Пайвандҳои дастрасӣ

Б. Раҷабалиев: Аз натоиҷи наврасони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ қаноатмандем


Дар Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар шаҳри Нанҷинги Чин беш аз дуним ҳазор варзишгари навраси 45 кишвари қора дар 17 ришта ширкат карданд ва намояндагони 29 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин Бозиҳо 9 варзишгари тоҷик дар чор намуд – дзюдо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук рақобат карда, ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин гуфт: “Бозиҳои дувуми осиёии наврасон барои варзишгарони ҷавони тоҷик санҷише буд пеш аз Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд. Мо аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони худ дар ин Бозиҳо қаноатмандем. Бахусус аз дастовардҳои гурзандоз Зоир Шералиев ва гуштигир Фаррухи Салим хеле хушҳол шудем.


Инчунин даванда Меҳрангез Назарова, ки дар давидан ба масофаи 800 метр ба финал баромад ва дар байни 8 нафар беҳтаринҳо ҷой гирифт, моро хурсанд кард. Дзюдочӣ Шукрона Қарчиева (ҷойи 7-ум дар вазни то 44 кг) ва вазнабардор Суннатулло Оев (ҷойи 9-ум дар байни 18 нафар дар вазни то 56 кг) низ натиҷаҳои қаноатбахш нишон доданд. Умуман, варзишгарони навраси мо дар ин Бозиҳо таҷоруби хуби мусобиқоти байналмилалӣ касб карданд. Инчунин гуфтаниям, ки Бозиҳои дувуми осиёии наврасон дар Нанҷинги Чин дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Барои ширкаткунандагону меҳмонони Бозиҳо мизбонон тамоми шароити заруриро фароҳам сохтанд, ки аз эшон сипосгузорем. Ва умедворем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014-ум дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, шарафи варзиши Тоҷикистонро бомуваффақият ҳимоя хоҳанд кард. ”

Аввалин медалро ба Тоҷикистон Фаррухи Салим, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар риштаи дзюдо овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 81 килограмм аз 5 қувваозмоӣ дар чаҳортоаш пирӯз шуд ва барои ҷои севум бар паҳлавони Қазоқистон Ерасул Болат ғалабаи соф («иппон») ба даст овард. Инчунин барои медали дигари биринҷӣ гуштигири Эрон Имон Некиқбол бар Ҳтоне Лаин аз Мянмар ғолиб омад. Барои унвони қаҳрамонӣ паҳлавони куриёӣ Ҷесанг Ан бар гуштигири Узбакистон Мӯҳриддин Мирзоёров ғалаба кард.

Фаррухи Салим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Ман 6-уми июли соли 1996 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудаам. Феълан дар синфи 11-уми мактаб-гимназияи рақами 1-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунам. Ман шогирди мураббии варзида Носир Бозоров мебошам. Мо ба ин мусобиқа 6 моҳ омодагии хуб дидем. Хеле хушҳолам, ки муваффақ шудам ва бо медал сарфароз шудам. Аз дастгирии мухлисони худ, ки дар байнашон падарам ҳам буданд, сипосгузорам. Минбаъд кӯшиш мекунам, ки дар арсаи ҷаҳон парчами Тоҷикистонро баланд бардорам ва ба мисли паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби медал шавам. Умуман, орзӯи ман қаҳрамони ҷаҳону Бозиҳои олимпӣ шудан аст."

Фаррухи Салим, ки қаҳрамони Бозиҳои осиёии наврасони «Бачаҳои Осиё-2012» дар Ёқутистони Русия мебошад, дар Нанҷинги Чин дар маросими кушоиши Бозиҳои дувуми осиёии наврасон парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Носир Бозоров.

Носир Бозоров.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, устоди Фаррухи Салим, мураббии маъруфи гуштӣ Носир Бозоров, ки дар ин Бозиҳо ба хайси раҳбари мунтахаби Тоҷикистон ва мураббии дзюдочиён ширкат дошт, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ин медал натиҷаи меҳнати пурмаҳсули мост ва ман аз ин муваффақияти шогирдам хеле рӯҳбаланд шудам. Бовар дорам, ки Фаррух дар оянда ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил мешавад. Фаррух дар ин Бозиҳо хеле хуб ҳунарнамоӣ кард. Афсӯс, ки вай барои ба финал баромадан қувваозмоиро ба паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ Ҷесанг Ан, ки қаҳрамони ин Бозиҳо шуд, бо як огоҳии «шидо» бохт. Барои ҷойи севум бар паҳлавони Қазоқистон Ерасул Болат дар зарфи 38 сония ғалабаи соф («иппон») ба даст овард. Агар Фаррухи Салим минбаъд ҳам аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи дзюдои кишвар дастгирӣ ёбад, боварии комил дорам, ки ӯ дар оянда парчами Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ баланд хоҳад бардошт.»

Медали дувуми Тоҷикистон ба Зоир Шералиев мутааллиқ аст. Вай дар сабқати гурзандозӣ дар бузургтарин варзишгоҳи Маркази олимпии варзишии Нанҷинг медали нуқра ба даст овард. Сабқати гурзандозӣ бидуни даври интихобӣ сурат гирифт. Зеро теъдоди ширкаткунандагони рақобатҳо ҳамагӣ 7 нафар буд: дунафарӣ аз Чин, Кувайт ва Ироқ ва як нафар аз Тоҷикистон. Ҳар як варзишгар гурзро 6 маротиба ҳаво дод ва натиҷаи беҳтаринаш ба ҳисоб гирифта шуд.

Варзишгари Чин Юанбо Динг дар партофти 6-ум бо натиҷаи 73 метру 73 сантиметр ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфта, соҳиби медали тилло гардид. Зоир Шералиев бошад, дар навбати 5-ум натиҷаи беҳтаринашро нишон дод. Вай гурзро ба масофаи 62 метру 44 сантиметр партофта, мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Зоир Шералиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин иброз дошт: «Ман 20-уми апрели соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам. Имсол мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоили варзиширо хатм кардам ва ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шудам. Устоди ман дар гурзандозӣ варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров мебошад. Ман 3-4 сол аст, ки бо ин навъи варзиш машғгулам. Ман ба ин мусобиқа омодагии хуб дидам ва мақсад доштам, ки ба унвони қаҳрамони Бозиҳо мушарраф шавам. Вале рақиби асосии ман аз Чин Юанбо Динг гурзро ба дурии беш аз 73 метр партофт. Яъне ин натиҷаи ӯ нисбат ба натиҷаи ман беш аз 10 метр дуртар аст. Вале ман хурсандам, ки соҳиби медали нуқра шудам. Ин дастоварди беҳтарини ман аст. Соли оянда дар Олимпиадаи дувуми тобистонаи наврасон дар Нанҷинги Чин мекӯшам, ки ғолиб шуда, парчами Тоҷикистонро баланд бардорам.»

Шукрона Қарчиева.

Шукрона Қарчиева.

Намояндаи дигари Точикистон Шукрона Қарчиева дар мусобиқаи дзюдо миёни духтарон дар вазни то 44 кг дар даври аввал бар варзишгари Индонезия Анггун Нураҷиҷаҳ пирӯз шуд. Вале баъдан аз Уляна Назарова аз Туркманистон ва Аида Карчаева аз Қазоқистон мағлуб гашт ва дар ҷамъбаст мақоми 7-умро касб намуд.

Шукрона Қарчиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ин дувумин мусобиқаи байналмилалист, ки ман ширкат меварзам. Аз ин пеш дар вилояти Твери Русия дар Ҷоми кушодаи Аврупо иштирок карда будам. Мо ду нафар духтарон – ман ва дугонаам Баҳринисо Бобиева аз ноҳияи Дарвоз мебошем, ки дар ин Бозиҳо ширкат дорем. Ман дар клуби варзишии «Вастан» чаҳор сол аст, ки ба дзюдо машғулам. Устодони ман мураббии варзида Аҳтам Раҷабов ва Ёдгоршоҳ Яқинов мебошанд. Ман аз ин мусобиқаи бузург бисёр чиз омӯхтам ва кӯшиш мекунам, ки дар оянда парчами Тоҷикистонро баланд бардорам. Боз ҳаминро гуфтаниам, ки мо дар Деҳаи бозиҳо барои варзишгарону мураббиён зиндагӣ мекардем, ки тамоми шароитҳо фароҳам буд. Аз мизбонон барои меҳмоннавозиашон миннатдорем.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG