Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷавоби Талко ба Вазорати молия: магар ҳамин аст дастгирӣ?


Корхонаи алюминиюми тоҷик

Корхонаи алюминиюми тоҷик

Мақомоти корхонаи алюминиюми тоҷик аз нашри арзёбии Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи вазъи ин ширкат нигаронӣ карданд. Игор Сатторов, роҳбари Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи Талко, рӯзи 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, нашри арзёбии вазъи ин ширкат аз тарафи Вазорати молия бе мувофиқа бо маъмурияти корхона сурат гирифтааст.

Игор Сатторов гуфт, дар соли 2005 бинобар ба вуҷуд омадани қарзҳои ҳангуфти корхона масъалаи бастани он матраҳ буд.

Ӯ гуфт, "президент ба ҳамаи вазорату идораҳо дастур додааст, ки дар шароити бӯҳрон фаъолияти корхонаи алюминиюмро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд. Магар ҳамин аст, дастгирӣ? Ба андешаи ман, ин амалкарди вазорат мухолифи дастуру супоришҳои президент ҳаст", - афзуд Сатторов.

Ин намояндаи расмии ширкати Талко гуфт, назари роҳбарият ва муттахассион дар мавриди суду зиёни низоми мавсум ба толлинг комилан дигар аст. Ӯ афзуд, маҳз низоми толлинг дар шароити буҳрон ва поин омадани қимати алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ корхонаро дар ҳолати муътадил нигоҳ дошт ва ҳама хавфу рискҳоро коршарикони корхона ба уҳдаи хеш гирифтаанд.

Игор Сатторов

Игор Сатторов

Игор Сатторов гуфт, дар соли 2005 бинобар ба вуҷуд омадани қарзҳои ҳангуфти корхона масъалаи бастани он матраҳ буд ва маҳз системаи толлинг имконият дод, ки ширкат фаъол боқӣ монад ва дар онҷо ҳазор нафар шаҳрванд кор мекунанд. Сатторов гуфт, иддаои Вазорати молия дар мавриди онки фаъолияти Талко зиёновар аст, одилона нест.

Вазорати молияи Тоҷикистон эътироф кардааст, ки гузаштан ба системаи толлингӣ бар зарари ширкати алюминиюми тоҷик - "Талко" аст ва ин ширкат ҳоло "бо зиён фаъолият дорад". Вазорати молия дар пайи таҳлили фаъолияти иқтисодиву истеҳсолии ширкати алюминиюм дар солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба ин хулоса расидааст.

Вазорати молия, инчунин, сол ба сол кам шудани ҳаҷми андозҳои пардохткардаи "Талко"-ро низ зикр кардааст.

Усули толлинг ба ин маъност, ки як ширкати дигари хориҷӣ ба Талко ашёи хом дода, дар иваз маҳсулоти коркардшуда, яъне алюминийи аввалияро мегирад. Талко аз коршарики толлингиаш танҳо ҳаққи истеҳсоли алюминийро мегираду бас.

Вазорати молия бо нашри як гузориши муфассал дар мавриди фаъолияти "Талко" гуфтааст, "гузаштан ба системаи толлингӣ, ширкати алюминиюми тоҷикро ба хароҷоти бесамар, ношаффоф будани ҳисоботи молиявӣ ва қарордодҳо, зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, пардохти барзиёди маблағҳои бе асос барои хизматрасониҳои беруна (адвокатҳо) ва дар ин замина ба зиёд гардидани қарзҳои дебиторию кредиторӣ оварда расондааст, ки дар натиҷа Талко имрӯз дар вазъияти ногувори молиявӣ қарор дошта, бо зиён фаъолият дорад."

Вазорати молия гуфтааст, пас аз соли 2005, ки ширкати "Талко" ба системаи толлингӣ гузашт, ҳама нишондодҳои истеҳсоливу молиявии ширкат мунтазам поин мераванд. Вазорат гуфтааст, агар ширкати "Талко" дар соли 2005 61,3 миллион сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда буд, соли 2008 фаъолияташро бо 77 миллион зиёни молиявӣ ҷамъбаст кард. Ҳоло он ки ба гуфтаи вазорати молия, дар ин муддат қимати алюминиюм дар бозорҳои ҷаҳонӣ 674 доллар гаронтар шуда, аз 1897 доллар дар соли 2005 то ба 2571 доллар боло рафтааст.

Ҳамин тариқ, дар ин муддат ба гуфтаи вазорат, шумораи коргарони корхона низ тадриҷан коҳиш ёфтааст. Вазорати молия мегӯяд, дар соли 2010 дар корхонаи алюминиюм 10 ҳазору 166 нафар кор мекарданд, вале ҳоло ҳамагӣ 7900 нафар кормандон фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 2010-ум 2266 нафар кам гардидаанд.

Вазорати молия, инчунин, сол ба сол кам шудани ҳаҷми андозҳои пардохткардаи "Талко"-ро низ зикр кардааст. Бинобар таҳилҳои Вазорати молия, "Талко" дар соли 2013 146,8 миллион сомонӣ андоз пардохт кардааст, ки нисбат ба соли 2012, 77 миллион сомонӣ камтар аст. Соли 2014 ин ширкат ба давлат аз ин ҳам камтар, каме беш аз 97 миллион сомонӣ андоз супурдааст. Вазорат мегӯяд, “Талко" дар ним соли 2016 ба давлат 51 миллиону 600 ҳазор сомонӣ андоз супурдааст.

Корхонаи алюминиюми тоҷик аз соли 2005 тибқи низоми мавсум ба толлинг фаъолият мекунад. Яъне, ин корхона аз ашёи хом аллюминиюм истеҳсол карда, танҳо ҳаққи коркарди ашёи хом ва ба аллюминиюм табдил додани он, маблағ мегирад. Худи корхона ҳаққи мустақиман дар бозори ҷаҳони фурӯхтани алюминиюмро надорад.

Коршарики “Талко” ширкати оффшории Talco Management Limited, ки ба гуфтаи Вазорати молия, барои коркард ва истеҳсоли 1 тонна алюминий ба “Талко” 500 доллари амрикоӣ пардохт мекунад. Аммо бинобар гуфтаи вазорати молия, аз ин гуна доду ситад, “Талко" аз истеҳсоли 1 тонна алюминиюм тақрибан 100 доллар зиён мебинад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG