Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати ТАЛКО ба хотири ҳалли мушкили иқтисодии худ аз ҳукумати Тоҷикистон коркарди конҳои Кончоч ва Чӯлбойӣ, воқеъ дар ноҳияи Айниро бо захоири 32 тонна тилло дархост кардааст.

Ширкати ТАЛКО ба хотири ҳалли мушкили иқтисодии худ аз ҳукумати Тоҷикистон коркарди конҳои Кончоч ва Чӯлбойӣ, воқеъ дар ноҳияи Айниро бо захоири 32 тонна тиллоро дархост карда ва ҳукумати кишвар ин дархостро пазируфтааст.

Игор Сатторов,сухангӯи корхонани алюминийсозии Тоҷикистон (ТАЛКО) рӯзи 21 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори омода кардани муҷаввизи коркарди ду кони маъдани мавсум ба Канчоч ва Чӯлбойии ноҳияи Айнӣ ба тасвиб расидааст ва ин конҳо аз тарафи ТАЛКО мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Тавре корхонаи ТАЛКО хабар медиҳад, дар қарори ҳукумати кишвар зикр шудааст,ки ҳукумати кишвар ин конҳоро барои 25 сол ба ихтиёри корхонаи мазкур хоҳад гузошт.

Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон ТАЛКО-ро мувазаф кардааст, ки тайи ду моҳи оянда бо ниҳодҳои масъули ҳукуматӣнақшаи таҳияи муҷаввизро омода намуда ва ба ҳукумат пешинҳод кунад.

Ҷаноби Сатторов гуфт, феълан ТАЛКО тавони ба танҳоӣ коркарду иктишофи ин конҳои бузурги маъодинро надорад ва барои ҷалби сармоягузорон талош хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини аввали раиси Идораи геологияи Тоҷикистон дар бораи ба ТАЛКО додани ду кони тило имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии ҳукумати Тоҷикистон афзоиш додани истихроҷи тило ва беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодӣ ва молии худи корхонаи алюминиум мебошад.

“Истихроҷи тило дар кишварҳои ҳамсоя ба тадриҷ боло рафта истодааст ва Тоҷикистон ҳам дар ин замина талошҳое анҷом медиҳад. Додани ду кони тилои “Кончоч” ва Чулибойи ноҳияи Айнӣ ба ихтиёри ТАЛКО аз ҷумлаи ин талошҳост. ТАЛКО дар тарҳи худ пешниҳод кардааст, мустақилона метавонад аз ӯҳдаи роҳандозӣ ва истихроҷи конҳо барояд ва ба ҳамин хотир мо розӣ шудем, ки ба корхонаи алюминиум ин ду кон дода шавад. Бо шурӯъи кор дар конҳои мазкурҷои кор пайдо карда мешавад, маблағ пайдо мешавад, андоз ба буҷа ворид мешавад. Аз сӯйи дигар вазъи худи корхонаи алюминиум аз нигоҳи иқтисодӣ ва молӣ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад ниҳод”.

Конҳои Кончоч ва Чӯлбойӣ дар ноҳияи Айнӣ дорои маъданҳои муҳим, аз ҷумла тило, нуқра, симоб ва дигар анвоъи маъодин буда, танҳо захоири тилои онҳл беш аз 32 тонна арзёбӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG