Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти муомилаи РусАлу Талко дар як фармони ҳукумат


Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор ҳанӯз рӯзи 27 январ муомилаи корхонаи алюминиюми Тоҷикистон бо ширкати русии "РусАл"-ро пазируфта, ТАЛКО-ро ба пардохти қарзҳои "Созидание", ширкати наздик ба Олег Дерипаска муваззаф кардааст.

Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ё Талко дар ивази сулҳ бо ширкати русии РусАл муваззаф шудааст, қарзу ҷаримаҳои андози ширкат “Созидание”-ро пардохт намояд. Ин тақозо аз як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 27 январ бармеояд, ки матнаш ахиран дар adlia.tj, сомонаи ГИУП "Қонуният", як ниҳоди иттилоотии марбут ба вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар банди якуми ин фармон, ки зераш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси ҳукумати Тоҷикистон имзо гузоштааст, гуфта мешавад: "Тарҳи созишномаи мусолиҳап байни корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминиуми Тоҷикистон" ва ширкатҳои Talco Management Limited", "Hamer Investment Limited", "CDH Investment Corporation", "Alumina and Bauxite Company Limited" ва "Redao Holdings S.A." тасвиб карда шавад."

Порае аз қарори ҳукумати Тоҷикистон
Порае аз қарори ҳукумати Тоҷикистон

Аммо банди муҳимтарин банди дувумаи ин фармони ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҷузъиёти "сулҳ" бо РусАлро то ҳадде боз мекунад: "Ба мақсади иҷрои қарордоди сулҳ пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Созидание”(меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe) дар ҳаҷми 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ ва, инчунин, фоизҳои саривақт пардохтнашудаи маблағи мазкур ба дӯши КВД “Корхонаи алюминийи Тоҷикистон” вогузор карда шавад."

"Cулҳ"-и РусАл бо ТАЛКО

"Созидание" як ширкати наздик ба Олег Дерипаска, миллиардери ба Кремл хеле наздик ва раҳбари Русал дониста мешавад. Ин ширкат ба ҷуз аз меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, як маркази тиҷории дараҷаи “А” низ дорад, ки дар он намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие назири IFC ва Бонки ҷаҳонӣ ҷойгир шудаанд.

Мушкилоти ширкати “Созидание” бо ниҳодҳои андози Тоҷикистон замоне сар зад, ки ширкати дигари Олег Дерипаска – Русал дар додгоҳи ҳакамии Швейтсария бар коршарики корхонаи аллюминюм Талко - СDH Investment - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард.

Олег Дерипаска
Олег Дерипаска

​Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар ширкати “Созидание” беш аз 177 миллион сомонӣ андози пардохтношуда кашф карда буд. Бино ба навиштаи Кумитаи андоз, молики аввалии “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр буд, ки 100 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дошт. Аммо 11 августи соли 2008 ин ширкат саҳмияҳояшро ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Ҷумҳурии Кипр фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро ҳисоб ва пардохт накардааст.

Бо назардошти ҷаримаҳо, Кумитаи андоз ширкати «Созидание»-ро ба беш аз 322 миллион сомонӣ андозҳои пардохтношуда муваззаф кард. Ширкати «Созидание» дар навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурда, аз додгоҳ хост, ки ин амри Кумитаи андозро бекор кунад. Аммо бино бар изҳороте, ки сомонаи Кумитаи андоз рӯзи 4 июли соли гузашта нашр кард, Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳанӯз рӯзи 29 май шикояти ширкати «Созидание»-ро беасос хонда, баҳсро боз ҳам ба фоидаи Кумитаи андоз ҳал кардааст.

Ҳамакнун бо судури ин фармон Тоҷикистон зоҳиран мехоҳад, аз баҳри андозҳои “Созидание” бигзарад, то ки Русал низ даъвоҳои додгоҳияш алайҳи Талко дар додгоҳҳои ҳакамии байналмилалӣ даст бардорад.

Рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ масъулони ширкати Талко дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ “сулҳ”-ашон бо Русалро тасдиқ карда, аммо аз ифшои ҷузъиёташ худдорӣ карда буданд. Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва иттилооти Талко, гуфт, интизор меравад, қарордоди сулҳ базудӣ аз сӯи Шӯрои директорони "РусАл" ва ҳукумати Тоҷикистон низ тасдиқ гардад.

Вай афзуд, бо имзои ин қарордод саҳифаи “якдигарнофаҳмӣ” миёни ду ширкат ба анҷом расида, ТАЛКО-ву "РусАл" муносиботашонро аз сифр ё саҳифаи тоза оғоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG