Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми мусобиқоти наврасони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ


Варзишгарони тоҷик мусобиқотро дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин ба анҷом расонданд.

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Карина Климук рӯзи 22-юми август дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо тарзи озод миёни духтарон рақобат кард. Вале ӯ дар даври интихобӣ бо натиҷаи 1 дақиқаву 12,89 сония дар байни 29 нафар мақоми 26-умро касб намуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.

Натиҷаи нишондодаи Карина нисбат ба ғолиби сабқати интихобӣ Мисо КО аз Кореяи Ҷанубӣ 13.79 сония пасттар ва аз ду шиновари Покистону як варзишгари Молдив беҳтар аст.

Шоми панҷшанбе, инчунин, варзишгари дигари тоҷик Меҳрангез Назарова, ки дар давидан ба масофаи 800 метр ба финал баромада буд, бо беҳтаринҳо вориди рақобат шуд. Вале, мутаассифона, замоне ки ӯ дар ҷараёни пойга дувум буд, ба яке аз рақибонаш пешпо хӯрда, афтид ва зуд бархеста, давро то охир идома дод. Меҳрангез бо натиҷаи 2 дақиқаву 20, 25 сония мақоми 8-умро касб кард. Анҷана Тамаке аз Ҳиндустон бо натиҷаи 2 дақиқаву 11,47 сония қаҳрамони Бозиҳо гардид. Бояд гуфт, ки ин охирин мусобиқаи варзишгарони тоҷик дар ин Бозиҳо маҳсуб мешуд.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карданд. Аз байни 9 нафар ду кас медал ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.

Вале чаҳор нафар дар риштаи дзюдо - Раҳматуллобек Фарҳодов (то 55 кг), Шукрона Қарчиева (то 44 кг), Расул Саидов (то 66 кг) ва Баҳригул Бобиева (то 52 кг), як нафар дар мусобиқаи вазнабардорӣ - Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг, як нафар дар варзиши сабук - Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаҳои 800 ва 1500 метр миёни духтарон ва як нафар дар мусобиқаи шиноварӣ миёни духтарон - Карина Климук дар се навъи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули Breaststroke ва тарзи озод, инчунин, ба масофаи 100 метр бо тарзи озод аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монданд.

Дар ин Бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари навраси синнашон аз 14 то 18-сола аз 45 кишвари қораи Осиё дар 17 риштаи варзиш ширкат карданд. Баъди ҷамъбасти 7 рӯзи Бозиҳо намояндагони 28 кишвар соҳибони медалҳо гардидаанд. Варзишгарони 18 кишвар медалҳои тиллои Бозиҳоро ба даст овардаанд: Чин (44 тилло), Кореяи Ҷанубӣ (19), Ҷопон (7), Тайланд (6), Тайван ва Сингапур - ҳар кадом 5-тоӣ, Кореяи Шимолӣ (4), Вйетнам ва AOI (Independent Olimpic Athletes ё варзишгарони мустақили олимпӣ) – ҳар кадом 3-тоӣ, Малайзия, Ҳонконг, Филиппин - ҳар кадом 2-тоӣ, Қазоқистон, Узбакистон, Индонезия, Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Сурия - ҳар кадом 1-тоӣ.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо (аввалан тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин бо касби 88 медал (44 тилло, 22 нуқра ва 22 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кореяи Ҷанубӣ бо касби 43 медал (19+10+14) дар ҷойи дувум қарор дорад. Ҷопон бо касби 17 медал (7+5+5) дар ҷойи севум мебошад.

Миёни 10 кишвари пешсаф, ки бо медалҳо мукофотонида шудаанд, ҳамчунин, Тайланд (6+15+13), Тайван (5+10+11), Сингапур (5+10+6), Кореяи Шимолӣ (4+2+4), Вйетнам (3+4+2), AOI (Independent Olympic Athletes, 3+3+5) ва Малайзия (2+5+6) ҷой гирифтаанд.

Тоҷикистон ба мисли Ироқ бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ дар зинаи 22-юм қарор дорад. Дарвоқеъ, варзишгарони бузургсоли тоҷик 5 сол муқаддам дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекини Чин низ ду медал – як нуқра (Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод) ва як биринҷӣ (Расул Боқиев оид ба дзюдо) ба даст оварда буданд.

Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон аз рӯи шумораи умумии медалҳо 19-ум аст. Чин бо 88 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 43 медал дар ҷойи дувум ва Тайланд бо 34 медал дар ҷойи севуманд.
Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон мунтахаби Чин бо теъдоди аз ҳама бештари варзишгарон – 252 нафар дар ҳамаи 17 намуд ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Қазоқистон 130 варзишгар, Эрон 79, Узбакистон 61, Туркманистон 17 , Қирғизистон 14, Тоҷикистон 9 ва Афғонистон 8 варзишгар шомиланд.

Қазоқистон бо 10 медал (1+3+6) дар ҷойи 13-ум, Узбакистон бо 8 медал (1+2+5) дар ҷойи 14-ум, Эрон бо 7 медал (0+5+2) дар ҷойи 19-ум, Қирғизистон бо 1 медали биринҷӣ дар ҷойи 26-ум мебошанд. Вале варзишгарони Афғонистону Туркманистон медал ба даст наовардаанд.

Имрӯз, 23-юми август, рӯзи охирини мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳост. Варзишгарони наврас дар мусобиқоти ниҳоӣ дар 5 ришта – шиноварӣ, футбол, ҳандбол, сквош ва теннис бидуни варзишгарони тоҷик рақобат мекунанд.


Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гурӯҳи аввали варзишгарону мураббиёни тоҷик, ки ба ҳайати он, минҷумла, барандагони медалҳои Бозиҳо Зоир Шералиев ва Фаррухи Салим шомиланд, рӯзи 23-юми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Нанҷинг – Урумчӣ – Душанбе озими Тоҷикистон мешаванд. Баъди таваққуфи якрӯза дар шаҳри Урумчии Чин онҳо шаби 24-ум ба 25-уми август ба Душанбе мерасанд.

Гурӯҳи дувум бошад, пас аз ширкат дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои дувуми осиёии наврасон, ки шоми шанбеи 24-уми август баргузор мешавад, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Нанҷинг – Урумчӣ – Душанбе ба Ватан бармегардад. Баъди таваққуф дар шаҳри Урумчӣ намояндагони Тоҷикистон шаби 28-ум ба 29-уми август ба Душанбе меоянд.

Нарзуллоҳи Латиф,
Радиои Озодӣ, Нанҷинги Чин.
XS
SM
MD
LG