Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Ағбар: “Варзиш дар Афғонистон зинда мешавад”


Муҳаммад Зоҳири Ағбар.
Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Хабарнигори радиои Озодӣ бо раиси Кумитаи миллии олимпӣ, сардори раёсати умумии тарбияти баданӣ ва варзиши Афғонистон ҷенерол Муҳаммад Зоҳири Ағбар сӯҳбате орост.

Шореҳи варзиши радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф пас аз хотимаи Бозиҳои дувуми осиёии навҷавонон дар Нанҷинги Чин бо ҷенерол Муҳаммад Зоҳири Ағбар вохӯрд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ба чанд суол посух бидиҳад.

Озодӣ: Ҷаноби Ағбар, хоҳиш дорам, ки нахуст андешаҳои худро дар бораи натоиҷи ширкати варзишкорони Афғонистон дар Бозиҳои дувуми осиёии навҷавонон баён кунед.

Cӯҳбати хабарнигори Озодӣ бо Муҳаммад Зоҳири Ағбар, раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:59 0:00
Линки мустақим

Ағбар: "Ҷойи ниҳоят хурсандӣ ҳаст, ки Афғонистон барои аввалин бор дар ин бозиҳо ҳузур пайдо кард ва бо ҷамъи 18 нафар аз чор намуди варзиш дар ин барнома иштирок дошт. Бо таассуф, ки мо натавонистем медолеро ба даст биёрем. Вале ин ки ҳамсояҳои мо, дӯстони мо, варзишкорони тоҷик тавонистанд ду медол ба даст биёранд, ин мояи ифтихор аст барои мо. Чизе ки дар ин барнома ниҳоят муҳим аст, танҳо масъалаи медол гирифтан, қаҳрамон шудан он қадар дар ин бозиҳо ва ё Бозиҳои улампик ва соири бозиҳо нақши асосиро надорад. Балки дар ин ҷо табодули афкор аст, табодули фарҳанг аст. Шумо амалан мефаҳмед, ки кишвари Чин як кишвари паҳновару бузург аст ва аз лиҳози қадомати таърихӣ бисёр ба давраҳои тӯлоние метавонем, ки рӯи таърих аз ин муҳосиба кунем. Боз ҳам тақрибан ба 42 забон инҳо нашарот дар яке аз родиюҳои бурунмарзии худ доранд. Инҳо чӣ мехоҳанд? Дар ҳоле ки аз ин суди иқтисодӣ бурда наметавонанд, балки инҳо мехоҳанд фарҳанги худро ба намоиш бигзоранд ба дунё. Ҷамъ шудани варзишкорон дар Бозиҳои улампик, дар Бозиҳои Осиё, дар Бозиҳои Ҷануби Осиё, дар Бозиҳои минтақаӣ, ин сабаб мешавад, ки ҷавонони ҳар кишвар бо ҳам ҳузур пайдо кунанд, аз вазъият ва ҳолати ҳамдигар иттилое ҳосил бикунанд. Хушбахтона, ки дар ин сафар мо таҷоруби бисёре пайдо кардем ва ҳамчунин фаҳмидем, ки кишварҳои дигар чӣ тур метавонанд, ки қаҳрамонсоз шаванд, аз чӣ тариқ метавонанд, ки варзиши худро пайгирӣ бикунанд ва сармоягузории хуб сари ҷавонон бикунанд. Хушбахтона, ки ин сафар барои мо бисёр муфид буд."

Озодӣ: Лутфан, бигӯед, ки имрӯз варзиш дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар кадом ҳолат қарор дорад?

Ағбар: "Шумо хуб мефаҳмед, ки ҳар чиз вобастагӣ ба сулҳу субот дорад. Ман ба ин ақида ҳастам, феълан дар ин вазъияте, ки Афғонистон қарор дорад, агар ҳар кишвари дигаре, ки дар ин вазъият бошад, шояд ки дар бозиҳои бисёр кучаке ҳам натавонад, ки ҳузур пайдо кунад. Шумо аз тариқи расонаҳо иттилоъ пайдо мекунед, ки худ рӯзе нест, ки дар Афғонистон як инфиҷор, ду инфиҷор рух надиҳад ва даҳҳо фарзандони ин сарзамин ба шаҳодат нарасанд. Амалан ҳузури толибон ва гурӯҳи “Ал-Қоида” дар Афғонистон машҳуд аст. Ва ҳамчунон шумо ҳузури нерӯҳои байнулмилалиро дар робита ба мубориза дар баробари гурӯҳи “Ал-Қоида” ва толибон шоҳид ҳастед. Се чизи умда ва асосӣ дар як сарзамин ба инсонҳо зарурат аст, ки ин амнияти иқтисодӣ ҳаст, амнияти физикӣ ҳаст ва амнияти равонӣ ҳаст. Бо таассуф, ки аз ин се неъмати худоӣ мардуми Афғонистон маҳрум аст. Вале бо ҳиммати волое, ки мардуми мо дорад ва таваҷҷӯҳи хонаводаҳо, ҳимояти хонаводаҳо , ҳимояти давлати Афғонистон ҳеҷ барномае нест, ки мо ҳузур надошта бошем ва дар аксарияти барномаҳо мо дастовардҳои хубе доштем. Ва ҳатто дар Бозиҳои улампик шумо шоҳид ҳастед, ки мо медоле доштем, ки тақрибан аз яксаду чанд кишвар пешӣ ҷустем ва феълан вазъияти варзиши мо ниҳоят дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст. Орзуманд ҳастам, бо таҷорубе, ки дар ин сафарҳо ҳаррӯз камоӣ мекунем, битавонем сармоягузории хубе болои варзиш бикунем."

Озодӣ: Дар Афғонистон кадом риштаҳои варзиш маъмуланд ва мардум ба кадоме аз онҳо таваҷҷӯҳи бештар доранд?

Ағбар: "Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳанӯз ҳам дар ҷанг дасту панҷа нарм мекунад. Мусаламан, дар кишварҳои ҷаҳони севум масоили варзишҳои размӣ зиёд рушд карда мебошад. Хушбахтона ва ё бадбахтона, ки дар Афғонистон ҳам варзишҳои размӣ зиёд рушд кардааст. Вале теквондо аз як ҷойгоҳи хосе дар сатҳи дунё бархӯрдор аст. Мо талош мекунем, ки соири варзишҳои улампикиро дастгирӣ бикунему дар як сатҳе онҳоро қарор бидиҳем. Дар ин авохир футболи Афғонистон бисёр хуб дурахшид. Хусусан чанд рӯз қабл тими миллии мо мусобиқоте доштанд бо тими миллии Покистон. Ба дарвозаи Покистон се гол ворид карданд, ки ин як дастоварди бисёр хубе ҳаст баъд аз сиву чанд сол. Дар ҳоле ки футболи Афғонистон қабл аз он ки мо ҳузур пайдо бикунем ба улампики Афғонистон, дар раддаи 189-ум ҳузур дошт ва имрӯз дар раддаи 132-юм қарор дорад. Лигаи аввал баргузор шуд. Феълан лигаи дувум баргузор мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои хуб дар варзиши Афғонистон аст. Хушҳол ҳастам, ки варзиш дар Афғонистон танҳо ба унвони медол овардан ё қаҳрамон шудан матраҳ нест, балки феълан ба унвони як фарҳанг матраҳ аст."

Озодӣ: Дар Афғонистон феълан кадом намуди бозиҳои миллӣ боқӣ мондаанд?

Ағбар: Ман фикр мекунам, ки бозиҳои миллии Афғонистон тақрибан мушобеҳ аст бо ҷумҳурии Тоҷикистон,бахусус, бузкашӣ, аспсаворӣ ё пойгаҳи асп ва найзабозӣ. Бо таассуф, ки баъзе чизҳои таърихӣ, ки як пайванди амиқ бо гузаштаи таърихи мардуми мову шумо доранд, дар ин росто таваҷҷӯҳ сурат нагирифта аст. Дунё имрӯз бисёр варзишҳои андак-андакеро роиҷ месозаду сар аз ӯ номҳои бисёр бузург мегузораду сармоягузории баландтареро анҷом медиҳад. Бузкашӣ, ки яке аз бозиҳои диданӣ ва яке аз намуди бозиҳое ҳаст, ки дар ин тарафи дарёи Омӯ ва дар он тарафи дарёи Омӯ 2600 сол қабл мардум аз ин бозӣ истифода мекарданд, ҳам дар ҷангҳо истифода мекарданд ва ҳам дар бозиҳои миллии худ истифода мекарданд. Хушбахтона, ин феълан дар Афғонистон роиҷ аст, бахусус, дар қисмати шимоли Афғонистон. Дар ин авохир мо тавонистем, ки бузкашии Афғонистонро ба қисмати дигари Афғонистон ҳам интиқол бидиҳем. Ва феълан ҳам федератсиони бузкашӣ ва ҳам федератсиони аспсаворӣ ва найзабозӣ дорем."

Озодӣ: Дар бораи вазъи варзиш миёни занони Афғонистон чӣ назар доред?

Ағбар: "Бар хилофи тамоми таблиғоте, ки нисбат ба Афғонистон дар қисмати занҳо ва помол сохтани ҳуқуқи занҳо бурда мешавад, варзиш дар Афғонистон аз як кайфият ва ё сатҳи олие дар байни бонувон имрӯз ба як бузургӣ расида. Мо имрӯз аз намуди варзишҳое, ки ҳатто дар кишварҳои урупоӣ ҳам шояд набошад, дар Афғонистон дорем, аз футбол гирифта, то волейбол, то баскетбол, то варзишҳои размӣ, он чизе, ки дар чорчӯби қавонини исломӣ бар мо иҷоза медиҳад, он намудҳои варзиш дар Афғонистон ҳаст. Мо умедвор ҳастем, ки аз миёни занҳои Афғонистон ҳам дар оянда қаҳрамонҳои хубе дошта бошем."

Озодӣ: Оё аз буҷаи давлат барои соҳаи варзиш маблағ ихтисос дода мешавад ва он басанда аст барои пешбурди кор?

Ағбар: "То ҷое ки ман бо кишварҳои мутафовуте дар иртибот ҳастам, буҷаи варзишашонро мутолиа мекунам, рӯи ҳам рафта иқтисоди варзишии Афғонистон беҳтар аст. Вале бо таассуф, ки як барномагузории дақиқ дар замонҳои мутафовут сурат нагирифта аст. Феълан мо талош дорем, ки чашмаҳои оидотии варзиши Афғонистонро ба шакли дақиқаш монанди соири кишварҳо фаъол бисозем. Шумо мефаҳмед, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар Урупо, дар аксарияти кишварҳо давлатҳо бисёр зиёд имконоти иқтисодиро ба варзиш мусоид намесозанд, балки роҳро барояшон нишон медиҳанд, ҳимоят мекунанд. Ҳимоят ба ин маънӣ, ки баъзе қавонин дар кишварҳо ҳаст, ки аз молиёти гумрукӣ барояшон кӯмак мекунанд, фаразан, улампикҳо компаниҳо доранд. Ин фоидае, ки то ба ҷайби тоҷир бирезад, инро мехоҳанд, ки ба ҷайби улампикҳо бирезад. Хушбахтона, ки сар аз ин барнома феълан дар Афғонистон мо кор дорем, феълан талош дорем, ки федератсионҳои мо худкифо шаванд. Хушбахтона, ки Федератсиони крикети Афғонистон худкифо ҳаст, имконоти иқтисодии хуб дорад. Футбол ҳам ба ҳоли худкифо шудан аст ва дар ин авохир бо ҳимояти давлати Афғонистон ва мардуми Афғонистон мо тавонистем, ки дар даҳ вилояти кишвар варзишгоҳҳои бузург ва гимназияҳои бузургеро бино бикунем. Ва бовар дорам, ки бо такмил шудани ин варзишгоҳҳо ва ин гимназияҳо, бо баргузории мусобиқот худ ба худ имконоти иқтисодии мо бештар мешавад, мо худкифо мешавем."

Озодӣ: Дар мавриди ҳамкориҳои минбаъда миёни варзишкорону мураббиён ва мутахассисону масъулони соҳаи варзиши ҳарду кишвар чӣ нақшаҳо доред?

Ағбар: "Ман ниҳоят хушҳол ҳастам, ки дар раъси улампики кишвари ҳамсояи мо – Тоҷикистон раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мусалламан дастгирӣ аз онҳо сабаб мешавад, ки дар ифтихороти Тоҷикистон афзуда шавад. Ва дар ҳар яке аз мусобиқот, вақте иттилоъ ҳосил мекунем, ки як ҷавони тоҷикистонӣ медолеро ба даст овардааст, мо эҳсос мекунем, ки он медолро фарзанди афғонии мо ба даст овардааст. Мо талош мекунем, ки бисёр равобити ҳасана бо ҳамсояҳои худ дошта бошем, бахусус, бо Тоҷикистон, ки дар айёми муқовимати Афғонистон нақши асосиро раҳбарии давлати Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон дар ҳимоят аз мардуми Афғонистон будан қарор доштанд. Аз лиҳози таърихӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мо наметавонем, ки решаҳои амиқ ва пайвандҳои дури таърихиро нодида бигирем. Вале орзумандии мо зиёд, бештар аст, ки дар таҳкими ин равобит бояд масъулини ҳарду кишвар талош бикунанд. Ман аз раҳбарии варзиши Тоҷикистон тақозо мекунам, ки тимҳои худро ба Афғонистон муаррифӣ бикунанд, биёянд, мусобиқаи дӯстона дошта бошем. Ҳарчанд тасаввур чунин аст, ки давлати Афғонистон ё идораи варзиши Афғонистон аз имконоти иқтисодии хубе бархӯрдор нест. Ман аз тариқи родиюи шумо ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон эълон мекунам, ҳар тимашон, ки мехоҳанд ба Афғонистон ташриф биёранд, улампики Афғонистон онҳоро дастгирӣ мекунад, то ин равобит, ин муносибот сабаб шавад, ки ҷавонони тоҷикистонии мо бифаҳманд, ки мардуми Афғонистон чӣ қисмат мардум ҳастанд, дар ин ҷо кадом фарҳангҳо ҳоким аст, кадом мардум зиндагӣ мекунад. Аз лиҳози амниятӣ он чизе, ки таблиғот нисбат ба амният сурат мегирад, комилан ғалат аст. Шумо шоҳиди омадани футболбозони покистонӣ ба Афғонистон будед. Орзуманд ҳастам, як тавофуқномаеро, ки қаблан ба имзо расонда будем бо ҳамтои худ ҷаноби Маликшоҳ Неъматов, дар татбиқи он тавофуқнома ҳарду тараф гомҳои мусбат бардоранд."

Озодӣ: Ҷаноби Ағбар, ташаккур барои сӯҳбат. Ба Шумо ва кулли варзишкорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиши Афғонистон муваффақият ва барори кор орзумандем.

Ағбар: "Бори дигар аз Шумо ташаккур мекунам ва ба мардуми Тоҷикистон тинҷӣ, саломатӣ ва хурсандӣ аз даргоҳи Худованди муттаол мехоҳам. Муваффақ бошанд, дар амон бошанд."

Озодӣ: Саломат бошед.
XS
SM
MD
LG