Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйири кадрӣ дар Кумитаи дин, Донишкадаи Исломӣ ва ТАЛКО


Сулаймон Давлатов

Сулаймон Давлатов

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, ки то ҳоло раёсати Донишкадаи Исломиро бар дӯш дошт, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин мақом Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард.

Сулаймон Давлатов, ки то ин замон раёсати Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзамро бар дӯш дошт, рӯзи 13 феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, раиси нави Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъин шуд.

Оқои Давлатов моҳи майи соли 2012 ба курсии раиси Донишкадаи исломӣ такя зада буд. Вай хатмкардаи факултаи забони арабии Донишгоҳи байнулмилалии исломии Покистон ва факултаи шариати Донишгоҳи Риёзи Арабистони Саудӣ мебошад.

Сулаймон Давлатов дар мақоми наваш дар Кумитаи дин, Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард, ки ҳоло аз тарафи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ (ҲХДТ) номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аст. Дар қарори ҳукумат ҳам гуфта шудааст, “Абдураҳим Холиқзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барканор гашт”.

Абдураҳим Холиқзода

Абдураҳим Холиқзода

Абдураҳим Холиқозода тайи тақрибан чор соли охир раҳбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон буд. Вай соли 1968 дар ноҳияи Вахш ба дунё омада, соли 1994 Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст. Оқои Холиқзода аз июни соли 2007 то январи соли 2010 сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва январи соли 2010 то майи соли 2010 мудири Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқии шаҳрвандон дар Дастгоҳи иҷроияи президент Тоҷикистон буд.

Тоҷиддин Асомуддинзода, ки то ин дам муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон буд, раҳбари нави Донишкадаи исломӣ таъин гардидааст. Асомуддинзодаи 45-сола зодаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буда, соли 2004 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 2008 Маркази омӯзиши олии ҷомеат-ул-Мустафои Эронро хатм кардааст.

Инчунин, бо фармони нави Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Муродулло Давлатов -- номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз раҳбарии Маркази исломшиносии назди президент

Муродулло Давлатов

Муродулло Давлатов

барканор ва ба ҷои ӯ Файзулло Бобоев омадааст. Ҷаноби Давлатов дар гузашта раҳбарии Кумитаи динро ҳам бар ӯҳда дошт. Вай бо суханрониҳои худ алайҳи созмонҳои сиёсии исломӣ тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон маъруфият дорад.

Файзулло Бобоев, раиси тозатаъини Маркази исломшиносӣ, дар гузашта ба ҳайси муовини раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон кор кардааст.

МУДИРИ НАВИ ТАЛКО

Бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон, Садриддин Шарифов аз вазифаи Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ё ТАЛКО озод шуда, ба ҷояш Абдураҳмон Ҷӯраев таъин гардидааст. Садриддин Шарофов ҳам номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳизби халқӣ-демократист ва зоҳиран барканорияш ба интихоботи парлумонии 1 март рабт дорад.

Вале ин тағйир дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки тавлидоти ТАЛКО - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон - дар соли 2014 низ қариб 2 маротиба кам шуд ва борҳо аз ҳукумат хоста шудааст, ба ин корхона кумак кунад.

Ширкати ТАЛКО, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, сохта шудааст. Далели интихоби Тоҷикистони дур аз манобеъи гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосии лозим барои тавлиди алюминий - ба ҳайси макони бунёди ин корхона арзон будани нирӯи барқ – дувумин чизи хеле лозим барои фаъолияти дастгоҳҳои барқхӯри тавлиди алюминий будааст. Тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ дар он солҳо пеш аз ҳама бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти ҳамин корхона бо нирӯи барқ таҳия шуда буд.

ТАЛКО чанд сол боз дар сархатти мавзӯъҳои баҳси расонаҳои маҳаллӣ қарор дорад. Аз ҷумла ба далели баҳсҳои додгоҳиаш бо ширкати РусАл, ки тавассути як додгоҳи Швейтсария аз ТАЛКО беш аз 270 милллион

Корхонаи Алюминийи Тоҷик

Корхонаи Алюминийи Тоҷик

доллар мехоҳад, ва моҷарои, бино ба хабарҳо, барои ТАЛКО ба 140 миллион доллар тамомшуда дар додгоҳи Лондон бо мудири собиқаш Абдуқодир Эрматов ва таъминкунандаи пешини ашёи хоми ин корхона Аваз Назаров, ки ҳамчун ҷуброни гум кардани ин тиҷораташ аз Тоҷикистон қариб 100 миллион доллар “канд.”

Як мояи дигари интиқод аз ин ширкат дар дасти ҳалқаҳои наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон чархидани пулу фоидаҳои он аст. ТАЛКО ҳамчунин барои он интиқод мешавад, ки дар бебарқиҳои фасли сармо то нисфи нирӯи барқи Тоҷикистонро “мехӯрад”, вале саҳмаш дар супурдани андоз дар сол тақрибан 30 миллион доллар, яъне камтар аз ҳатто андози солонаи як ширкати телефонҳои мобил, назири “Вавилон” мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG