Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе савумин меҳмонхонаи панҷситорадор бо сармояи хориҷӣ қомат барафрохт.

Шомгоҳи рӯзи шанбеи 6 сентябр меҳмонхонаи “Шератон” оғоз ба фаъолият кард, ки дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат доштааст. Гуфта мешавад, ки ин нахустин меҳмонхонаи "Шератон" дар Осиёи Марказист ва бо харҷи 275 миллион сомонӣ ё ҳудуди 55 миллион доллар аз сӯи ширкати хусусии СИ ЕЙ ЧЕЛ-и Ҳиндустон бунёд шудааст.

Ин меҳмонхонаи 15 ошёна дорои 148 утоқ буда ва ба гуфтаи масъулони он, барои қабули ҳатто меҳмонони сатҳи баланд пешбинӣ шудааст. Меҳмонхонаи "Шератон" дорои толорҳои маҷлису гуфтушунид, 2 тарабхона, толорҳои варзишӣ буда, гуфта мешавад, ки 180 нафарро ба корӣ доимӣ фаро хоҳад гирифт.

"Shereton", ки бо маблағи 275 миллион сомонӣ сохта шудааст, нахустин меҳмонхонаи панҷситорадор нест, ки дар пойтахти Тоҷикистон бо сармояи хориҷӣ бунёд мешавад.

Дар авохири соли 2011 дар ҷараёни сафари Шоҳзода Оғохони IV меҳмонхонаи панҷситорадори “Душанбе-Серена”, ки сохтмонаш дар остонаи таҷлил аз бистумин солгарди итисқлоли Тоҷикистон анҷом пазируфт, ифтитоҳ шуд. Меҳмонхонаи "Душанбе-Серена" бо ҳудуди 40 миллион доллари Бунёди Оғохон бунёд шудааст.

Дар гузашта меҳмонхонаи панҷситорадори "Ҳайат Реҷенси" низ фаъол шуда буд. Меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe сар моҳи марти соли 2009 то ба ҳол фаъол аст. Молики аслии меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe- «Русские отели» зерширкати «Базовий элемент», ҳолдинги сармоядори рус Олег Дерипаска аст. Аммо Haytt Regency Dushanbe-ро ширкати дигари наздик ба Дерипаска «Созидание» идора мекунад, ки ба ҷуз аз ин меҳмонхона, як маркази тиҷории дараҷаи «А» низ дорад ва дар он намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ - IFC ва Бонки ҷаҳонӣ мустақаранд.

Ахиран ин меҳмонхона бо Кумитаи андоз вориди баҳси додгоҳӣ шуд. Кумитаи андози Тоҷикистон меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe-ро ба насупурдани 65 миллион сомонӣ андоз айбдор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG