Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон аз 13-ум то 22-юми январ дар шаҳри Инсбруки Австрия баргузор мешаванд.

Дар ин бозиҳо беш аз 1000 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола ширкат хоҳанд кард. Варзишгарони навраси 65 кишвари ҷаҳон барои 63 маҷмӯи ҷоизаҳо дар риштаҳои биатлон, бобслей, лижаронӣ, конкитозӣ, рақси рӯи ях, сноуборд хоккей, чанасаворӣ ва фристайл тӯли нӯҳ рӯз рақобат хоҳанд кард.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар нахустин Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон варзишгарони тоҷик иштирок намекунанд. Чаро?

Ҷаноби Абдуллоев афзуд, “барои он ки варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо ширкат варзанд, онҳо бояд соҳиби роҳхат мешуданд ва дар мусобиқоти интихобӣ меъёрҳои муқарраршударо бо ҷо меоварданд. Дар Тоҷикистон танҳо як навъи варзиши зимистона - лижаронии кӯҳӣ ба роҳ монда шудааст. Кумитаи миллии олимпӣ барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобии осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 12 ҳазор доллар ихтисос дод. Вале, мутаассифона, варзишгарони ҷавони мо ба иллати набуди шароити хуб барои машқу омодагии лижаронҳои тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ аз роҳхатҳо ба нахустин Олимпиадаи зимистонаи наврасон бенасиб монданд.”



Маросими кушоиши ботантанаи нахустин Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон 13-уми январ дар варзишгоҳи “Бергизел”-и Инсбрук баргузор мешавад.

Ин бозиҳо бо ибтикори Жак Рогге, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, доир хоҳанд шуд. Аҳдофи асосии нахустин Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон ошно сохтани варзишгарони ҷавон бо ғояҳои олимпӣ ва, қабл аз ҳама, ба онҳо барои муносибати судманд ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат кардан аст.

Шаҳри Инсбрук, ки барои мизбонии бозиҳо бар шаҳрҳои Куопиои Финляндия, Харбини Чин ва Лиллехамери Норвегия пирӯз шуда буд, дар баргузории бузургтарин мусобиқоти варзишӣ таҷоруби хуб касб кардааст.

Инсбрук ду бор – солҳои 1964-ум ва 1976-ум мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпӣ гардида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG