Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ҳамла ба "Крокус"-ро "зарбаи ҷиддӣ" ба обрӯи тоҷикон хонд


Дар пайи боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия, раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, ки намояндагони ду тараф якҷо нишаста, ин масъаларо баррасӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ин бора дирӯз бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Маскав суҳбат кардааст.

Муносибат бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди ҳамлаи маргбор дар толори консертии "Крокус" дар канори Маскав бад шуд, ки ба анҷоми он аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин дидори худ бо Путин баъди ҳамлаи Маскав гуфт: "Ончӣ ки рух дод, барои мо комилан ғайриқобили қабул аст. Ин зарбаи ҷиддӣ ба обрӯ, таърих, фарҳанг ва суннатҳои миллати мо зад. Мо дар оянда дар ин самт бо шумо аз наздик ҳамкорӣ мекунем."

Раҳмон ва Путин аз Крокус ва муҳоҷирон гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки хадамоти махсуси ду тараф барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳо ҳамкориҳои наздикро ба роҳ мондаанд. “Хадамоти махсуси мо барои монеъ шудан ба терроризм фаъолона кор мекунанд. Терроризм ба ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла ҳам ба Русия ва ҳам ба Тоҷикистон таҳдид мекунад. Ҳамкориҳояшон муназзам аст.”- гуфт, Владимир Путин.

Мулоқот ду раҳбар дар ҳошияи таҷлили рӯзи 9-уми май, ҷашни пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Маскав сурат гирифт.

Хабаргузории “Ховар” гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Путин гуфтааст, ки зарур аст, идораҳои ду тараф барои рафъи мушкилот дар арсаи муҳоҷирати корӣ чораҳои босамар биандешанд.

Боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик бо ҳар баҳонае аз Русия баъди ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар Маскав зиёд шуд ва эътирози ҳукумати Тоҷикистонро ба бор овард.

Дар он ҳамла, ки мақомоти интизомии Русия кори дасти шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд, бештар аз 140 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG