Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумҳурии Кипр бо ирсоли як нота аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, тавзеҳ диҳад, ки оё Созишномаи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата дар байни Кипру Тоҷикистон риоя мешавад ё на?

Ба иттилои дафтари матбуоти сафорати ҷумҳурии Кипр дар Маскав, ки масъулияти равобит бо кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистонро бар дӯш дорад, нотаи ин кишвар ба Тоҷикистон дар бораи тавзеҳи созишномаи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарат байни ду кишвар моҳи августи соли равон ирсол шуд, аммо Душанбе то ҳол ба он посухи расмӣ нагуфтааст.

Ин масъала дар ҳоле рӯ зад, ки Кумитаи андози Тоҷикистон аз молики қаблии “Созидание”, ширкати киприи WTT Hotels one Limited, ки “Созидание”-ро ба ширкати дигари кипрӣ “SUNLINK LIMITED дар соли 2011 фурӯхтааст, 322 миллион сомонӣ андоз ва ҷарима талаб кард. “Созидание” дар навбати худ барои лағви ин қарори Кумитаи андоз ба додгоҳ шикоят бурд. Аммо ҳам додгоҳи иқтисодии Душанбе ва ҳам Додгоҳи олии иқтисодӣ баҳсро ба нафъи Кумитаи андоз ҳал кард.

Мехмонхонаи Haytt Regency дар Душанбе

Мехмонхонаи Haytt Regency дар Душанбе

Созишнома дар бораи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукаратаро Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба мерос гирифт ва ҳамчун меросбари Шӯравӣ бояд онро риоя кунад. Аммо Игор Серебряков, вакили мудофеи ширкати “Созидание” рӯзи 11 сенябр дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, вақте дар додгоҳи Тоҷикистон ҳамчун вакили дифоъ аз Созишномаи байни Кипр ва Шӯравӣ ёдовар шуд, мақомоти давлат иддао карданд, ки ин созишнома амал намекунад.

Ӯ мегӯяд: “Намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ба додгоҳ нома оварданд, ки дар он гуфта мешуд, созишнома байни Тоҷикистону Кипр дар мавриди ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата амал намекунад. Аммо мақомоти Кипр бо огоҳ шуданд аз ин қазия дар ҳайрат монданд, ки чаро Тоҷикистон ба таври якҷониба тааҳҳудоти байналмиллалии ба ӯҳда гирифтаашро риоя намекунад”.

Вазорати молияи Кипр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар Тоҷикистон аз ширкатҳо барои амалиёташон дар Кипр андоз ситонад, ин кишвар низ дар баробари ширкатҳои Тоҷикистон аз чунин шева кор хоҳад гирифт. Рена Макри, иқтисодшиноси вазорати молияи Кипр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти зиддахли Кипр Созишномаи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукараторо эътироф ва дар амал тадбиқ мекунанд, аммо “агар кишвари узви ин созишнома андозбандии дукаратро тадбиқ кунад, мо низ бо ширкатҳои ин кишвар аз ин шева кор мегирем.”

Чаро Кипр “Макка"-и сармоягузорон аз кишварҳои пасошӯравист?

Кипр яке аз хурдтарин кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аст, ки ҳамагӣ 837 ҳазор аҳолӣ дорад. Бо вуҷуди ин Кипр дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ дар қатори давлатҳои раддаи аввали сармоягузор шомил мешавад. Тайи чанд соли охир Кипр дар Тоҷикистон ҳам дар қатори панҷ кишвари аслии сармоягузор қарор дошт. Ҳукумати Кипр аз ширкатҳое, ки хориҷиҳо дар ин сарзамин сабти ном мекунад, андоз намеситонад ва бо ин ҷаззобияташ таваҷҷӯҳи сармоядорони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.

Яке аз тарҳҳо бо сармояи хориҷӣ дар шаҳри Душанбе.

Яке аз тарҳҳо бо сармояи хориҷӣ дар шаҳри Душанбе.

Сармоядорон бо сабти номи ширкат дар Кипр ба истилоҳ “бо як тир чанд нишон мезананд”. Мизони андоз дар Кипр хеле поин буд, дар аксар ҳолатҳо ба сифр баробар аст. Аз ин рӯ, сармоядорон аз кишварҳои пасошӯравӣ, бо шумули Тоҷикистон ширкатро дар Кипр сабти ном мекунанд ва дар нақши сармояи хориҷӣ боз ба Тоҷикистон бармегардонанд.

Аз як сӯ, ширкати онҳо таҳти ниқоби “сармоягузори хориҷӣ” аз имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд ва аз сӯи дигар сармояи онҳо аз хавфи рейдерӣ эминтар мемонад. Ҳамчунин бо такя ба он, ки онҳо дар Кипр молиёт пардохт кардаанд, дар Тоҷикистон барои амлиётҳои молиявиашон молиёт намесупоранд. Кулли ин ҳама бартариҳо Кипрро ба “биҳишти амну бехтари” сармояҳои сарватмандони тоҷик табдил медод. Аммо ҳоло, ки Тоҷикистон аз муомилоти анҷомшуда дар Кипр андоз талаб кардааст, ин кишвар барои сармоядорони тоҷик ҷаззобияташро аз даст медиҳад.

Алексей Хмара, роҳбари намояндагии Transperency international (Шафофияти байналмилал) мегӯяд, вақте Кипрро дар қатори кишварҳои асосии сармоягузори кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебинед, тааҷҷуб мекунед, ки чӣ гуна ин кишвари аҳолиаш камтар аз як миллион, ки истеҳсолоте надорад, ба кишварҳои дигар сармоягузорӣ мекунад? “Дар Кипр ставкаи андоз ба сифр баробар аст. Бинобар ин, сармоядорон аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷо ширкаташонро сабти ном мекунанд ва бизнесашонро дар кишварҳои худ пеш мебаранд. Дар асл ин пули худи мо аст, ки ба Кипр меравад ва ба шакли сармоягузории хориҷӣ бозпас мегарад.”

Ҷаноби Хмара мегӯяд, риоя нашудани созишномаи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата манфиатҳои Кипрро халалдор мекунад ва вокуниши ҷиддии онро ба бор меорад. Зеро ба гуфти Хмара, 60 дарсади даромади Кипр маҳз аз ҳисоби сектори молиявӣ аст ва риоя нашудани созишномаҳое мисли ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата ҷаззобияти Кипро барои сармояҳо аз байн мебарад.

Бино бар иттилои вазорати адлияи Кипр, дар ин кишвар беш аз 30 ширкат аз Тоҷикистон сабти ном шудааст. Номи чанде аз ин ширкатҳои кипрӣ дар матбуот зиёд пайдо мешавад, аммо маълум нест, ки молики аслии он кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Бисёре аз кишварҳо мақомоти Кипрро барои фароҳам намудани имкони “пулшӯӣ” ва гузаронидани амалиётҳои машкуки молӣ, гунаҳкор мекунанд. Аммо Кипр барои Тоҷикистон ба фарқ аз минтақаҳои офшор, ки сармояҳои кишвар ба таври бебозгашт ба он ҷо фиристода мешавад, аз камтарин кишварҳое буд, ки тавассути он соҳибкорон ба Тоҷикистон дубора сармоягузорӣ мекарданд. Ба бовари бисёре аз коршиносон, эътироф ва риоя нашудани Созишномаи ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата метавонад Тоҷикистонро аз сармояҳои кипрӣ маҳрум кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG