимн мегӯяд. «Ҳар як инсон ба зебои ниёз дорад. Аммо на ба дараҷаи ифрот. Мо набояд ба фарҳанги миллатҳои дигар тақлид кунему абрӯи худро тарошем. Занони мо табитан қошу мижгон ва чашмҳои зебо доранд. Шоирон сеҳр ва зебоии чашми сиёҳро дар ашъори хеш зиёд тавсиф кардаанд».

Хатари чашму абрӯи сунъӣ

Табибони тоҷик, ки аз вуҷуди ороишоти нав хабар доранд, ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати даст ба чунин кор задани духтарҳо, бубинанд, ки ороишгар танҳо аз васоил ва рангу бори наву босифат истифода кунад, вагарна, сӯзанзанӣ, ки ба пӯсту хуни одам иртибот мегирад, метавонад боис ба сирояти инсон ба бемориҳои мухталиф шавад. Машварати муҳими дигар – муроҷиат ба мутахассис будааст.

Кибриё Мансурова, косметолог ва номзади илмҳои тиб мегӯяд, ба онҳо занони бисёр муроҷиат мекунанд, ки дар натиҷаи нодуруст рангу бор шудани абруву лаб ё чашм ба бемориҳои мухталифи сироятӣ гирифтор шудаанд. Хонум Мансурова мегӯяд, ки пеш аз муроҷиат ба ороишгар, зан бояд аз назари табиб гузарад.

Зимнан, бар тибқи як хабар, дар Тоҷикистон чанд ҳодисаи гирифторӣ ба HIV/СПИД ба қайд гирифта шудааст, ки ин афродро дар шароити ороишгоҳҳо дар паи риштарошиву маникюр ё ороиши нохун сироят кардааст.

Вале набояд фаромӯш кард, ки талоши зан ё духтар барои зеботар шудан ҳаққи инсонии ӯст ва аз назари бархе рӯҳониёни бонуфуз, агар хилофи ахлоқи ҳамидаи инсон набошад, раво бошанд. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, “ислом ороиш ва ё зебо буданро барои занон манъ накардааст, аммо шарту вижагиҳоеро мушаххас кардааст, ки дар кадом ҳолат ва шароит зан бояд аз он истифода барад”.

Ӯ меафзояд, ки аз рӯи қавонини мазҳабӣ, зан танҳо барои шавҳари худ худро оро медиҳад. Ислом тарошидани абрӯро манъ кардааст, аммо замона дигар аст ва ҷавонҳо пайравӣ мекунанд ба мӯдҳои дунявӣ».

Таърихи зебоишиносӣ мегӯяд, ки дар гузашта холкӯбӣ як ҷузъи фарҳанги миллии мардуми тоҷик буд ва то ҳол ин ҳунар дар миёни мардуми Бадахшон ва лӯлуҳои маҳаллӣ ҳифз шудааст. Дар гузашта занҳо ба воситаи сӯзан зери пӯсти худ ӯсма давонда ба худ холҳои кабуди сунъӣ мегузоштанд. Ҳадаф аз ин ҳама дар гузаштаву имрӯз – зеботар шудани зан аст. Вале тавре зебоишиноси маъруфи тоҷик Малика Ҷӯрабекова мегӯяд, ҳарчанд сурати хуби инсон як чизи муҳим аст, вале аз он муҳимтар сирати зебост, ки ба ҳусни кас ҳусн зам мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG