Пайвандҳои дастрасӣ

Нигина Амонқулова: “Тамоми корро бо заҳмати худ анҷом медиҳам”


Акс аз бойгонии продюсер Беҳрӯз Зеваров

Акс аз бойгонии продюсер Беҳрӯз Зеваров

Овозхони маъруф барои хонандагони сайти Озодӣ таронаҳои нави худро муаррифӣ кард ва ба саволҳои ин сомона посух дод.

Яке аз маъруфтарин овозхонҳои насли нави Тоҷикистон Нигина Амонқулова 26 сол дошта зодаи шаҳри Панҷакент аст. Ба саҳнаи касбӣ баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” роҳ ёфт ва бо иҷрои таронаҳои ретро маъруфият ба даст овард. Солҳои охир ба иҷрои таронаҳои оҳангсозону шоирони шинохтаи имрӯза, аз ҷумла, Тобиш, Аслиддин Низомов, Даврони Раҳматзод, Шоира Раҳимҷонова пардохтааст. Соли ҷорӣ донишгоҳи Ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзодаро бо ихтисоси режиссер хатм кард. Соҳиби оила ва як фарзанд аст.


Озодӣ: Як моҳ баъд соли нав фаро мерасад. Шумо шояд аз ҳоло ба таҳияи оҳангу таронаи наве машғулед?

Амонқулова: Бале, то имрӯз панҷ оҳанги нав омода кардаам ва, фикр мекунам, дутои онро мешавад дар ҷашни солинавӣ пешниҳод кард. Дигарҳо вориди албоми нави таронаҳоям хоҳанд шуд. Яке аз ин таронаҳо бо оҳанги Даврони Раҳматзод ва шеъри Орзу Исоев ва оҳанги дигар - “Алла” аст, ки сохтаи Тобиш аст.





Озодӣ: Фикр мекунед, ин оҳангҳо ҳамчун таронаҳои қаблии шумо маъруф хоҳанд шуд?

Амонқулова:
Даврони Раҳматзод як оҳангсози ҷавон аст, ки вақтҳои охир мо бо он кас ва Орзу Исоев ҳамкории зиёд дорем. Ба худам ин оҳангҳо хеле хуш омадаанд ва то ҳол ин тавр шудааст, ки ҳар чизе, ки ба худам хуш омадаанд, аз ҷониби дигарҳо ҳам хуб қабул шудаанд.

Озодӣ:
Онҳое, ки эҷодиёти шуморо мушоҳида мекунанд, мегӯянд, ки шумо имиҷи худро тадриҷан нав мекунед ва аз иҷрои оҳангҳои ретро, ба таронаҳои касбии жанри поп мегузаред. Чаро ин шеваро интихоб кардед? Касе шуморо дар ин ҷода раҳбаладӣ кард?

Амонқулова: Ҳар тағйироте ҳаст, ин тасмими худам, дидгоҳи худам аст. Аз матну оҳанги суруд сар карда, то сару либоси саҳнавӣ, ороиши мӯй ва ҷавоҳирот – ҳамаи инро ман худам таҳияву интихоб медиҳам. Ва ман фикр мекунам, ки барои ман аз худам беҳтар каси дигаре интихоб карда наметавонад.

Озодӣ: Яъне шумо визажист ё стилист надоред?

Амонқулова: На, надорам. Ҳамаи ороишотро худам мекунам. Пеш аз ба саҳна баромадан ё сабти клипе ҳам худам рангу бор, ороиши мӯй ва таҳияи либосро анҷом медиҳам.

Озодӣ: Шумо аз ҳунармандоне ҳастед, ки дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор доред ва дар атрофи номи шумо сӯҳбатҳои зиёд ҷараён доранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки шумо дар миёни шахсиятҳои бонуфузи ҳукумати Тоҷикистон пуштибони қавӣ доред ва агар ин пуштибонӣ намешуд, шумо ба ин зудӣ наметавонистед маъруфият касб кунед?

Амонқулова: Ин ҳама гапи беҳуда аст. Ман, рости гап, ба он дараҷа пуштибоние, ки мегӯянд, надорам. Тамоми коре, ки мекунам, бо заҳмату меҳнати худам анҷом медиҳад. Ҳар харҷе, ки мекунам, бо меҳнати худ анҷом медиҳам. Ман дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радио кор мекунам. Кори мо ин аст, ки дар консертҳои ҳукуматӣ баромад кунем. Ба фикри ман, аз ҳамин сабаб ҳам мардум гапу хабари зиёд мекунанд.

Озодӣ
: Даромади шумо аз кадом ҳисоб аст? Аз ҳисоби консертҳои ҳукуматӣ ё тӯю сури мардум?

Амонқулова: Даромади асосии мо аз ҳисоби консертҳои мухталиф дар шаҳру вилоятҳои мухталифи ҷумҳурӣ ва ҳам тӯю маъракаҳо аст.




Озодӣ: Ба шумо чӣ тавр даст медиҳад, ки таронаҳоятонро зуд-зуд дар телевизиони давлатӣ намоиш диҳанд, дар ҳоле, ки овозхонҳои дигар барои пахши таронаи ду ё седақиқаинаи худ чандон мувафақ нестанд.

Амонқулова: Азбаски мо дар ансамбли “Дарё”, яъне ансамбли марбут ба Кумитаи радиову телевизион ҳастем, таронаҳои моро пахш мекунанд. Ман, рости гап, вақти зиёд надорам, ки телевизион тамошо кунам. Фикр мекунам, ки маро зиёд нишон намедиҳанд.

Озодӣ: Дуруст аст, ки ба шумо як мақомдори тоҷик дар Душанбе хона тақдим кардааст?

Амонқулова: На, ба ман ҳукумати ҷумҳурӣ хонаи хизматӣ додааст, ки каме аз марказ дуртар аст.


Озодӣ: Яъне шумо агар хостед, ки аз Душанбе ба шаҳри дигар кӯч бандед, ин хонаро месупоред?

Амонқулова: Бале. Ин хона аз ҳукумат аст.

Озодӣ: Албатта ҷойи ҳайрат нест, ки дар атрофи исми ҳар овозхони маъруф қиссаву афсонаҳо бофта мешаванд ва росту дурӯғ аз ҳаёти онҳо ҳамеша шавқи ҷомеаро ба миён меорад. Шумо ҳам дар ин замина истисно нестед. Дар яке аз мусоҳибаҳои охир шумо гуфтед, ки муҷаррад нестед ва ин овозаҳо ҳақиқат надорад...

Амонқулова: Бале, шукри худо, оилаи хубе дорам. Писарчаам сеюнимсола аст. Аслан вақте гапу овозаи зиёд мешавад, мо ба ин чизҳо аҳамият намедиҳем.

Озодӣ: Шавҳари шумо чӣ кор мекунанд?

Амонқулова: Шавҳарам донишҷӯи донишгоҳи технологии Душанбе аст.

Озодӣ:
Пас бори рӯзгор ба дӯши шумост?

Амонқулова: Не, дуруст нест. Ҳар даромаде, ки ба даст меорам, фақат барои худ, яъне барои таҳияи сару либоси саҳнавӣ ва ороишоти худам сарф мекунам. Бори рӯзғор ба дӯши шавҳарам аст.

Озодӣ: Гуфтед, ки шавҳари шумо донишҷӯ ҳаст?

Амонқулова: Он кас дар баробари таҳсил кор ҳам мекунанд.


Озодӣ: Ихтисоси аввали шумо ҳамшираи шафқат аст. Чаро шумо ин касбро идома надодед?

Амонқулова: Ростӣ, ман барои таҳсил ба коллеҷи тиббии Панҷакент бо машварати падарам рафтам, аммо худам ҳамеша аз хуну ҷарроҳиву ин чизҳо метарсидам. Ҳоло агар зарур шуд, дар доираи оилаи худамон донишҳои тиббии худро татбиқ мекунаму халос. Агар даркор шуд, сӯзандору карда метавонам.

Озодӣ: Шумо дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфтед, ки нисфи ҷаҳонро дидед. Ин сафарҳои хусусӣ буд ё хизматӣ?

Амонқулова: На, ин ҳама сафарҳои хизматӣ буд. Масалан, дар кишваре рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро ташкил мекунанд, ва мо, чун овозхонҳои гурӯҳи “Дарё” сафар мекунем.

Озодӣ:
Вақте шумо ба хориҷа меравед, зиндагии дигаргунаро мебинед, дар зеҳни шумо чунин андешае пайдо мешавад, ки мехоҳед чизе дар кишвари шумо ҳам дигар шавад?

Амонқулова: Бале, вақте ба бисёр давлатҳои дигар меравем, мебинем, ки зиндагии онҳо, сатҳи зиндагиашон дигар аст, аммо мо набояд ҳукумат ё каси дигарро гунаҳгор кунем, чунки пешравӣ аз худи одамон, аз оила вобаста аст. Агар мо хоҳем, ки зиндагиро дигар кунем, ин аз худи мо вобаста аст. Тавре мегӯянд, “агар тозагӣ хоҳӣ, аз даруни хона сар кун”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG