Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Русия аз гаронии андоз дар Тоҷикистон нигаронӣ кард


Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, аз гаронии андоз дар Тоҷикистон нигаронӣ карда ва гуфт, ки сарбории молиёт фоидаву зиёни ширкатҳои русиро баробар кардааст.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, аз гаронии андоз дар Тоҷикистон шиква кард ва гуфт, ки ин вазъ дар солҳои охир қомати баъзе аз ширкатҳои бузурги русӣ дар кишварро то ҳадде хам кардааст.

Фролов, ки 28 декабр дар ин бора ба суоли хабарнигори Озодӣ ҷавоб медод, гуфт, "ин ширкатҳо бо риояи ҳамаи қонунгузории Тоҷикистон амал карда ва андозҳоро ба пуррагӣ пардохт мекунанд ва барои ҳамин сарбориро эҳсос менамоянд."

Ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон, тағйироти ахир дар қонунгузории андоз мизони пардохти молиётро боло бурдааст ва ҳамакнун, ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русӣ фоидаи ночизе аз тиҷораташон мегиранд. Ӯ афзуд, миёни Тоҷикистону Русия комиссияи байниҳукуматӣ амал мекунад, ки нишасти навбатияш дар аввалҳои соли оянда дар Душанбе баргузор ва дар қатори масоили дигар мавзӯи андоз низ баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷониби Русияро дар ин комиссия Игор Шувалов, муовини нахуствазири он кишвар раҳбарӣ дорад.

Игор Лякин-Фролов гуфт, мавзӯи гаронии андоз ба андозае муҳим аст, ки метавонад сарнавишти ба фаъолияташон дар Тоҷикистон идома додан ё надодани ширкатҳои русӣ таъсир гузорад. "Мегафон", "Билайн", "Сангтӯда-1", "Созидание" ва меҳмонхонаи "Ҳятт Реҷенсии Душанбе" аз ширкатҳои бузургтари Русия дар Тоҷикистон ҳастанд.

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"

Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"

Мавзӯи гаронии андоз барои ширкатҳои русӣ дар ҳоле аз сӯи сафири он кишвар матраҳ мешавад, ки ду ҳафтаи пеш Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"-и Русия аз пардохти андоз дар соли 2015 ва 2016 озод кард. Ин нерӯгоҳ ҳар моҳ ба буҷаи Тоҷикистон 800 ҳазор доллар андоз месупорад.

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, дар рӯбарӯ бо вакилони парлумон гуфт, бо озод кардани "Сангтӯда-1" аз пардохти андоз мехоҳанд, қарзҳои то ин дам ҷамъшудаи "Барқи тоҷик" - ягона харидори барқи ин нерӯгоҳро то ҳадде камтар кунанд, ки то 1 декабри соли ҷорӣ ба 513 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Ҷамшед Каримзода гуфт, "аз ҳисоби маблағҳои нопардохтаи "Барқи тоҷик", нерӯгоҳи Сангтӯда -1 дар назди буҷаи Тоҷикистон беш аз 28 миллион сомонӣ қарздор гардидааст. Бо қабули ин қонун, дар соли ҷорӣ бақияпулиҳои андози ин нерӯгоҳ, ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба ширкати "Барқи тоҷик" ба вуҷуд омадааст, фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо ҳисоб карда намешавад.”

Ба ин тартиб,бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни “”Буҷаи соли 2015” қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба дӯши буҷаи давлатии Тоҷикистон вогузор карда шуд. Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 асосан бо сармоягузории Русия сохта шуда, 75 дарсади саҳмияҳои он дар ихтиёри Маскаванд.

Зимнан, Кумитаи андози Тоҷикистон "Сангтӯда-1"-ро аз ҷумлаи муассисаҳои бузурги қарздор аз андоз эълон кардааст. Соли 2013 ҳатто ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон суратҳисоби нерӯгоҳро барои чанд муддат баст. Он замон Павел Лавров, сухангӯи нерӯгоҳ ба матбуот гуфта буд, ки нерӯгоҳ мехоҳад қарз аз андозро комилан пардохт кунад, вале агар “Барқи тоҷик” қарзи худро ба нерӯгоҳ бипардозад.

Раҳбарияти Барқи тоҷик мегӯяд, дар соли ҷорӣ аз Сангтӯда-1 ба миқдори 1 милларду 600 миллион киловат соат барқ гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG