Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақрибан 10 сол пеш ҳатто атфол номҳои мухталифи ороишоти мӯи сарро медонистанд, ҳарчанд он номҳо расмӣ набуд ва ба ороиши мӯи сари кадом як қаҳрамони филм ва шахсиятҳои маъруф иртибот дошт. Аммо феълан назари ба хусус ҷавонон ба ороиши мӯй тағйир хӯрдааст ва мӯи кӯтоҳ дар байни онҳо мисле, ки муд шудааст.

Аммо феълан назари ба хусус ҷавонон ба ороиши мӯй тағйир хӯрдааст ва мӯи кӯтоҳ дар байни онҳо мисле, ки муд шудааст. Аммо ҷавонони мазҳабӣ маъмулан бар тибқи фармудаҳои шариати ислом мӯи худро ороиш медодаанд.

Зимнан баҳси ороиши мӯи сар дар маҳофили Ҷумҳурии исломии Эрон гарм аст ва як созмон тақлиди ҷавонон ба ороиши мӯи сари ситораҳои футбол ва ашхоси маъруфро маҳкум карда, намунаҳои ороишоти мӯи сари исломиро пешниҳод кардааст.

Ҳарчанд ин масъала дар Тоҷикистон зиёд доғ нест, аммо теъдоде аз ҷавононро мешавад рӯ ба рӯ шуд, ки ороиши мӯи худро ба шахсиятҳои маъруф монанд кардаанд.

Дар зимн шариати ислом муқаррароти ороиши мӯи сар ва нигоҳубини онро дорад, ки ҳам барои зан ва ҳам барои мардон муайян шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG