Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нанҷинг – шаҳри бостонии Чин


Нанҷинг пойтахти устони Чёнгсу ва шаҳри бисёр боаҳамият дар таърих ва фарҳанги Чин аст. Нанҷинг дар давраҳои мухталифи таърихӣ пойтахти Чин будааст ва ба унвони яке аз чаҳор пойтахти бостонии бузурги Чин шумурда мешавад.

Ин шаҳр дар минтақаи иқтисодии соҳили рӯди Янгтиса бунёд ёфтааст ва ҳамеша яке аз муҳимтарин шаҳрҳои Чин будааст. Дар тӯли таърих ба унвони яке аз марокизи миллии таҳсилот, таҳқиқ ва нақлиёт эътироф шудааст.

Дар минтақаи Чини Шарқӣ ин шаҳр аз лиҳози марказияти тиҷорӣ дувум аст ва танҳо Шанхай аз он болотар аст. Маҷмуан беш аз 8 миллион нафар дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд ва 4598 километри мураббаъ масоҳат дорад.

Ин шаҳри бостонии Чин аз 16-ум то 24-уми август макони бузургтарин мусобиқоти қораи Осиё миёни наврасон гардида буд. Мардуми меҳмоннавози Чин ҳайатҳои варзишии 45 кишварро гарму ҷӯшон истиқбол карданд. Мизбонон барои меҳмонон тамоми шароити заруриро фароҳам сохтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин Бозиҳо 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карда, ду медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии дзюдо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.

Шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф, ки аз ҷараёни Бозиҳои дувуми осиёии наврасон пайваста гузориш медод, инчунин, манзараҳои зиёдеро аз шаҳри Нанҷинги Чин аксбардорӣ кардааст, ки манзури шумо мешаванд.

XS
SM
MD
LG