Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои мобилӣ - "гови ҷӯшоӣ" барои пур кардани буҷа?


Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо як ирсоли нома ба унвони вазири молия ва раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, аз андозбандиҳои зиёд дар соҳаи алоқа нигаронӣ кардааст. Кумитаи андоз мегӯяд, ин нома ҳанӯз ба онҳо нарасидааст.

Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз мактуби шикоятии ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати андозбандиҳои зиёд дастрас нашудааст.

Саидаҳтам Абдуллоев, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати ворид шудани мактуб он ҳамаҷониба омӯхта хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, то кунун тамоми тасмимҳои Кумитаи андоз дар чаҳорчӯби қонун гирифта шудааст ва фикр намекунад, ки дар андозбандии фаъолияти ширкатҳои мобилӣ камбудие ҷой дошта бошад: «Ҳоло чунин мактубе ба мо нарасидааст. Мактуб расад, мутахассисони мо онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва дар доираи қонун ба он ҷавоб хоҳанд дод. Тамоми андозбандиҳо мувофиқи Кодекси андоз ва дигар қонунҳо муайян карда мешавад.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим

Ин дар ҳолест ки Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо як ирсоли нома ба вазири молия ва раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ки рӯзи 7-уми июл нашр шуд, аз андозбандиҳои зиёд дар соҳаи алоқаи кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.

Ғафур Эркаев, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 7 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯзҳо ширкатҳои мобилӣ аз ҳар сомонӣ 32 дирамашро барои андоз сарф мекунанд, дар ҳоле ки ширкатҳо харҷҳои дохилии худро низ доранд. Вай меафзояд, Иттиҳодияи ширкатҳои мобилӣ бо назардошти андозбандиҳои зиёд маҷбур шуд ба вазири молия ва раиси Кумитаи андоз муроҷиат кунад, ки мавзӯъро бознигарӣ кунанд.

Тавре дар номаи ин созмон омадааст, «дар соли 2013 ҳиссаи андоз нисбат ба маблағи фурўш 32% -ро ташкил дод, вале бо назардошти санҷишҳои андоз, ин нишондиҳанда 45 дарсадро ташкил дод, ҳол он ки ширкатҳо хароҷоти марбут ба нигаҳдорӣ ва хизматрасонии тиҷорати худро низ ба дӯш доранд.»

Намояндагони ширкатҳои мобилӣ чунин андозбандиҳоро монеи рушди соҳа медонанд. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати «Бабилон-м» мегӯяд, болоравии андоз, ки се сол боз идома дорад, боиси сари вақт ворид накардани таҷҳизоти муосири соҳаи алоқа шуда метавонад. Ӯ мегӯяд: «Ин дар системаи маблағгузорӣ, воридоти техникаи нав, ба кор андохтани стансияҳои нав таъсир мерасонад. Дар амал муфаттишони андоз ҳуҷҷатҳоеро ба назар мегиранд, ки пештар тартиб додаанд. Ширкатҳо хизматрасониҳои боимтиёз доранд, аммо вақти тафтиш ва андозбандӣ мутаассифона, ин ба ҳисоби миёна шумурда мешавад ва сад фоиз андозбандӣ мегардад. Аз ҳамин ҳисоб ширкатҳо вазъашон вазнин шуд, ки ба Кумитаи андоз муроҷиат карданд.»

Коршиносон мегӯянд, дар солҳои қаблӣ соҳаи алоқаи мобилии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна пешрафтатар буд, аммо чунин андозбандӣ метавонад, кори ширкатҳоро ба мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ карда, ин яке аз бартариҳои ангуштшумори кишвар дар назди ҳамсояҳояшро низ бар бод диҳад.

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати коҳиш додани андозбандӣ ширкатҳои мобили Тоҷикистон ба бозори Осиёи Марказӣ ворид мешаванд, ки ин шумораи андозсупорандагон дар Тоҷикистонро бештар мекунад. Оқои Атоев афзуд: «Имкон фароҳам овардан лозим, ки онҳо дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хизматрасонӣ кунанд. Аз нигоҳи технологӣ ва кадрӣ онҳо қодир ҳастанд, ки чунин корро анҷом диҳанд. Аммо бо суръат боло бурдани андоз рақобат дар бозорро мекушад. Ширкатҳо дигар ҳатто барои худ технологияи нав ворид карда наметавонанд. Роҳи беҳтар зиёд кардани шумораи андозсупорандаҳост, на боло бурдани андоз. Чи қадаре шумораи корбарони изофӣ зиёд шавад, ҳамин қадар андозсупоранда зиёд мешавад. »

Ҳамчунин Атоев гуфт, боло бурдани андоз барои ширкатҳо метавонад, шумораи хизматрасониҳоро коҳиш диҳад ва нархи гуфтугӯи телефонӣ ва истифодаи интернет дар Тоҷикистонро гаронтар кунад.

Намояндагони ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, давоми се соли охир нархномаҳои хизматрасонии худро тағйир надодаанд, вале дар сурати коҳиш наёфтани андозбандӣ маҷбуранд, нархҳоро барои муштариён боло баранд.

Дар номаи Иттиҳодияи ширкатҳои мобилӣ ба Кумитаи андоз ва вазорати молия инчунин омадааст, ки «тайи ду соли ахири 2010 то 2013 дар қонунгузории андози Тоҷикистон тағйироти зиёде вобаста ба соҳаи «алоқаи барқӣ» ворид карда шуд, ки аз ҷумла дар мӯҳлати кӯтоҳ андозҳои аз қабили аксиз аз зангҳои баромад 3 фоиз барои зангҳои воридотӣ 3 дарсад, андоз барои пайваст кардни зангҳои баромад 18 фоиз ва барои пайваст кардани зангҳои даромад 18 дарсад ҷорӣ карда шуданд.»

Дар як соли ахир ин бори дуввум аст, ки Иттиҳодияи ширкатҳои мобилӣ барои коҳиш додани андоз мактуб менависад, аммо то кунун вазъ тағйире надидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкатҳои мобилӣ дар як сол ба буҷаи Тоҷикистон 1 миллиард сомонӣ, муодили 200 миллион доллар, андоз месупоранд.

XS
SM
MD
LG