Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Криолит" дар Ёвон барои ТАЛКО ашёи хом тайёр мекунад


Мақомоти ноҳияи Ёвон мегӯянд, ки 90 дарсади корҳо барои бунёди бузургтарин корхонаи “Криолит”, ки омодакунандаи ашёи хоми ТАЛКО мебошад, анҷом шуда ва рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.

Неъматулло Холов, муовини раиси ноҳияи Ёвон дар умури саноат ва иқтисод дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин корхона назираш дар Осиёи Миёна набуда ва асосан барои фаъолияти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (ТАЛКО) навъи маҳсулотро тайёр мекунад."

Шавкат Маҳмудов, раиси корхонаи “Криолит” ҳам дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки корхона асосан маҳсулоти хоми “Криолит”, алюминиуми фтордор ва кислотаи сулфат омода мекунад ва дастгоҳҳо аллакай барои ин омода шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди ҷаноби Маҳмудов, дар гузашта ширкати ТАЛКО ин навъи маҳсулотро аз хориҷӣ кишвар, хусусан Русия бо нахри гарон харидорӣ мекард.

“Баъди ба истифода додани ин корхона, пурра ширкати алюминиуми Тоҷикистонро бо маҳсулот таъмин мекунем. Мушкили он буд, ки аз хориҷа ин маҳсулотҳо ворид мешуд. Ҳамакнун ин мушкилӣ аз байн меравад. Корхона нақши хело арзандае барои рушди иқтисодиёти кишвар мегузорад”,-афзуд Шавкат Маҳмудов.

Тибқи шартномаи тарафайн, 50 дарсади кормандон шаҳрвандони Тоҷикистон ва нисфи дигар аз Чин хоҳанд буд."

Ба иттилои Шавкат Маҳмудов, иқтидори лоиҳавии корхонаи “Криолит” солона тавлиди 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алиюмини фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат будааст, ки ҳамагӣ барои ТАЛКО, ҷиҳати истеҳсоли алюминиум мебошад. Корхона инчунин тавони тавлиди маҳсулоти иловагии гаҷ бо иқтидори солона то 70 ҳазор тонна дорад.

Қиматулло Раҳмонов, мудири шӯъбаи саноати ҳукумати ноҳияи Ёвон ҳазинаи сохтони корхонаи “Криолит”-ро 126 миллион доллари амрикоӣ бо сармояи Чину Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, дар марҳилаи аввал 800 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад. Ҳамин тариқ, 37,9 миллион доллар аз ширкати ТАЛКО ва 88,5 миллион долари дигар қарзи Тоҷикистон аз бонки “Эксимбонк”- и Чин аст.

Интизор меравад, бузургтарин корхонаи “Криолит” дар ноҳияи Ёвон дар рӯзҳои наздик дар арафаи таҷлили 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кунад. Тибқи шартномаи ду кишвар, 50 дарсади кормандон шаҳрвандони Тоҷикистон ва нисфи дигар аз Чин хоҳанд буд.

Корхонаи тавлиди семент дар Ёвон.

Корхонаи тавлиди семент дар Ёвон.

Зимнан, дар муддати чанд соли ахир корхонаҳои зиёди саноатӣ дар ноҳияи Ёвон фаъол шудаанд, ки ҳамакнун шумораи онҳо ба 38 адад мерасад. Ин аст, ки ноҳия яке аз андозсупорандаҳои азим дар назди Кумитаи андози Тоҷикисатон ба шумор меравад. Бузургтарин корхона дар ин ноҳия “Хуаксин Ғаюр Семент”, аст ки истеҳсоли солонаи семент як миллион тонна мебошад ва 650 коргар дорад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона на танҳо дар бозори дохилӣ, балки ба Афғонистону Покистон низ содирот мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бо он, ки бо бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ноҳияи Ёвон дар кишвар овозадор мешавад, “Тоҷикхимпром”, аз корхонаҳои бузургтарин аз даврони Шӯравии пешин солҳост, ки аз Кумитаи андоз, идораи обу барқ ва ҳатто кормандони собиқаш қарздор аст. Дар даврони Шӯравӣ ин корхона 17 навъи маҳсулоти кишоварзиро тавлид мекард.

XS
SM
MD
LG