Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТалКо: Бо “Norsk Hydro” раҳбарияти собиқи ширкат ҳамкорӣ дошт


Ширкати “Талко”-и Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бо ширкати “Norsk Hydro”-и Норвегия ҳеҷ гуна ҳамкорӣ надорад.

Сомонаи байналмилалии "Aluminium Insider” рӯзи 6 март бо интишори матлабе аз ҳукумати Норвегия барои тиҷорати ношаффофи яке аз ширкатҳои норвежӣ бо ТАЛКО хабар дода, гуфтааст, ки ҳукумат Комиссияи ахлоқии парлумони ин кишварро бо шумули як вазир муваззаф кардааст, то соҳибони ширкати ТАЛКО-ро ифшо кунад. Дар ин матлаб омадааст, ки порлумони Норвегия аз ширкати давлатии Норвегия “Norsk Hydro” талаб кардааст, ки ба пурсишҳои порлумон дар мавриди ҳамкории ношаффофашаш бо ширкати ТАЛКО-и Тоҷикистон, ки дар минтақаи оффшори Бритониё номнавис шудааст, посух диҳад.

Ба таъкиди ин матлаб ҳукумати Норвегия фасодкориро ба ҳеч ваҷҳ таҳаммул намекунад ва барои ҳамин Комиссияи ахлоқии парлумони ин кишварро муваззаф кардааст, то дар мавриди адами шаффофият ва ифшои соҳибони ТАЛКО таҳқиқоти худро гузаронад. “Дагенс Нерингслив”, яке аз нашрияҳои Норвегия, ки матолиби зиёдеро дар бораи тиҷорати ширкати “Norsk Hydro”-и Норвегия бо ТАЛКО нашр кардааст, менависад, ки ин ширкати норвежӣ муддати 20 сол аст бо ТАЛКО, ки соҳибонаш то кунун номаълум ҳастанд, доду гирифт дорад. Ба навиштаи “Аluminium insider”, ширкати “Norsk Hydro” мегӯяд, ки тибқи қарордодҳо наметавонад соҳибони ширкати ТАЛКО-ро ифшо кунад, вале ин ҷавобҳои ширкати “Norsk Hydro” аъзои Комиссияи ахлоқии порлумони ин кишварро қонеъ накардааст.

Дар вокуниш ба ин таҳаввулот ширкати “Талко”-и Тоҷикистон гуфт, ки муддати 15 соли ахир бо ширкати “Norsk Hydro” ҳеҷ гуна ҳамкорӣ надорад ва маълумот дар бораи роҳбарон низ махфӣ ё пинҳонӣ нест. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “ТАЛКО” рӯзи 7 март гуфт, ки солҳои 2003 то 2005, вақте раиси ширкати алюминии Тоҷикистон (он замон - ТадАз) Абдуқодир Эрматов буд, бо ширкати “Norsk Hydro” барои дарёфти хокаи алюминиум (глинозем)

Игор Сатторов
Игор Сатторов

ҳамкорӣ мекард. Ба таъкиди Игор Сатторов, "Абдуқодир Эрматов, ҳамчун раиси ширкати алюминиуми Тоҷикистон бо ширкати “Norsk Hydro”, қарордодҳои ҳамкориро бидуни машварат бо ҳукумати кишвар имзо ва ҳамкорӣ мекард". Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Сатторов, пас аз соли 2005, Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ва баъдтар “ТАЛКО” бо ширкати Norsk Hydro ҳеҷ иртибот ва ҳамкорӣ надошт ва иддаои ҳукумати Норвегия дар мавриди номаълум будани соҳибони “ТАЛКО” мояи нигаронии шадиди мақомоти ин ширкат шудааст. Зеро ба таъкиди ҷаноби Сатторов, ному насаби раҳбарони “ТАЛКО” пинҳон нест ва дар сомонаи ширкат ҳам ҳамаи маълумотро пайдо кардан мумкин аст.

ТАЛКО - корхонаи алюминсозии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, тақрибан 60-километрии ғарби Душанбе ва 20-километрии марз бо Узбакистон, бо саҳми умдааш дар таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, бахусус дар таъмини содироти кишвар як корхонаи муҳимтарин ба шумор меояд. ТАЛКО мустақиман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ итоат мекунад ва ба фарқ аз боқӣ корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, вобастаи вазорати саноат ва технологияҳои навин нест.

Дар миёнаи солҳои 2000-ум то 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти ТАЛКО ба даст меомад, вале дар соли 2013, бино бар коҳиши тавлидот, аз 1 миллиарду 172 миллион доллар ҷамъи содироти кишвар танҳо 370 миллион доллар ё ҳамагӣ 30 дарсадаш аз ҳисоби содироти алюминийи аввалия ба даст омадааст. Дар соли 2014 ТАЛКО ба хориҷ ба маблағи ҳамагӣ 234 миллион доллар алюминий фурӯхтааст ва саҳмаш дар таъмини содироти Тоҷикистон боз ҳам пойинтар рафтааст.

Бино ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, нархи 1 тоннаи алюминий аз 2400 доллар дар соли 2011 то 1900 доллар дар соли 2014 ва то 1700 доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта, дар назар аст, имсол нархи он то 1500 доллар пойин шавад.

Ширкати ТАЛКО, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, сохта шуд. Далели интихоби Тоҷикистони дур аз манобеъи гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосии лозим барои тавлиди алюминий - ба ҳайси макони бунёди ин корхона арзон будани нирӯи барқ – дувумин чизи хеле лозим барои фаъолияти дастгоҳҳои барқхӯри тавлиди алюминий будааст. Тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ дар он солҳо пеш аз ҳама бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти ҳамин корхона бо нирӯи барқ таҳия шуда буд.

XS
SM
MD
LG