Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тавлиди алюминро 2 баробар зиёд мекунад


Корхонаи аллюминиюми Тоҷикистон− “TalCo”, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсолашро пайваста коҳиш медод, барнома дорад, ки соли равон тавлиди алюминюмро ду маротиба бештар кунад.

Игор Сатторов, роҳбари Департаменти таҳлил ва иттилоти “TalCo” рӯзи панҷшанбеи 4 июн ба Радиои Озодӣ гуфт,“мо бо ширкати Швейтсарии Glencore шартнома бастаем ва ин ширкат дар корхонаи мо то охири сол 200 дегхонаи нав насб хохад кард. Ин навсозӣ ба мо имкон медиҳад, ки ба сурати қобили мулоҳиза истеҳсоли аллюминюмро бештар кунем. “

“TalCo” дар ҳоле аз барномаи афзоиши тавлид хабар медиҳад, ки қиммати аллюминий дар бозори ҷаҳонӣ, баъди коҳиши башиддат дар солҳои гузашта акнун каме боло рафтааст. Аллюминиум дар баробари пахта аз маҳсулоти страгеии Тоҷикистон аст ва тавлиду фурӯши он ба буҷаи кишвар таъсир дорад.

Ширкати “TalCo” сар аз соли 2010 истеҳсоли аллюминюмро дар пайи коҳиши қиммати он дар бозор пайваста поён мебурд. Барои намуна, тавлиди аллюминюм дар соли гузаштаи 2014 ба поинтарин сатҳ -121 ҳазор тонна дар як сол расид. Ин дар ҳолест, ки то шурӯи бӯҳрон дар бозори аллюминюм дар ҷаҳон дар соли 2008 “TalCo” солона беш аз 400 ҳазор тонна аллюминюм истеҳсол мекард.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати "Талко"
Игор Сатторов, сухангӯи ширкати "Талко"

Омодагии “TalCo” дар мавриди афзоиш додани истеҳсоли аллюминюм дар пасманзари нисбатан боло рафтани нархи ин метал дар бозори ҷаҳонӣ сурат мегирад. Ҳоло нархи як тонна аллюминюми аввалия дар Биржаи металҳои рангаи Лондон 1716 долларро ташкил медиҳад. Тайи ҳафтаи охир нархи ҳар тонна аллюминюм дар ин биржа ҳудуди 16 доллар боло рафтааст. Бинобар арзёбии таҳлилагарон, ин нуқтаи охирин нест ва раванди гароншавии ин фулузот идома пайдо хоҳад кард.

Бо боло рафтани нархи аллюминюм дар бозори ҷаҳонӣ, “TalCo” мушкили “дардисарсоз”−и дигараш ҳам дар ин шабу рӯз раҳо шуд.

“TalCo” солҳо боз бо ширкати аллюминюми Русия “Русал” вориди баҳси додгоҳии дарозмуддат ва пурхарҷе буд, ки билохира ба нафъи дуввуми анҷомид. Ширкати “Русал”, ки марбут ба сармоядори рус Олег Дерипаска аст – дар додгоҳи ҳакамии Швейтсария бар коршарики корхонаи аллюминюм Талко - СDH Investment - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард.

Аммо гиреҳи ин ҳама даъвоҳо дар пайи як созиши “TalCo” ва “Русал” вобаста ба пардохти қарзу ҷаримаҳои андози ширкати “Созидание” дар Душанбе ҳал шуд. Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ё “TalCo” дар ивази сулҳ бо ширкати русии РусАл муваззаф шуд, беш аз 322 миллион қарзу ҷаримаҳои андози ширкат “Созидание”-ро пардохт намояд.

"Созидание" як ширкати наздик ба Олег Дерипаска, миллиардери ба Кремл наздик ва раҳбари Русал дониста мешавад, ки ба ҷуз аз меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, як маркази тиҷории дараҷаи “А” низ дорад, ки дар он намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие назири IFC ва Бонки ҷаҳонӣ ҷойгир шудаанд.

Игор Сатторов мегӯяд, мушкилоти ин ду ширкат натанҳо ҳал шуданд, балки ҳоло “TalCo” ва “Русал” дубора коршарик шудаанд. “Мо байни ҳамдигар ҳоло ҳуҷҷатҳои тиҷориеро ба имзо расондем, ки мухолифатҳои чандинсолаи байниҳамдигариро аз байн бурд. Ҳамакнун ширкати “Русал” ба гилхок−масолеҳи аслии истеҳсоли аллюминюмро дастрас мекунад. Мо аллакай қисмати аввали гилхокро дар ҳаҷми 20 ҳазор тонна дастрас кардем” – гуфт Игор Сатторов.

ТАЛКО, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Узбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. Ба ин далел, ТАЛКО мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат ва технологияҳои навин нест.

Ҳарчанд саҳми аллюминюм дар таркиби молҳои содиротии Тоҷикистон аз 60 дарсад то ба 24 дарсад дар соли 2014 боқӣ монда бошад, ҳам ин метал аз молҳои аслии содиротии кившар боқӣ мемонад. Дар соли 2014 ТАЛКО ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 234 миллион доллар алюминий фурӯхтааст ва аз корхонаҳои аслии воридкунандаи асъори хориҷӣ ба кишвар аст.

XS
SM
MD
LG