Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Латукӯб, гузоштан ба барқ, таҳдид ба таҷовуз". 16 шикоят аз шиканҷа дар як сол


Акс аз намоиши қурбониёни зидди шиканҷа
Акс аз намоиши қурбониёни зидди шиканҷа

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа соли 2023 аз бадрафторӣ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон 16 шикоят дарёфт кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, боздоштшудаҳо аз латукӯб, таҳдиди таҷовуз ва дигар намудҳои шиканҷа дар ниҳодҳои қудратӣ ба онҳо шикоят кардаанд.

Мақомот ба ин гузориш ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта борҳо гуфтаанд, на ҳама шикоятҳо аз шиканҷа тасдиқ мешаванд.

Гузориши солонаи Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа, ки чанд созмони ҳомии ҳуқуқро дарбар мегирад, рӯзи 10-уми май пахш шуд.

Дар гузориш омадааст, аз 16 муроҷиат дар бораи шиканҷа, 5 нафараш зан ва ду тани дигар ноболиғ будаанд.

15 кас аз шиканҷа дар сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ ва як кас аз бадрафторӣ дар мақомоти амният ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат кардаанд.

Дар гузориши Эътилоф омадааст, сокинон асосан аз чунин навъҳои қонуншиканӣ дар вақти боздошт ва тафтишот норозигӣ карданд:

  • ҳабсҳои ғайриқонунӣ ва худсарона
  • зӯроварии ҷисмонӣ ё латукӯб
  • гузоштан ба барқ
  • таҳдиди таҷовуз ба ҷабрдида ё аъзои оилаи ӯ
  • таҳқиру пастзанӣ

Мақомот дар Тоҷикистон аксар вақт вуҷуди шиканҷаву бадрафториро нисбати боздоштшудаҳо ва гумонбарон рад мекунанд. Ҳарчанд дар баъзе ҳолат сокинон баъди чанд соати боздошт дар шароити мармуз фавтиданд. Аз ҷумла, Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлоб аввали моҳи январи соли 2023 баъди чанд соати дастгир шудан аз сӯи кормандони милиса, даргузашт.

Вазорати корҳои дохилӣ сабаби марги Розиқовро "истифодаи зиёди амфетамин" гуфт, аммо наздиконаш ба ин бовар накарда, эътироз намуданд. Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи июли соли 2023 се милисаи муттаҳам ба марги Абдуқаҳҳор Розиқовро ба 14-солии зиндон маҳкум карда буд.

Намунаи дигар марги Меҳроҷиддин дар бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат аст. Ин ҷавони 33-сола рӯзи 10-уми апрели соли 2021, баъд аз чанд соати боздошт аз сӯи маъмурони милиса, дар шароити мармуз ҷон бохт. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯ бо ҳадафи фирор худро аз ошёнаи сеюми бинои Шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ба замин партофтааст. Пайвандонаш инро қабул накарданд.

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар изҳороташ, ки 10-уми май пахш шуд, мегӯяд, мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон чанд монеагӣ дорад. Аз ҷумла, баъзе қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо аз идомаи муроҷиат даст мекашанд ё вакилони дифоъ ба зерҳимояи худ дастрасии фаврӣ надоранд, зеро иҷозаи муфаттиш талаб карда мешавад.

Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ҳамеша танқид мешавад. Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои гирифтани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист. Мақомоти Тоҷикистон онро “худиқрорӣ” меноманд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG