Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин парчами Шӯрои олимпии Осиёро ба Шри-Ланка супурд


Шаби шанбеи 24-уми август маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Чин баргузор шуд.

Ин маросим, ки дар толори сарпӯшидаи Маркази варзишии олимпии шаҳри Нанҷинг барпо гардид, бо барафрохтани парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз ёфт. Баъдан намояндагони ҳайатҳои варзишии 45 кишвари Осиё бо парчамҳои миллӣ вориди толор шуданд. Сипас барномаи ҷолиби консертиву варзишӣ ба тамошогарон пешкаш гардид.

Ксюонг Ли, раиси кумитаи тадорукоти Бозиҳои дувуми осиёии наврасон ва Тимоти Фок, муовини раиси Шӯрои олимпии Осиё (OCA), ҳозиринро бо анҷоми Бозиҳо табрик гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин чорабинии бузурги варзишӣ саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори сипос намуданд. Сипас парчами давлатии Шри-Ланка, макони баргузории Бозиҳои севуми осиёии наврасон, барафрохта шуд.

Тимоти Фок парчами Шӯрои олимпии Осиёро ба мири шаҳри Ҳамбантотаи Шри-Ланка Эраҷ Равиндра Фемандо, ки Бозиҳои севуми осиёии наврасон баъди чаҳор сол дар он ҷо доир хоҳанд шуд, супурд.

Ҳунарпешагони Шри-Ланка бо рақсу тарона хотири тамошогаронро шод карданд. Дар охир ҳамаи ширкаткунандагони маросим рӯи саҳна омаданд ва оташи гулхани Бозиҳои дувуми осиёии наврасон хомӯш гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ин Бозиҳо беш аз дуним ҳазор варзишгари навраси синнашон аз 14 то 18-сола аз 45 кишвари қораи Осиё дар 17 риштаи варзиш рақобат карданд ва намояндагони 29 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо (аввалан тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин бо 93 медал (46 тилло, 23 нуқра ва 24 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал (25+13+14) дар ҷойи дувум ва Ҷопон бо 18 медал (7+5+6) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Тоҷикистон ва Ироқ ҳар кадом бо як нишони нуқра ва як биринҷӣ ҷойи 22-юмро соҳиб гаштанд. Баъди Тоҷикистон Урдун ва Муғулистон - ҳар кадом бо 3 медали биринҷӣ, Баҳрайн, Қирғизистон, Макао ва Яман - ҳар кадом бо 1 медали биринҷӣ ҷойгир шуданд. Вале варзишгарони 16 кишвар, аз он ҷумла Афғонистону Туркманистон медал ба даст наоварданд.

Қазоқистон бо 13 медал (1+4+8) ҷойи 13-ум, Узбакистон бо 8 медал (1+2+5) ҷойи 14-ум, Эрон бо 8 медал (0+6+2) ҷойи 20-умро касб карданд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, Чин бо 93 медал дар ҷойи аввал, Кореяи Ҷанубӣ бо 52 медал дар ҷойи дувум ва Тайланд бо 37 медал дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон ва Ироқ бо 2-медалӣ 21-ум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин Бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду кас - Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мо аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони худ дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон қаноатмандем. Бояд гуфт, ки дар аввалин Бозиҳои осиёии наврасон дар Сингапур аз Тоҷикистон ҳамагӣ ду варзишгар ширкат доштанд ва ҳарду аз медалҳои Бозиҳо бенасиб монда буданд. Мо умедворем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя хоҳанд кард.”

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст оварда буданд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг барандаи медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до WTF дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буданд.


Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гурӯҳи аввали варзишгарону мураббиёни тоҷик, ки ба ҳайати он, минҷумла, барандагони медалҳои Бозиҳои дувуми осиёии наврасон Зоир Шералиев ва Фаррухи Салим шомил буданд, тавассути ҳавопаймо шаби 24-ум ба 25-уми август ба Душанбе расиданд. Онҳоро дар фурудгоҳ масъулини соҳа, хешовандону дӯстонашон ва ҳаводорони варзиш самимона истиқбол карданд.
Гурӯҳи дувум бошад, шоми якшанбеи 25-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Нанҷинг – Урумчӣ – Душанбе озими Тоҷикистон мешавад ва баъди таваққуфи дурӯза дар шаҳри Урумчӣ шаби 28-ум ба 29-уми август ба Душанбе меояд.

Нарзуллоҳи Латиф,
Радиои Озодӣ, Нанҷинги Чин.
XS
SM
MD
LG