Пайвандҳои дастрасӣ

Бар замми 322 миллион. Андоз аз фоидаи “Созидание” ҳам ба дӯши ТАЛКО бор шуд


Hyatt Regency Dushanbe

Hyatt Regency Dushanbe

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор бар иловаи 322 миллион сомонӣ қарзи андози ширкати русии “Созидание” пардохти андоз аз фоидаашро низ ба дӯши ширкати ТАЛКО гузоштааст.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 36 аз 2 феврали соли 2016, ки дар сомонаи вазорати адлияи Тоҷикистон чоп шудааст, корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷикистон” (ТАЛКО) муваззаф шудааст, дар баробари 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ қарзи андози ширкати “Созидание” андоз аз фоидаро ҳам пардохт кунад.

Ин қарори ҳукумат илова ба қарори як соли пеш аст, ки созишномаи мусолиҳаи “Ширкати алюминийи Тоҷикистон” бо ширкатҳои "Talco Management Limited", "Hamer Investment Limited", "CDH Investment Corporation", "Alumina and Bauxite Company Limited" ва "Redao Holdings S.A."-ро тасдиқ карда буд.

Иловаи нав ба банди дувуми ҳамон қарор аст, ки дар таҳрири наваш мегӯяд, “ба хотири иҷрои созишномаи мусолиҳа, пардохти қарзи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳои Ҷамъияти масъулияти маҳдуди “Созидание” (Меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe"), ки 322 352 898 (сесаду бисту ду миллиону сесаду панҷоҳу ду ҳазору ҳаштсаду наваду ҳашт) сомониро ташкил медиҳад, ҳамчунин фоизҳои ҷамъшуда ба далели таъхир дар пардошти ин маблағ, ҳамчунин андоз аз фоида тибқи моддаи 106-уми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба далели иҷрои ин банд пеш омадааст, ба ӯҳдаи корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи Тоҷикистон” гузошта шавад.”

Як намояндаи ширкати ТАЛКО рӯзи 19 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин корхона бо имзои созишномаи мусолиҳа алакай чунин ӯҳдадориро ба дӯши худ гирифта буд ва қарори ҳукумат ин ӯҳдадориро акнун расмӣ мекунад. Вале ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, вазъи нарху наво дар бозори ҷаҳонии алюминий чандон хуб нест, ки ТАЛКО битавонад якбора ҳамаи 322 миллион сомонӣ қарзи “Созидание”-ро пардохт кунад. Ӯ гуфт: “Умедворем, ки ҳукумат ва Кумитаи андози Тоҷикистон вазъи молии ширкати моро ба назар хоҳанд гирифт ва як ҷадвали замонии муносиберо барои пардохти қисм ба қисми ин маблағи бузург таҳия хоҳанд кард. Маълум аст, ки ягон корхона якбора чунин маблағро супурда наметавонад.”

Банди 106-уми Кодекси андози Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати сарпечӣ аз пардохти андоз ё кам нишон додани ҳаҷми андоз, корхонаҳову ширкатҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.

322 352 898 сомонӣ бо қурби расмии имрӯза (7,87 сомонӣ барои як доллар) тақрибан 41 миллион долларро ташкил медиҳад. Рӯзи 27 январи соли 2015, ки созишномаи мусолиҳаи ТАЛКО тасвиб шуд, як доллар баробари 5,37 сомонӣ буд ва табъан 322 миллион қарзи “Созидание” дар назди ниҳодҳои андози Тоҷикистон баробари 60 миллион доллар буд.

Олег Дерипаска

Олег Дерипаска

"Созидание" як ширкати наздик ба Олег Дерипаска, миллиардери наздик ба Кремл ва раҳбари ширкати «РусАл» аст. Ин ширкат ба ҷуз аз меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, як маркази тиҷорӣ ҳам дорад, ки дар он асосан дафтарҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла IFC ва Бонки ҷаҳонӣ ҷойгир шудаанд.

Мушкилоти ширкати “Созидание” бо ниҳодҳои андози Тоҷикистон замоне сар зад, ки ширкати дигари Олег Дерипаска – «РусАл» дар соли 2014 дар як баҳси додгоҳӣ дар Швейтсария бар коршарики корхонаи аллюминюм ТАЛКО - СDH Investment - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард.

Ба дунбол, Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати “Созидание”-ро ба сарпечӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи беш аз 322 миллион сомонӣ айбдор кард. Кумитаи андоз гуфт, молики қаблии “Созидание” ширкати қибрисии WTT Hotels one Limited соли 2008 саҳмияҳояшро ба ширкати дигари қибрисии “SUNLINK LIMITED фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро пардохт накардааст. Ширкати «Созидание» дар навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурд, вале ин додгоҳ дар моҳи майи соли 2014 баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кард.

Ширкати ТАЛКО, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода, дар тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор меояд. Дар солҳои гузашта то 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши алюминийи аввалия – маҳсулоти асосии ТАЛКО – ба даст меомад.

Вале ТАЛКО аз соли 2014 ба ин сӯ ба далели коҳиши нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ дар як вазъи мушкил қарор гирифтааст ва ҳоло саҳми фурӯшоташ дар содироти кишвар то 24 дарсад пойин рафтааст. Ба ҳамин далели пойин рафтани нархи алюминий ва коҳиши талабот дар бозор ТАЛКО дар соли 2014 ҳамагӣ 121 000 тонна ва с оли гузашта ҳудуди 140 ҳазор тонна алюминийи аввалия тавлид кардааст.

Игор Сатторов, сухангӯи ТАЛКО рӯзи 19 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат аз ҳисоби коҳиши харҷи тавлиди алюминий тавонист дар соли 2015 вазъашро хеле беҳтар кунад: «Дар соли 2015 тавлиди алюминий дар ТАЛКО ба андозаи 18 100 тонна, ё 15 фоиз афзоиш дода шуд. Дар айни замон харҷи тавлиди алюминий дар як соли гузашта 9,5 дарсад кам карда шуд.»

Имрӯз нархи миёнаи як тонна алюминийи аввалия дар биржаи Лондон 1530 долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, дар соли 2011 як тонна алюминий дар бозори ҷаҳонӣ 2800 доллар, яъне 80 дарсад аз нархи имрӯзааш бештар нарх дошт.

XS
SM
MD
LG