Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ТАЛКО мегӯяд, баҳси чандсадмиллондоллариаш бо ширкати русии "РусАл"-ро билохира аз роҳи музокирот ва бо пешниҳоди чанд тарҳи ҳамкорӣ ба ширкати Олег Дерипаска ҳал кардааст. Аммо ҷузъъиёти дигари ин муомила ҳанӯз эълон нашудааст.

ТАЛКО - ширкати алюминийи Тоҷикистон мегӯяд, ихтилофи назарҳо бо ширкати русии “РусАл”-и марбут ба Олег Дерипаска, яке аз миллиардерҳои наздик ба Кремлро пас аз музокироти тӯлонӣ ҳал кардааст.

Игор Сатторов, сухангӯи Талко рӯзи 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, музокироти тайи чандин давр дар Русияву Тоҷикистон миёни топ – менеҷерҳо баргузор ва ихтилофоти “усулӣ” миёни ширкатҳо бартараф шуданд. Вай афзуд, аз ин ба баъд ширкатҳо ҳамкор хоҳанд буд ва сари чанд тарҳ муштарак кор хоҳанд кард.

Ҷониби “РусАл” ҳанӯз даст ёфтан ба чунин як муомиларо тасдиқ ё рад накардааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё "РусАл" дари вази имтиёзи ҳамкорӣх бо ТАЛКО аз даъвои чандсадмиллиондоллариаш алайҳи ин ширкат даст хоҳад бардошт ё хайр?

“Муқовимат”-и қариб даҳсолаи Талкову “РусАл” пас аз он оғоз шуд, ки ширкати русӣ дар амри иҷрои тарҳҳояш дар Тоҷикистон ноком шуд. “РусАл” то соли 2004 тариқи ширкати Hamer Investment Ltd., ки бо “Ансол” – и соҳибкор Аваз Назаров ташкил карда буд, он замон Корхонаи алюминийи Тоҷикистон (ТадАз) – ро таҳти роҳбарии Абдуқодир Эрматов бо гилхок (глинозём) - ашёи хоми асосӣ барои тавлиди алюминий - таъмин мекард. Ин ҳамкорӣ то соли 2004, замони сафари Владимир Путин, президенти Русия ва ваъдаи 2 миллиард доллар сармояаш идома кард. “РусАл” сохтмони неругоҳи Роғунро ба зимма гирифт. Пас аз ин ҳукумати Тоҷикистон Абдуқодир Эрматовро аз вазифа барканор намуд.

Олег Дерипаска

Олег Дерипаска

“РусАл” аз ҳамкорӣ бо “Ансол” даст кашид ва бо корхонаи алюмнинийи Тоҷикистон ширкати нави муштарак – CDH – ро, ки вазифаи Hamer Investment Ltd. – ро иҷро мекард, ташкил доданд. Моҳи декабри соли 2004 додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Абдуқодир Эрматов, раҳбари собиқи корхонаи алюминийи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳангоми таҳқиқ зиёданависӣ ва бо нархҳои гарон ворид кардани гилхок аз сӯи Hammer – ширкати муштараки “РусАл” ва “Ансол” – ро ошкор кард.

Аммо соли 2005 «Талко» аз ширкати «Ансол» ба додгоҳи Лондон шикоят бурд, ки дар ҳамдастӣ бо Абдуқодир Эрматов, собиқ роҳбари корхонаи алюминиум ва Hamer Investment Ltd. ба ширкат ним миллиард доллар хисороти молӣ оварданд. Ин хисорот умдатан аз ҳисоби интиқоли гилхок ба корхона ворид шуда буд, ки бо қимати 240 доллар харид, аммо 530 доллар ҳуҷҷат мешуд. Ширкати «Ансол» ҳам даъвои ҷавобӣ овард. Аммо соли 2009 дар айни авҷи баҳсҳо ҷонибҳо сулҳ карданд. Ин баҳси гаронтарини додгоҳӣ аз сӯи коршиносони ҷаҳон арзёбӣ шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон танҳо барои хадамоти ҳуқуқии ширкати «Ҳерберт Смит» - и Бритониё 140 миллион доллар харҷ кард.

Пайдо шудани “изи “РусАл”” дар муфлис кардани бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ва кӯшишҳои хусусӣ кардани он аз сӯи “РусАл” роҳбарияти корхонаро маҷбур кард, ки аз ҳамкорӣ бо ширкати русӣ даст кашанд. Додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 эълон дошт, ки парвандаи алайҳи Hamer Investment Ltd. ба охир расидааст. Аммо ин парванда ба ҳеҷ ягон додгоҳи Тоҷикистон нарафт. Ҳамчунин додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров, раҳбари ширкати «Ансол», ҳарду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар қарзи корхонаи алюминиум саҳим буданд, қатъ кард.

Моҳи июли соли 2007 корхонаи алюминий ба ширкати алюминийи Тоҷикистон – Талко тағйири ном кард. “РусАл”, ки бо “Ансол” дар додгоҳи Лондон вориди баҳси додгоҳӣ шуда, ниҳоят мусолиҳа карданд, Hamer Investment Ltd. – ро аз “Ансол” харид.

Соли 2010 Hamer Investment Ltd. ба додгоҳи арбитражии байнулмилалии тиҷоратӣ дар Швейтсария даъво бурд, ки солҳои 2003 – 2004 ба маблағи $112,7 миллион доллар ба корхонаи алюминийи Тоҷикистон гилхок ворид карда, аммо ҳаққи онро нагирифтааст. Додгоҳ ин даъворо қабул кард, аммо даъвои ҷавобии «Талко» ба маблағи 400 миллион хисороти воридшуда аз Hamer Investment Ltd. – ро рад намуд.

Яке аз коргоҳҳои ТАЛКО

Яке аз коргоҳҳои ТАЛКО

Додгоҳи Швейтсария 9 октябри соли 2013 даъвои Hamer Investment Ltd., ширкати зертобеъи «“РусАл”» - ро ҷонибдорӣ карда, «Талко» - ро муваззаф кард, ки ба ширкати русӣ 274 миллион доллар ($112,7 миллион — зарар, $147 миллион. — фоизҳо ва $14,58 миллион — хароҷоти арбитраж) пардохт кунад. Ба хотири иҷрои ин ҳукм «“РусАл”» бояд ба Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат мекард, ки накард, зеро Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Hamer Investment Ltd., ширкати таҳти назорати «“РусАл”» парвандаи иборат аз 56 ҷилд вуҷуд дорад ва он ҷо дар бораи 400 миллион доллар хисороти воридшуда аз сӯи “РусАл” ба Талко сухан меравад. Ширкати алюминиуми Тоҷикистон эълон кард, пардохти 274 миллион доллари ҷуброн ба «“РусАл”» аз роҳи музокирот ҳал мешавад.

Оё ин маболиғи ҳангуфти даъвоии ду тараф дар музокироти Талко ва “РусАл” ба чӣ роҳ пардохта мешаванд? Игор Сатторов дар посух ба ин суол гуфт, дар барномаи ҷадиди ҳамкориҳои ду ширкат чанд пешниҳоди тиҷоратӣ ҳаст, ки дар оянда баҳсҳои молиявии миёни ду ширкатро танзим хоҳанд кард. Ӯ дар тафсилоти ин нукта танҳо гуфт, ки “РусАл” ва Талко сари додугирифти ашёи хом ва истеҳсоли муштараки маводи зарурӣ ба истеҳсолот ба мувофиқа расидаанд.

Созишномаи миёни ду ширкат, қарор аст, моҳи декабр ба имзо расад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG