Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати ТАЛКО мегӯяд, дар чорчӯби чораҳои зиддибӯҳронӣ 607 кормандашро ихтисор кардааст, вале аз ин шумор 541 нафар алакай дар корхонаҳои дигари ин ширкат бо ҷои кори нав таъмин шудаанд.

ТАЛКО – ширкати алюминсозии Тоҷикистон, воқеъ дар канори шаҳри Турсунзода, 60-километрии ғарби Душанбе мегӯяд, дар чорчӯби барномаи зиддибӯҳрониаш 607 коргарро ҷавоб додааст. Вале Игор Сатторов, раҳбари департаменти робитаҳо бо ҷомиаи ин бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон рӯзи 21 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, аз ин шумор 541 нафарро алакай дар корхонаҳои дигари марбут ба гурӯҳи ТАЛКО бо ҷои кори муносиб таъмин кардаанд: “ТАЛКО дар ҳоли ҳозир танҳо корхонаи алюминсозии Турсунзода нест. Мо се корхона дар Ёвон месозем, корхонаи маъдани Такобро мечархонем. 541 нафар аз ихтисоршудаҳоро дар ин корхонаҳо ҷои кор додем ва 66 нафар дар захираанд.”

Игор Сатторов афзуд, кормандони ихтисоршуда аксар аз бахши маъмурияти корхона буданд ва онҳо талош доранд, то коргарони ҳирфаиро ҳадалимкон ҳифз кунанд.

Дар ҳоли ҳозир, дар ТАЛКО тақрибан 7800 нафар кор мекунанд. Дар оғози сол шумори коргарони ин ширкат ҳудуди 8200 нафарро ташкил медод. Маоши миёна дар ТАЛКО 1062 сомонӣ буда, коргарони тахассусии ин корхона аз 2000 то 2500 сомонӣ маош мегиранд.

ТАЛКО ба далели пойин рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ аз соли 2014 ба ин тараф ба мушкилоти молӣ дучор шудааст ва роҳҳои кам кардани хароҷот ва пойин бурдани арзиши аслии маҳсулоти асосии содиротиаш – алюминийи аввалияро меҷӯяд. Иллати дигари мушкилоти ТАЛКО баҳсҳои пурхарҷи додгоҳӣ бо шарикони собиқаш, назири соҳибкори фирорӣ Аваз Назаров, ширкатҳои РусАл ва Норск Ҳидро мебошад, ки барои корхонаи алюминсозии Тоҷикистон бо баҳои даҳҳо миллион доллар тамом шуд. Танҳо баҳси ТАЛКО бо ширкати “Созидание”, марбут ба РусАл барои ТАЛКО ба қимати 329 миллион сомонӣ анҷом ёфт.

Игор Сатторов

Игор Сатторов

Дар соли гузашта як ширкати аудиторӣ фаъолияти ТАЛКО-ро бозрасӣ карда, ба маъмурияташ ибтидо ихтисор кардани 5000 коргар ва баъди рад шудани ин роҳи ҳал ихтисори дастикам 2000 коргарро тавсия дода буд. Аммо Игор Сатторов гуфт, ин ба маъное нест, ки раҳбарони ширкат якбора 2000 коргарро ҷавоб медиҳанд: “Ширкати РусАл, барои мисол, гирифту 6 корхонаашро баст ва тамоми коргаронашро ҷавоб дод. Мо роҳи бархӯрди боэҳтиётро пеш гирифтем. Талош мекунем, пеш аз ҳама, ҷойҳои кори холишударо ихтисор кунем. Мо намехоҳем, ки коргарони ҳирфаии мо дар кӯча монда, ба Русияву кишварҳои дигар парешон шаванд. Чунки вақте бӯҳрон пушти сар шуд, мо ба ин коргарон аз нав эҳтиёҷ пайдо хоҳем кард.”

ТАЛКО дар корхонаҳои дигари саноатиаш тақрибан 4000 ҷойи кори дигар дорад ва ба ҳайси як роҳи ҳал мехоҳад коргарони аз Турсунзода ихтисоршударо дар ин корхонаҳояш ҷобаҷо кунад.

Нархи алюминий – маҳсулоти асосии ТАЛКО, ки чанд сол пеш то 2700-2800 доллар барои як тоннаро ташкил медод, аз соли 2014 ба ин сӯ дар бозори ҷаҳонӣ беист пойин меравад. Дар поёни соли 2014 нархи як тонна алюминий то 1900 доллар ва дар поёни соли 2015 то 1700 доллар пойин шуд.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз дар моҳи декабр пешбинӣ карданд, ки нархи алюминий дар соли 2016 низ пойин меравад ва то ба ҳадди 1500 доллар хоҳад фуромад. Дар ибтидои моҳи апрел нархи алюминий дар воқеъ то ҳадди 1508 доллар пойин рафт, вале як ҳафтаи охир батадриҷ боло меравад ва рӯзи 21 апрел то 1629 доллар барои як тонна расид.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузоришаш имкони нақшаи ТАЛКО барои дар ду соли 2015-2016 ду маротиба афзоиш додан ва ба 270 000 тонна дар сол расондани тавлидоташро зери суол бурда буд. Аммо масъулони ширкат мӯътақиданд, ки иҷрои ин дурнамо имкон дорад. Як мояи умедвории онҳо бо вуҷуди ихтисори коргарон 18 дарсад афзудани тавлидоти алюминий дар ин корхона дар семоҳаи аввали соли ҷорист.

ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, дар гузашта дар таъмини рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ин кишвар нақши фавқулодда дошт. Дар ибтидои солҳои 2000-ум то 50 дарсади содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши алюминий ба даст меомад. Боло рафтани нархи алюминий боис шуд, ки тавлидоти ТАЛКО то ҳадди аз 300 то 350 ҳазор сол боло бурда шавад. Вале бо оғози бӯҳрон дар бозори алюминий тавлидоти ин корхона низ рӯ ба коҳиш овард ва дар соли 2014 ҳудуди 120 ҳазор тонна ва соли гузашта тақрибан 190 ҳазор тоннаро ташкил дод. Саҳми ТАЛКО дар таркиби содироти Тоҷикистон низ аз 50 дарсади қаблӣ ҳоло то ҳадди 25-27 дарсад пойин омадааст.

ТАЛКО ҳоло бо роҳандозии тавлидоти маҳсулоти дигар мехоҳад мавқеашро дар арсаи саноатии Тоҷикистон тақвият диҳад. Ин ширкат аз ҷумла аз соли 2008 ба ин сӯ дар Ёвон се корхонаи тавлиди тезоб (кислота), криолит ва фторити алюминийро бо харҷи 126 миллион доллар месозад ва соли гузашта барои истихроҷи тило аз конҳои Кончоч ва Чӯлбойӣ, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ иҷозати ҳукуматро барои 25 сол ба даст овард.

Ширкати ТАЛКО, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюминсозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, дар канори шаҳри Турсунзода сохта шуд. Далели интихоби Тоҷикистони дур аз манобеъи гилхок (глинозём) – ашёи хоми асосии лозим барои тавлиди алюминий - ба ҳайси макони бунёди ин корхона арзон будани нирӯи барқ – дувумин чизи хеле лозим барои фаъолияти дастгоҳҳои барқхӯри тавлиди алюминий будааст. Тарҳи нирӯгоҳи Роғун низ дар он солҳо пеш аз ҳама бо ҳадафи таъмини эҳтиёҷоти ҳамин корхона бо нирӯи барқ таҳия шуда буд.

Аммо мунтақидони ҳукумат мегӯянд, пулу фоидаҳои ТАЛКО асосан дар дасти ҳалақоти наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон мечарханд ва бо онки дар бебарқиҳои фасли сармо то нисфи нирӯи барқи Тоҷикистонро “мехӯрад”, саҳмаш дар супурдани андоз ба буҷаи давлат дар сол тақрибан 30 миллион доллар, яъне камтар аз ҳатто андози солонаи як ширкати телефонҳои мобил, назири “Вавилон” мебошад.

XS
SM
MD
LG