Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Бонки Ҷаҳонӣ ба дурнамои ТАЛКО


Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯии ширкати ТАЛКО - корхонаи алюминиюми Тоҷикистон дар мавриди ба 270 ҳазор тонна расондани истеҳсоли алюминиюм дар ду соли ояндаро зери шубҳа гузоштааст.

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки поин рафтани нархи фулузот дар бозори ҷаҳонӣ пешгӯии ширкати ТАЛКО дар мавриди ба 270 ҳазор тонна расондани истеҳсоли алюминиюм дар ду соли ояндаро зери шубҳа мегузорад. ​Ин гузориш таҳти унвони "Таҳлил оид ба иқтисоди Тоҷикистон, рақами 2, Тирамоҳи 2015" ба нашр расидааст.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати ТАЛКО, 15 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки гузориши таҳлилии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон ва бахусус дар бораи ТАЛКО ҳарфи тоза нест ва дар ин ширкат аз вазъи нархи алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ воқиф ҳаст. Ӯ гуфт, дар ҳақиқат ТАЛКО дар бораи афзоиши тавлиди алюминиюм то ба ҳадди 270 ҳазор тоннаро эълон дошт, вале ин пешгӯии таҳлилӣ буда, бо назардошти вазъи бозори ҷаҳонӣ ва имконоти фании ширкати ТАЛКО изҳор шудааст.

Вай афзуд, "ТАЛКО тайи чанд соли ахир тавонист корхонаро бо фанновариҳо ва таҷҳизоти муосир таъмин ва имкони тавлидотиашро бештар кунад. Сарфи назар аз бархе мушкилот ва хусусан поинравии нархи алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ ширкати ТАЛКО боз ҳам барои бештар кардани тавлидоташ талош хоҳад кард."

Гузоришгарони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, ТАЛКО дар нимаи аввали соли 2015 беш аз 61 ҳазор тонна алюминиюм содир кардааст ва ин ширкат мехоҳад дар соли равон 190 ҳазор тонн алюминиюм ё худ 52 дарсад бештар аз соли гузашта маҳсулот истеҳсол кунад. Бино ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, нархи 1 тоннаи алюминиюм аз 2400 доллар дар соли 2011 то 1900 доллар дар соли гузашта коҳиш ёфта, дар назар аст, арзиши 1 тоннаи он дар соли ҷорӣ 1700 ва соли оянда 1500 долларро ташкил диҳад.

ТАЛКО - корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Узбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. ТАЛКО мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат ва технологияҳои навин нест.

Дар миёнаи солҳои 2000-ум то 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ТАЛКО ба даст меомад, вале дар соли 2013, бино бар коҳиши тавлидот, аз 1 миллиарду 172 миллион доллар ҷамъи содироти кишвар танҳо 370 миллион доллар ё ҳамагӣ 30 дарсадаш аз ҳисоби содироти алюминийи аввалия ба даст омадааст. Дар соли 2014 ТАЛКО ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 234 миллион доллар алюминий фурӯхтааст ва саҳмаш дар таъмини содироти Тоҷикистон боз ҳам пойинтар рафтааст.

Ширкати ТАЛКО, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, сохта шуд. Далели интихоби Тоҷикистони дур аз манобеъи гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосии лозим барои тавлиди алюминий - ба ҳайси макони бунёди ин корхона арзон будани нирӯи барқ – дувумин чизи хеле лозим барои фаъолияти дастгоҳҳои барқхӯри тавлиди алюминий будааст. Тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ дар он солҳо пеш аз ҳама бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти ҳамин корхона бо нирӯи барқ таҳия шуда буд.

ТАЛКО чанд сол боздар сархати мавзӯъҳои баҳси расонаҳои маҳаллӣ қарор дорад. Аз ҷумла ба далели баҳсҳои додгоҳиаш бо ширкати РусАл, ки тавассути як додгоҳи Швейтсария аз ТАЛКО беш аз 270 милллион доллар мехоҳад, ва моҷарои, бино ба хабарҳо, барои ТАЛКО ба 140 миллион доллар тамомшуда дар додгоҳи Лондон бо мудири собиқаш Абдуқодир Эрматов ва таъминкунандаи пешини ашёи хоми ин корхона Аваз Назаров, ки ҳамчун ҷуброни гум кардани ин тиҷораташ аз Тоҷикистон қариб 100 миллион доллар “канд.”

Як мояи дигари интиқод аз ин ширкат дар дасти ҳалақоти наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон чархидани пулу фоидаҳои он аст. ТАЛКО ҳамчунин барои он интиқод мешавад, ки дар бебарқиҳои фасли сармо то нисфи нирӯи барқи Тоҷикистонро “мехӯрад”, вале саҳмаш дар супурдани андоз дар сол тақрибан 30 миллион доллар, яъне камтар аз ҳатто андози солонаи як ширкати телефонҳои мобил, назири “Вавилон” мебошад.

XS
SM
MD
LG